Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Абдуқаҳҳор: Дар Фейсбук даҳон кушоӣ, 150 тундрав санг мезанад. ВИДЕО


Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор

Дар Тоҷикистон 125 рӯҳонӣ аз тамрини вижа гузаштанд ва бояд мағзи пайравони гурӯҳҳои ифротиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо боз кардани саҳифа, шустушӯ диҳанд. Ин омӯзиш бо ибтикори “Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон” (IWPR) ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули ин кишвар, роҳандозӣ шуд.

Аз минбари масҷид то шабакаҳои иҷтимоӣ

На камтар аз 150 нафар бо таҳқиру дашном ҳуҷум мекунанд. Аз сӯҳбаташон бӯйи ДИИШ меояд ва бисёр хашинанд. Ҳатто таҳдид мекунанд

Дар дарсҳо, ба рӯҳониён тавсия шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли “Фейсбук” ва “Одноклассники” саҳифа боз кунанд. Ҳоло дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ, корбароне бештар фаъол шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, ақидаҳои ифротгароиро таблиғ мекунанд.

Лола Олимова
Лола Олимова

Лола Олимова, намояндаи созмони «IWPR” дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, омӯзиш дар панҷ минтақаи Тоҷикистон зери номи “Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон” дар ҳамоҳангӣ бо Кумита оид ба корҳои дин ва Маркази исломшиносии назди президент, анҷом шуд.

Муллоҳои "шабакавӣ" ба мубориза мехезанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

"Бештар дар ин давраи омӯзишӣ имомхатибони ҷавон ҷалб шуданд. Бисёре аз имомхатибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда наметавонанд. Танҳо бахши ками онҳо аз ин пойгоҳҳо огаҳӣ доранд. Аз мо хоҳиш карданд, барояшон кор бо компютеру планшетро низ таълим диҳем",-гуфт ӯ.

"70 фоизи муллоҳо аз интернет истифода намекунанд"

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло 30 дар сад аз имомхатибони тоҷик аз интернет истифода мекунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд. Ҳафтод дар сад ҳанӯз аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ истифода намекунанд. Мақомоти Кумитаи кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, барои шустушӯи мағзи олудаи пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ин теъдод кам аст. Бо рӯйи даст гирифтани ин барномаи вижа мақомот мехоҳад, ҳузури хатибу имомхатибони масоҷиди кишварро дар ин шабакаҳо бештар кунад.

Рӯҳониёне, ки ба омӯзиш ҷалб шудаанд, аксаран хатибони масоҷиди ҷомеъ ҳастанд ва дар намози ҷумъа то 1000 нафар ба мавъизаҳои онҳо гӯш медиҳад.

Ҳусейн Шокиров
Ҳусейн Шокиров

Ба гуфтаи мақомдорон, ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбароне бештар фаъол шудаанд, ки ақидаҳои ифротгароиро таблиғ мекунанд.

Ҳусейн Шокиров, раҳбари раёсати Иттиҳодияҳои динӣ дар Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 30 саҳифа бо забони тоҷикӣ ба тарғиби ақидаҳои ифротӣ машғул аст, ки дар бораи мазҳаби мусалмонони Тоҷикистон маълумоти нодуруст пешниҳод мекунанд. Ҳусейн Шокиров, рӯзи 26 -уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "пас аз ошноӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ ходимони дин дар муқобили онҳо бояд истодагарӣ кунанд".

Вақте дӯстат дӯсти шубҳанок дорад...

Аммо ба таъкиди ин масъули Кумитаи дин, барои ширкат дар баҳсҳои ҷиддиву динии шабакаҳои иҷтимоӣ, танҳо имомхатибону руҳониёне иҷоза мегиранд, ки дониши мукаммали динӣ доранд ва метавонанд посухҳои илмӣ пешниҳод кунанд.

