Пайвандони як шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Мегӯянд, шаш моҳ боз тамос нагирифтааст ва зинда ё мурда буданаш маълум нест.
Ба нақли онҳо, Аҳмадалӣ Нурови 34-сола дар тирамоҳи соли гузашта ба ҷанги Русия дар Украина бурда шудааст.
Ӯро ду сол пеш ба иттиҳоми даст доштан ба фурӯши маводи мухаддир дар Русия шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Наздиконаш дар номае ба Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми март навиштанд, "моҳе пеш шахси ношиносе занг зад ва хабар дод, ки Аҳмадалӣ дар Украина кушта шуд", вале то ҳол нишоне аз ӯ намеёбанд.
"Аз зинда ва мурда будани ӯ хабаре нест ва ба муроҷиатҳои мо мақомоти Русия ва мақомоти зиндонҳои Русия посух надодаанд," – омадааст дар нома.
Ба иттилои дарёфтӣ, соли гузашта даҳҳо зиндонии тоҷик дар Русия ба ҷанги Украина бурда шудаанд.
То кунун номи беш аз 10 зиндонии кушташудаи тоҷик дар ҷанги Русия дар Украина расонаӣ шудааст. Ҷасади баъзе аз онҳоро ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон додаанд. Қабри як нафари дигар дар яке аз оромгоҳҳои маъруф ба “вагнериҳо” дар Маскав ёфт шуд.
Зиндониёнро бештар гуруҳи зархаридони “Вагнер” ба ҷанг ҷалб мекунад, ки он ба як сарватманди наздик ба Путин дахл дорад. Ин ширкатро дар ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунанд.
“Вагнер” зиндониёнро бо пешниҳоди афв ва озод кардан аз ҷавобгарӣ ба ҷанги Украина мебарад.
Хабару гузоришҳои бештар дар ин бора:
Номи "чанд тоҷик, узбек ва қирғиз" дар қабристони "вагнериҳо". ВИДЕОТобути 4 тоҷики зиндониро аз Русия овардаанд. Мотам дар Ванҷу Ҳисор. ВИДЕО Дар Русия намегӯянд, дар Тоҷикистон “намедонанд”"Дар пой, даст ва синааш захм дошт." Ҳалокати як сокини Ҳисор дар ҷанги Украина. ВИДЕО“Аз зону поёнаш набуд.” Марги тоҷики дигари зиндонӣ дар ҷанги Украина "Дар Русия зиндонӣ буд, дар Украина кушта шуд." Дафни ду муҳоҷири тоҷик. ВИДЕО