Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурулло Алиев: Бовар намекунанд, вале натиҷаашро баъди ду сол мебинем. ВИДЕО


Нурулло Алиев
Нурулло Алиев
Нурулло Алиев, размикори 23-солаи тоҷик (ММА), барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт. Роҳ ёфтани аввалин варзишгар аз Тоҷикистон ба ҳайати Ultimate Fighting Championship ба истиқболи гарме рӯ ба рӯ шуд, вале худаш мегӯяд, дар сатҳи расмӣ паёме нагирифт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ Нурулло Алиевро диданд ва аз ӯ пурсиданд, ки баъди бозгашт ба ватан чӣ кор мекунад?
Нурулло Алиев
Нурулло Алиев

Нурулло Алиев: "Ба тамрин идома медиҳам ва истироҳатро ҳам фаромӯш накардам. Баъд аз панҷ моҳи тамринҳои пайдарпай пизишкон тавсия доданд, ки баданам бояд барқарор шавад."

Радиои Озодӣ: Пештар чанд варзишгари тоҷик талош карданд, ба UFC шомил шаванд, аммо ноком монданд. Роҳ ёфтан ба UFC чӣ гуна даст дод?

Нурулло Алиев: "Роҳ ёфтан ба UFC мушкил буд. Аз замоне ки муборизаро дар намуди муҳорибаҳои омехта оғоз кардам, мақсад гузошта будам, ки бояд ба UFC равам. Фарқ надорад, якум варзишгар аз Тоҷикистон мешавам ё дуюму сеюм. Баъди ба Амрико рафтан фаҳмидам, ки ба UFC шомил шудан чӣ гуна мушкил аст. Менеҷерон баъди панҷ моҳ посух доданд, ки Шуморо ба ташкилоти Dana White's Contender Series даъват мекунанд. Панҷ моҳ тамрин, парҳез ва назорати вазн доштам. Агар дар дохили ин намуд варзиш набошед, мушкил будани онро намефаҳмед."

Радиои Озодӣ: Шумо барои гузарондани 4 рақобат дар ташкилоти UFC шартнома имзо кардед. Оё сабқати аввал ва рақибатон маълум аст?

Нурулло Алиев: "Вақте дар рақобати охирин дастболо шудам, ба назди Дана Уайт, президенти UFC, рафта гуфтам, ки баъд аз як ҳафта ба ман рақиб деҳ, ман ба ҷанг тайёрам. Агар рақиб медоданд, ҷанг мекардам. Барои онки панҷ моҳ парҳез (диета) карда, вазни камтаре доштам. Панҷ моҳ ширинӣ ва ғизоҳои дигарро нахӯрдам. Баъди як рӯзи ғалабаи охирин ба хӯрдани ширинӣ сар кардам. Якбора ба почта мактуб омад, ки Нурулло Алиев 22-юми октябр дар Абузабӣ (Абудабӣ) ҷанг мекунад. Ба худам гуфтам, чаро барои худат дардисар харидӣ? Дастаи мо ҷавоб дод, ки то 22-юми октябр фурсати омода шудан надорем. Пизишк гуфт, агар як ҳафта муҳлат диҳанд, метавонистем, туро омода кунем. Вақте як моҳ мешавад, беқувват мешавӣ, чун 5 моҳ парҳез карда истодаӣ. Аз UFC пурсиданд, кай метавонед омода шавед. Посух додем, ки то моҳи декабри имсол омода мешавем. 17-уми декабр мусобиқаи охирини UFC дар соли равон аст ва бояд ҳамонҷо баромад кунам."

Лаҳзае аз суҳбат бо Нурулло Алиев
Лаҳзае аз суҳбат бо Нурулло Алиев

Радиои Озодӣ: Пас аз рақобати охиратон ба президенти UFC Дана Уайт гуфтед, баъди ду сол қаҳрамони UFC дар вазни сабук мешавед. Мефаҳмед, ки бахши вазни сабук дар UFC бисёр пуррақобат аст. Дар инҷо варзишгарони маъруфе чун Ислом Махачев, Чарлз Оливейра, Дастин Поре, Майкл Чендлер ва дигарон ҳастанд. Метавонед, ки ҳамаи ин варзишгаронро гузашта, баъди ду сол қаҳрамон шавед?

