Ҳурмат Бобоҷонов, бахши узбекии Радиои Озодӣ
“Вақте Бухоро бомбаборон шуд”. Асари наққоши маъруф Вячеслав Охуновро, ки соли 1987 эҷод шудааст, ба сабабҳои номаълум дар Осорхонаи давлатии ҳунарии Узбекистон нишон надоданд.
Ба гуфтаи Охунов, асари ӯ бо амри мудири осорхона, Васила Файзиева, аз намоиш гирифта шуд. Тасвири мазкур 7 метр паҳнӣ ва 2 метр дарозӣ дошта, бо рангҳои равғанӣ таҳия шудааст. Онро рӯзи 25-уми марти имсол аз як коллексионер дар Амрико ба Тошканд бурданд.
Охунов дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, вақте вориди осорхона шуд, асарашро баста ва дар долони осорхона дид. “Сабабашро нагуфтанд. Раиси осорхона Васила Файзиева гуфт, “мо онро ба осорхона бурда наметавонем”, вале наққошии “Чулпан” дар намоишгоҳ нишон дода шуд.”
Чӣ гуна як асар мудири осорхонаро тарсонд?
Охунов ҳодисаро ба ҷанги Русия алайҳи Украина пайванд дод. Ӯ мегӯяд: “Ба фикрам, намехостанд, русҳоро нороҳат кунанд. Русҳо Бухороро бомбаборон кардаанд, Бухорои шарифу муқаддасро. Шаҳреро, ки яке аз сутунҳои ҷаҳони Ислом ба ҳисоб меравад. Ин мавзуъ дар авҷи ҷанги Украина бархост ва маълум шуд, ки русҳо дар гузашта ҳам корҳои нохубе карда буданд.”
Як далели дигар, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки як шаҳрванди Русия ба тозагӣ ба вазифаи муовини раиси осорхонаи миллӣ таъин шуд: “Шахсе, ки солҳои дароз дар мақоми муовини раиси осорхонаи хусусии Векселберг кор кардааст. Мо медонем, ки Векселберг як ҷайби Путин аст. Ӯ тамоми коллексияи тухмҳои Фебержеро ҷамъ карда, дар шаҳри Санкт-Петербург осорхонае таъсис дод. Шахсе, ки яке аз раҳбарони ин осорхона буд, ҳоло муовини раиси Осорхонаи давлатии ҳунарии Узбекистон мебошад, яъне одами Путин аст, ки тавассути Векселберг дар Тошканд дар мақоми муовини раиси осорхона кор мекунад."
“Сафири ҳусни нияти Русия?”
Ин шаҳрванди Русия Михаил Овчинников мебошад, ки як моҳ пеш аз намоишгоҳ ба мансаби муовини раиси Осорхонаи давлатии ҳунарии Узбекистон таъин шуд.
То ин дам ӯ муовини раиси осорхонаи Феберже дар Санкт-Петербург буд ва ин осорхона ба миллиардери рус ва шахси мавриди таҳрими ғарб Виктор Векселберг тааллуқ дорад.
Вазорати молияи Амрико маълум кардааст, ки Векселберги наздик ба Путин дар сиёсати хориҷии Русия манфиатҳои Кремлинро аз роҳи “нерӯи нарм” ба кор мебарад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Михаил Овчинниковро намояндаи “Россотрудничество” дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меноманд.
Нашрияи Elnuz менависад: “Ин шахс кист – як фирории ҷанг ва ё сафири ҳусни нияти Узбекистон, ки барои назорат аз амалҳои “мардуми бумӣ” дар осорхона фиристода шудааст? Шояд маҳз ҳамин одам – Михаил Владимирович дар манъи намоиши “Бомбаборони Бухоро” даст дорад? Ҳар андозсупоранда ҳақ дорад, ки ин пурсишҳоро дар миён гузорад. Зимнан, дар аҳди Ислом Каримов хазинадори ин осорхона барои дуздиву ҷойивазкунии 300 наққошии асил бо асарҳои сохтакоришуда ҳабс шуда буд”.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо худи Овчинников натиҷа надод. Васила Файзиева дар суҳбат гуфт, сабаби дар намоишгоҳ муаррифӣ нашудани асар ин аст, ки сари вақт аз марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ нагузашт.
