Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми март барои иштирок дар Конфронси оби Созмони Милал ба Ню-Йорк рафт.
Дафтари матбуоти президент иттилоъ дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёварони президент оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ ва кадрӣ, вазири энержӣ, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист ҳамроҳӣ доранд.
Манбаъ афзуд, сафари оқои Раҳмон ба Амрико аз 20 то 24-уми март идома мекунад.
Нишасти об бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Ҳолланд баргузор мешавад. Ҷузъиёти сафари раиси ҷумҳур маълум нест. Рӯшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз иштирок дар ҳамоиш бо намояндагони кишварҳои дигар мулоқот хоҳад кард ё не.
Намояндагони баъзе аз созмонҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аз Олмон ва Бритониё ҳам дидан хоҳад кард. Мақомот инро расман тасдиқ намекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як созмони мухолифони тоҷик сафари Раҳмонро ба хориҷа танқид кардТоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки дар масъалаи вобаста ба об ба Созмони Миллал пешниҳодҳои зиёде ироа кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милал чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.