Бар асари зилзилаи шаби 21-уми март, камаш 13 нафар дар Покистон ва Афғонистон ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ин зилзила дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Ҳинд низ эҳсос шуд.
Абдулбосит, як мақоми баландпоя дар ҳукумати вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон, рӯзи 22-юми март ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, дар ин кишвар дастикам 9 нафар бар асари зилзила ба ҳалокат расида, 44 тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, дастикам 19 хона қисман осеб дид.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, сабаби ба ҳалокат расидани ин 9 нафар, афтодани боми хонаҳо дар минтақаи Сувот будааст. Нашрияи The New чопи Исломобод, шумораи захмиёни зилзила дар дараи Свотро беш аз 150 нафар гуфтааст.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ, лағзиши санг аз кӯҳҳо сабаби баста шудани роҳҳо дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳистонии ин кишвар шудааст.
Ниҳодҳои зилзилашиносии Покистон дар оғоз шиддати заминларзаро 7,7 дараҷа эълон карданд ва баъдан ин маълумотро ислоҳ намуда, гуфтанд, ки он 6,8 дараҷа будааст.
Дар Афғонистон мақомоти ҳукумати Толибон ҳалокати 4 нафар ва ҷароҳати бардоштани 20 касро тасдиқ кардаанд.
Дар Афғонистони зери ҳокимияти Толибон маҳдудият дар расонидани хабар ва сензура вуҷуд дорад ва ҳанӯз омори дақиқ аз талафот ва хисорот дар даст нест.
Заминларзаи шаби гузашта Тоҷикистонро ҳам такон дод ва бисёре аз сокинон дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз хонаҳояшон ба берун баромаданд. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, заминларза соати 21:47, шоми 21-уми март, сабт шуд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, "маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистона буда, дар марказ қувваи заминларза аз 7 бал зиёд ва дар шаҳри Душанбе 5 балро ташкил дод."
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, бар асари заминларза дар Тоҷикистон то ин дам “хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт нашудааст.
Ба гуфтаи Маркази зилзиласанҷии Аврупо зилзила дар умқи 192-километрӣ ва маркази он минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон будааст. Бадахшони Афғонистон бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Гуфтугӯ