Мудири осорхона гуфт: “Наққоширо дер оварданд, ба ҳамин сабаб дар муҳлати муайяншуда сабт нашуд.” Вале чӣ гуна наққошии дигари Охунов – “Чулпан” дар намоишгоҳ гузошта шуд ва то куҷо қарори аз намоиш бардоштани асари “Вақте Бухоро бомбаборон шуд” ба ҷанги Русия зидди Украина рабт дорад? Васила Файзиева нахост, ба ин саволҳо посух диҳад.
Ӯ гуфт, дар сурати муроҷиати хаттӣ метавонад ба пурсишҳо ҷавоб диҳад, вале то замони нашри гузориш саволҳо беҷавоб монд.
Вячеслав Охунов асари “Вақте Бухоро бомбаборон шуд”-ро дар авҷи бозсозӣ (Перестройка) эҷод кардааст. Ӯ мегӯяд, соли 1987, замоне, ки донишҷӯ буд, зери таъсири китобе ба номи “Ҷанг дар регзор. Мавод дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ” эҷод кард. Соли баъдӣ ҳам ин асар бори аввал дар галереяи Zamon-и Бунёди Оқохон дар Лондон намоиш дода шуд.
Раиси созмони иҷтимоии Yuzuk Дилбар Ғаффорова, ки дар интиқоли ин асари наққошӣ аз Иёлоти Муттаҳида ба Узбекистон мадад кардааст, гуфт, онҳо ният доштанд, наққоширо дар баробари “Чулпан” (соли 1984 кашида шудааст) ба намоиш гузоранд.
Ғаффорова гуфт: “Акнун нуқтаи охирини намоиши ин асар “Осорхонаи ҷадидҳо” мешавад, ки қарор аст дар Бухоро таъсис дода шавад. Мо дигар ин асарро ба Осорхонаи давлатии ҳунарии Узбекистон доданӣ нестем”.
Бомбаборони Бухоро
Ҳавопаймоҳои Артиши Сурх соли 1920 ба раҳбарии Михаил Фрунзе шаҳри Бухороро бомбаборон карданд. Ҳар як бомба 64 кило вазн дошт. Дар давоми се рӯз ҳамлаи беамон ба пойтахти аморати Бухоро деворҳои баланду қадимаи ин шаҳрро, ки аз 30 қалъа иборат буданд, ба хок яксон кард.
Хайралӣ Норов, таърихшинос аз Узбекистон, мегӯяд, “Артиши Сурх дар оғози қарни пеш Бухороро бомбаборон кард ва дар натиҷа шаҳрро ба худ таслим кард. Ҳоло таърих такрор мешавад. Русия беист Киевро бомбаборон мекунад, то тамоми Украинаро ба худ мутеъ кунад.”
Вячеслав Охунов хатмкардаи Донишкадаи ҳунарии давлатии академии Маскав ба номи Суриков мебошад ва солҳои 1980-ум ҷараёни нави эҷодиро дар Узбекистон оғоз бахшид. Имрӯз исми ӯ дар ҷаҳон ба ҳайси як рассом, ҳунарманд, коргардон, шоир ва нависанда маъруф аст.
Ба ин рассом давоми солҳо берун рафтан аз Узбекистон ва ширкат дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ манъ буд. Худи ӯ мегӯяд, дидгоҳҳои сиёсиву интиқодиаш дар ҳаққи президенти собиқ ва аҳли хонаводаи ӯ сабаб шуд, ки солҳои дароз намоиши кору ҳунараш манъ карда шуд.