Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда барои иштирок дар як нишасти вобаста ба об ба шаҳри Ню-Йорки Амрико хоҳад рафт. Ба иттилои дарёфтӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳида аз 20 то 24-уми март дар назар аст.
Ӯ дар Конфронси Созмони Милал оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об ширкат мекунад. Нишаст бо раисии Тоҷикистон ва Ҳолланд баргузор мешавад. Ҷузъиёти сафар маълум нест.
Рӯшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз иштирок дар ҳамоиш бо намояндагони кишварҳои дигар мулоқот хоҳад кард ё не.
Дар ҳамин ҳол, Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар хориҷа, дар изҳороте иддао кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон “ба Олмону Бритониё ҳам хоҳад рафт”.
“Дар соатҳо ва дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳои вай ба шиканҷаи садҳо дигарандешон идома хоҳанд дод. Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад,” – омадааст дар изҳорот аз 13-уми март.
Дар охир аз ҷаҳони озод даъват шудааст, ки “минбаъд дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоранд, ба онҳо дар таъқиби дигарандешон кумак накунанд.”
Гуфтугӯ