Дана Вайт, президенти UFC (Ultimate Fighting Championship), аз дастгириву ҳаводории тоҷикистониён ҳангоми рақобати Нурулло Алиев, размикори тоҷик, ситоиш кард.
Ӯ бо нашри наворе, ки дар он ҳазорон нафар дар варзишгоҳи марказии Душанбе аз Нурулло Алиев ҳаводорӣ, мекунанд, гуфт: “Бубинед, чӣ теъдод аз одамон барои дидани аввалин муҳорибаи Нурулло дар UFC ҷамъ омадаанд. Ин олӣ аст.”
Ин наворро ҳаводорони варзишгар дар поёни яке аз бозиҳои футбол ва пеш аз мусобиқа сабт карда будаанд.
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" дар вазни сабук пирӯз шуд. Навори ҳаводории мухлисон, ки дар он ҳама ба як овоз номи варзишгарро садо мекарданд, қабл аз шурӯи бозии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Навор дар саҳифаи худи варзишгар ва чандин расонаҳои дигари ҷаҳонӣ ҳам бознашр гардидааст.
Нурулло Алиев шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиягиро шикаст дод. Баъди бозӣ ӯ гуфт, ин пирӯзии худро ба модараш, ки чанд рӯз пеш зодрӯз дошт ва барои ӯ хеле нигарон буд мебахшад.
Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Размикори тоҷик дар аввалин рақобаташ дар UFC пирӯз шудРазмикори тоҷик ба аввалин рақобаташ дар UFC омода мешавадРақиби размикори тоҷик дар аввалин рақобаташ дар UFC маълум шудНурулло Алиев: Бовар намекунанд, вале натиҷаашро баъди ду сол мебинем. ВИДЕО