Ба гузориши "Рейтерз", теъдоди қурбониёни зилзила дар Туркия ва Сурия ба 50 ҳазор кас расид.
Дар Туркия зиёда аз 44 ҳазор нафар ва дар Сурия тақрибан 6 ҳазор кас ҷон бохтаанд.
Заминларзаи 7,8-дараҷаӣ рӯзи 6-уми феврали имсол рӯй дод.
Мақомоти Туркия гуфтанд, ба сохтани зиёда аз 1600 биное сар карданд, ки дар заминларза ё фурӯ рехт ва ё осеб дид.
Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу мегӯяд, сабаби зиёд фурӯ рехтани биноҳоро таҳқиқ доранд.
То кунун 564 нафар гумонзад ва 160 кас дастгир шудаанд.
Гуфтугӯ