Эътироз ба заҳролудшавии духтарон дар Эрон

Теҳрон, 4-уми март. Таҷаммӯи волидони духтарҳои заҳролудшуда

Дар ҳоле ки аз мавридҳои нави заҳролудшавӣ дар мактабҳои духтаронаи Эрон хабар дода мешавад, волидони онҳо даст ба эътироз заданд. Бовар меравад, ки аввалин ҳодисаҳои заҳролудшавии мармузи духтарон ҳанӯз моҳи ноябр дар шаҳри Қум ба қайд гирифта шуд, вақте гурӯҳи калони шогирдони мактаберо бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, дарди сар, сулфа, мушкили нафаскашӣ ва дигар нишонаҳо ба беморхонаҳо интиқол доданд.

Аз он замон то кунун дар саросари кишвар садҳо чунин ҳодиса рӯй дод ва ҳанӯз ҳам маълум нест, ки сабаби беморӣ чӣ аст. Бархе онҳое, ки чунин ҳолатҳоро аз сар гузарониданд, гуфтанд, пеш аз бад шудани ҳолашон бӯи бади хлор ваё кадом навъи собуни дегутабоқшӯиро эҳсос карданд, бархе аз бӯи монанд ба мандарин хабар доданд.

Радио Фардо рӯзи 4 март хабар дод, ки эътирозгарон волидони духтарони заҳролудшуда буданд ва онҳо дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Теҳрон ва ҳам дар шаҳрҳои Исфаҳону Ардабил таҷаммӯъ карданд.

Дар наворҳои видеоие, ки ба шабакаҳо роҳ ёфт, дида мешавад, ки мардум шиорҳои зиддиҳукуматии мисли “Душмани мо ин ҷо аст, ҳарчанд бигӯянд, ки Амрико аст” ваё “Пошидани туршӣ ва заҳролудсозӣ ҳарду ҷиноят аст” ба забон меоранд.

Матбуоти эронӣ гуфт, ки рӯзи 4-уми март дар панҷ минтақаи Эрон даҳҳо духтари дигарро бистарӣ карданд ва ба назар мерасад, ки ин идомаи ҳамон ҳодисаҳои заҳролудшавии мактаббачаҳо мебошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Заҳролудшавии духтарон дар мактабҳои Эрон

Ба навиштаи хабаргузориҳои Тасним ва Меҳр, ҳодисаҳои рӯзи 4-уми март дар Ҳамадон, Занҷон, Озарбойҷони Ғарбӣ, Форс ва Албурз рӯй додаанд ва бархеро дар ҳолати изтирорӣ ба беморхонаҳо интиқол додаанд. Гузоришҳое, ки тасдиқи онҳо имкон надорад, мегӯяд, ки ҳолати аксар духтарон хуб аст.

Вокуниши заъифи мақомот ба ин ҳодисаҳо боис ба он шуд, ки бархе худи ҳукуматро дар заҳролудкунии “махсуси” шогирдони мактабҳои духтарона гумонбар медонанд, чун аз моҳи сентябр ба ин сӯ бо мавҷи азиму бесобиқаи эътирозҳо аз низоми Ҷумҳурии Исломӣ рӯбарӯ шудааст. Марги мармузи духтари 22-сола Маҳсо Аминӣ дар идораи полис, ки гӯё барои ҳиҷоби нодуруст боздошт шуда буд, хашму норизоияти шадиди ҷомеаро ба бор овард ва Эрон бо эътирозу нофармониҳои ҷамъиятии бемислтарин аз замони инқилоби исломии соли 1979 рӯбарӯ шуд.

Президент Иброҳим Раисӣ рӯзи 3 март эълон кард, ки ба вазирони иттилоот ва умури дохилӣ амр дод, ки ин ҳодисаҳо таҳқиқ шаванд. Раисӣ ин ҳодисаҳоро кори дасти “душманоне” номид, ки ҳадафашон “эҷоди тарсу воҳима дар миёни мардум аст”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Заҳролудшавии мармузи духтарон дар мактабҳои Эрон. ВИДЕОЧин ва Эрон аз Толибон хостанд ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил бидиҳад Раисӣ иддао кард, ки эътирози зиддиҳукуматӣ "шикаст хӯрдааст"