Саҳифае, ки бо номи Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар "Одноклассники" боз шудааст
Саҳифае, ки бо номи Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов дар "Одноклассники" боз шудааст

Ҳоло ҳеҷ яке аз рӯҳониёни тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузури фаъол надоранд. Дар шабакаҳо бо номи Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов ва Эшони Нуриддин Тураҷонзода саҳифаҳое боз шудаанд, аммо худи рӯҳониён мегӯянд, ки саҳифаҳо ба онҳо тааллуқ надоранд.

Бархе имомхатибони масоҷид дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа доранд, аммо бинобар вуҷуди маҳдудият, аз ворид шудан ба баҳсҳо худдорӣ мекунанд.

Абдукарим Саидов, муовини имомхатиби масҷиди Сари Осиёи Душанбе мегӯяд, дар "Фейсбук" доираи дӯстонаш хеле маҳдуд аст ва дар истифодаи ин шабака шадидан аз эҳтиёт кор мегирад: “Наметавонистем бо ҳар кас дӯстӣ кунем, чун имкон дорад, дӯсти мо дӯсти ягон шахси шубҳанок ҳам бошад. Хуб мешуд, ки зиёд сахтгирӣ намешуд, агар мавқеи мо васеътару озодтар бошад, мо метавонем, ки аз дину мазҳаб ва ватани худ дифоъ кунем ва миёни ҷавонон ҳам тарғибу ташвиқ барему аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ кунем.”

Ин имомхатиби тоҷик мегӯяд, ҳоло ин корро берун аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар мактабҳо ё, бо ташкили мулоқот бо ҷавонону сокинони кишвар анҷом медиҳанд.

Мақомот дар ҳоле рӯҳониёнро вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мекунанд, ки ин пойгоҳҳо ба майдони бархӯрди шадиди арзишҳои мазҳабӣ ва дунявӣ табдил шудаанд. Баҳси пайравони ду арзиш бисёр вақт бо таҳқиру таҳдид ва "кофару муртадгӯӣ"- ҳо ҷараён мегиранд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, рӯзноманигори тоҷик
Абдуқодири Абдуқаҳҳор, рӯзноманигори тоҷик

​Абдуқодири Абдуқаҳҳор, рӯзноманигор ва як фаъоли "Фейсбук", ки чандин бор барои иншои назарҳояш дар бораи арзишҳои динӣ зери тозиёнаи танқиду таҳдиди гурӯҳе дар фейсбук қарор гирифт, бо таасуф мегӯяд, дар ин шабакаи маъруф миёни корбарони тоҷик бисёр андешаҳои ифротӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, "вақте назари илмӣ ва хилофи фаҳмиши онҳоро мегузорӣ, якбора ба таври гурӯҳӣ мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор мегирӣ".

-На камтар аз 150 нафар бо таҳқиру дашном ҳуҷум мекунанд. Аз сӯҳбаташон бӯйи ДИИШ меояд ва бисёр хашинанд. Ҳатто таҳдид мекунанд,-гуфт ӯ.

Чунин ҳуҷумҳо, ба гуфтаи Абдуқодири Абдуқаҳҳор, аксари зиёиёну донишмандонро ба тарки ин шабакаи иҷтимоӣ водор кардааст. Ба ҳисоби ӯ дар як моҳи ахир 50 тан аз зиёиён тарки шабакаҳои иҷтимоӣ кардаанд.

Ӯ гуфт: "Ин хеле бад аст. Бетарафӣ дар масъалаҳое, ки вобаста ба миллату мазҳаб аст, на ба зиёӣ, на ба ходимони дин, ҷоиз нест.”

Зоҳиран, мақомоти Тоҷикистон ягона роҳи ҳалро дар масдуд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ мебинанд. Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, масдуд ва ё бастани шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал нест, балки бояд уламои саршиносро ба майдон овард, ки бо баҳси ошкоро мавқеи тундравонро танг кунанд.

Ҳоло 3 миллион аз аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доштаанд. Шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ва "Одноклассники" 500 ҳазор корбар дорад. Дар се соли ахир даҳҳо ҷавони тоҷик аз пайвастани худ ба гурӯҳҳои тундрав, махсусан "Давлати Исломӣ" хабар додаанд, ки ба гуфтаи мақомот, 90 дар сади онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG