Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Эрон аз Толибон хостанд ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил бидиҳад


Чин ва Эрон -- ду ҳамсояи шарқӣ ва ғарбии Афғонистон аз ҳукумати Толибон хостанд ба маҳдудиятҳое, ки дар робита ба кору таҳсили занон ҷорӣ кардааст, поён диҳад. Пекин ва Теҳрон дар баёнияе муштараке, ки рӯзи панҷшанбеи 16-уми феврал дар охирин рӯзи сафари Иброҳим Раисӣ ба Чин нашр шуд, чунин дархостеро аз Толибон кардаанд.

Аз оғози ба қудрати дубора расидани Толибон дар тобистони соли 2021, занон ва духтарон аз таҳсил дар донишгоҳҳо ва мактабҳои миёнаи Афғонистон манъ шудаанд ва маҳдудиятҳое низ дар бахши кори занон ҷорӣ шудааст.

Дар баёнияи муштараки Эрон ва Чин омадааст, "ду тараф аз ҳокимони Афғонистон мехоҳанд, то як ҳукумати фарогир ташкил диҳанд, ки дар он ҳама қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ иштирок дошта бошанд ва ҳама иқдомҳои табъизомез дар нисбати занон, ақалиятҳои қавмӣ ва дигар мазҳабҳоро бекор кунанд".

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", ин баёния ҳамчунин аз Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО хостааст, ки масъулияти вазъияти кунунӣ дар Афғонистонро бипазирад.

Амрико, ки қаблан аз ҳукумати Афғонистон дар баробари Толибон ҳимоят мекард, бинобар хароҷотҳояш дар ин кишвар ва коҳиши ҳимояти дохилӣ аз ҳукумати Афғонистон ва ҳамчунин нотавонии ҳукумати Кобул дар мубориза бо ҳамлаҳои Толибон, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун кард.

Дархости Теҳрон барои риояи ҳуқуқи занон дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки Эрон дар моҳҳои гузашта саҳнаи эътирозҳои густурда ба марги донишҷӯи 22-сола Маҳсо Аминӣ буд. Худи Эрон ҳамчунин бинобар эъдоми чаҳор эътирозгари боздоштшуда дар ҷараёни ин нооромиҳо, мавриди интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар қарор гирифтааст.

Чин ҳам яке аз кишварҳои нақзкунандаи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ба шумор меравад ва кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ Пекинро ба вижа ба хотири сиёсатҳои табъизомезаш дар нисбати ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон ҳаммарз бо Афғонистон, интиқод мекунанд.

Иброҳим Раисӣ дар мулоқот бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ҳимояти худро аз мавқеи Пекин дар саркӯби ҷунбиши демократихоҳ дар Ҳонконг ва ҳамчунин ба расмият нашинохтани низоми ҳоким бар Тайван иброз карданд.

Чин яке аз асоситарин харидорони нафти Эрон аст ва Ҷумҳурии исломӣ иддао дорад, ки дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Пекин 20 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар арсаи тиҷорат ва сайёҳӣ ба имзо расидааст.

Шинки Карухел, як узви пешини порлумони Афғонистон ба ин назар аст, ки Чин ва Эрон аз ибтидо ба шеваи ҳукуматдории Толибон мувофиқ набуданд, аммо ба гуфтаи ӯ, бинобар манофеашон ва барқарории робитаҳо ва фазои боварӣ, нигаронии худро изҳор намекарданд.

Эрон ва Чин аз камшумор кишварҳое ҳастанд, ки дар Кобул сафорҳои худро доранд. Ҳеҷ кишваре ба шумули Эрон ва Чин ҳукумати Толибонро ҳанӯз ба расмият нашнохтааст, аммо Теҳрон ва Пекин бо Толибон робитаҳои наздик доранд.

Бисёре аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Толибон хостаанд, ки ба духтарон иҷозаи омузиш ва ба занон иҷозаи кор бидиҳанд. Толибон на танҳо ба ин дархостҳо посухи мусбат надодаанд, балки гом ба гом маҳдудиятҳо бар занонро афзоиш додаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG