Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод

Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Абдуқодир Талбаков), ки бештар бо баҳсҳои тундаш дар бораи дину ойин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, аз мақоми мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе истеъфо додааст.

Номи ӯ дар чанд ҳафтаи охир, пас аз тасмимаш барои ташкили ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон, пурсарусадо шуд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар аввали сол аризаи аз кор рафтанро дод" ва "ҳоло шаҳрдори Душанбе имзо кард".

Ин рӯзноманигори тоҷик дар вазифаи мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ҳафт сол кор кардааст. Дар гузашта мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.

Ӯ афзуд, ҳанӯз барояш вазифае пешниҳод нашуд ва ҳоло барои сабтиноми ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон талош дорад.

Таъсиси ҷомеаи зардуштиён пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони ин ойин дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба миён омад. Одина Шоҳӣ рӯзи 9-уми феврали имсол дар 92-солагӣ даргузашт. Зардуштия аз динҳои кӯҳантарини дунёст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гапи Озод: Сафарҳои пайвастаи президент ба ноҳияҳо бо ҳадафи чист? ВИДЕО"Гуфт, барои таҳқири домулло посух мегӯӣ." Ҳабси ҷавоне бо гумони таҳдид ба Абдуқодир Талбаков. Модараш хабар надорад. ВИДЕОАбдуқодири Абдуқаҳҳор аз рӯи шикояти "тафриқаандозӣ" ба ВКД даъват шуд. ВИДЕОА.Абдуқаҳҳор: Дар Фейсбук даҳон кушоӣ, 150 тундрав санг мезанад. ВИДЕОАбдуқодири Абдуқаҳҳор: "Касе, ки идея ва андеша дорад, пушти парда мондааст"