Заминларзаи шаби 21-уми март боис ба ҳалокати камаш 13 нафар дар Афғонистону Покистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд. Дар Тоҷикистон одамон хонаҳоро тарк карда, чанд соат дар берун монданд. Вокуниши мардум баҳсро дар атрофи заминларза доғ кард. Гуруҳе онро “ғазаби Худо” ва гуруҳи дигар танҳо як ҳодисаи табиӣ номиданд.
“Тарсидем, ки девор чаппа мешавад”
Хонаи Муҳаммад Муҳсинов дар деҳаи Чавалайи ноҳияи Рӯдакӣ дар зилзилаи охир осеб дид. Ҳодиса замоне оғоз шуд, ки аҳли оила мехостанд, хоб бираванд.
Шарифмо Муҳсинова, фарзанди Муҳаммад Муҳсинов, мегӯяд, хоки девор ба рӯи онҳо мерехт. “Падарам гуфт, зуд ба берун бароед. Тарсидем, ки девор ба рӯямон чаппа мешавад. Шаб хоб нарафтем, тарсидем,” – нақл кард ӯ рӯзи 22-юми март.
Манзили ин оила чиҳил сол пеш бунёд шудааст ва ҳоло хонавода аз нодорӣ наметавонанд, онро таъмир ё бозсозӣ кунад. Девори хонаҳо кафида, манзил садамавӣ шудааст.
Зиёни расида аз заминҷунбии шаби 21-уми март дар Тоҷикистон маълум нест. Мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода танҳо аз мардум хост, ба овозаҳо дар бораи заминларзаи пайиҳам бовар накунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳама чиро ба дин рабт медиҳанд". Чаро?
Баъзеҳо ин заминларзаро “нишонаи поёни дунё”, бархе дигар “ғазаби Худо” номидаанд. Корбаре дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Ютуб нигоштааст, “мардум ба таҳлука афтоданд, тарсиданд. Ман ҳайрон шудам, ҳатто шахсоне, ки ба мусалмонон санг мезаданд ва ба либоспӯшии исломӣ эрод мегирифтанд, дар ин лаҳзаҳо нидои “Аллоҳ, Аллоҳ” мебароварданд. Зорию тавба мекарданд. Эҳ одамизод...”
Саидмурод Нурализода, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, “мумкин аст, ҳамин сабаб шавад, ки кам-кам ахлоқи ҷавонон беҳтар гардад.”
Вале на ҳама ба ин ақидаҳо розиянд. Чанд ҳамсуҳбати мо дар хиёбонҳои Душанбе зилзиларо танҳо як ҳодисаи табиӣ номиданд.
Ба қавли Исматулло Бобоев, сокини дигари пойтахт, “ҳама чизро ба дину мазҳаб пайванд додан дуруст нест. То замони дини Ислом ҳам заминҷунбӣ буд. Имрӯз мардум ҳодисаҳоро ба дин рабт медиҳанд.”
Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик, дар пайи радду бадали мардум рӯзи 22-юми март дар Фейсбук навишт, "кишвари мо дар байни чор плитаи қишри Замин: аз ҷануб плитаҳои арабӣ ва ҳиндӣ ва аз шимол плитаҳои хитоӣ ва АвруОсиё қарор дорад. Ин плитаҳо аз фишори вулқонҳои зерқишрӣ ба ҷунбиш омада, якдигарро соиш медиҳанд ва ҳамин тавр замини қишрӣ такон мехӯрад. Натиҷаи ин соиш метавонад, плитаҳои қишри заминро зери ҳам дарорад (субдуктсия), кӯҳҳо пайдо шаванд (коллизия) ва гӯшаи қитъаи материкеро фишор орад (обдуктсия)."
Илм ё хурофот?
Баҳси боварҳои мардум ба ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон нав нест. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ҳар ҳодисаро дар пайванд ба ақидаи диниашон шарҳ диҳанд. Аз ҷумла, ҳодисаҳои табииро.
Мутахассисон як сабаби онро ба афзоиши хурофот дар ҷомеа рабт медиҳанд, ҳарчанд диндорон ин ақидаро қабул надоранд.
Ба назари Номвар Қурбонов, табиатшиноси тоҷик, “донишҳои илмӣ таҳлилу баррасиро талаб мекунанд ва, барои ҳамин, бештари мардум ба хурофоту таассубу ифрот рӯй меоранд. Аз ин нуқтаи назар ба ин масъалаҳо бархурд мекунанд, яъне бештар ба масъалаҳо аз нигоҳи хурофоту таассуб менигаранд.”
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Соли 2021 дар зилзилае як деҳа дар ноҳияи Тоҷикобод қариб пурра хароб шуд ва чанд нафар ҷонашро аз даст дод.