Нурулло Алиев: "Пеш аз тамрин бо варзишгарони шинохта фикр мекардам, ки онҳоро мағлуб кардан намешавад. Вале вақте дар Амрико, Тайланд ва ҷойҳои дигар ҳамроҳи чанд варзишгари шинохта тамрин карда, онҳоро ба замин хобондам, фаҳмидам, ки шикаст додани онҳо ҳам мумкин аст. Чаро онҳоро шикаст додан намешавад? Чаро мо қаҳрамон нашавем? Онҳо ҳам ду дасту ду пой доранд, мо ҳам. Масалан Майкл Чендлер. Ман ҳамроҳаш тамрин кардам, гуштин гирифтам, мисли мо ҳастанд. Танҳо зиёдтар меҳнат карда, ба худ боварӣ бояд дошт."

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар намуди муҳорибаҳои омехтаро қабул надоранд. Мегӯянд, ин намуд варзиш ба инсон осеби сахт мерасонад. Нуруллоро чӣ чиз ба муҳорибаҳои омехта овард, шуҳратхоҳӣ, пул ё чизи дигар?

Нурулло Алиев: "Барои пул бошад, ҳозир маблағи зиёд намедиҳанд. Агар ман дар чор рақобат дар UFC дастоболо шавам, бозии хуб нишон диҳам, мумкин аст, барои ман дар идома маблағи нағз пешниҳод кунанд. Бисёриҳо ҳозир Тоҷикистонро намешиносанд, мепурсанд куҷо аст. Ман бо ин намуди варзиш кишвари худро муаррифӣ кардан мехоҳам ва ин чиз барои ман кофӣ аст."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Нурулло Алиев: "Онҳоро шикаст додан мумкин аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:54 0:00

Радиои Озодӣ: Аммо қабул доред, ки намуди варзише, ки ба он машғулед, хатарҳои зиёд дорад?

Нурулло Алиев: "Аз рӯи омори ҷаҳонӣ, кам шахсоне ҳастанд, ки аз муҳорибаҳои омехта ҷароҳатҳои сахт бардошта ё фавтида бошанд. Аммо дар баъзе намудҳои олимпӣ масалан бокс чанд варзишгареро медонем, ки баъди рақобат ба ҳолати кома афтида, даргузаштанд."

Радиои Озодӣ: Дар бораи маблағ гап задед. Омодагии варзишгарон маблағи зиёд талаб мекунад. Дар панҷ моҳе, ки дар Амрико будед, чӣ қадар пул сарф кардед ва онро аз куҷо ёфтед?

Нурулло Алиев: "Дар як моҳ хароҷоти ман дар Амрико то 8-10 ҳазор доллар ҳам буд. Онҷо хонаи иҷора ва хӯрду хӯрок гарон аст, боз диетолог гирифта будам. Ҳамаи ин хароҷот аз ҳисоби худам буд."

Радиои Озодӣ: Оё сарпарасте доред?

Нурулло Алиев: "Не, сарпараст надорам. Аҳли оила, бародарон дастгирӣ карданд."

Радиои Озодӣ: Баъди ба Тоҷикистон омадан дар фурудгоҳ ботантана пешвоз гирифтанд. Оё ягон ширкати ватанӣ ё соҳибкорон кӯмак пешниҳод накарданд?

Нурулло Алиев ба суолҳои Радиои Озодӣ посух медиҳад
Нурулло Алиев ба суолҳои Радиои Озодӣ посух медиҳад

Нурулло Алиев: "Не. Аз тарафи мақомот ягон кас то ҳол маро табрик накардааст. Ман аз ин чиз хафа нестам, чун барои миллатам баромад мекунам."

Радиои Озодӣ: Агар дастгирии молӣ набошад, чӣ хел коратонро давом медиҳед?

Нурулло Алиев: "Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкил бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар вақт UFC тавонад, барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон баъди соли 2017 таваҷҷуҳ ба намуди муҳорибаҳои омехта зиёд шуд. Сабабаш ҳам баромади чанд варзишгари мусалмон буд, вале то ҳол дар Тоҷикистон ягон мусобиқаи калон вобаста ба муҳорибаҳои омехта баргузор нашудааст. Ба назаратон таваҷҷуҳ ба намуди муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Нурулло Алиев: "Бисёр мехоҳам, ки ин навъи варзиш дар Тоҷикистон рушд кунад. Вақте рақобатҳои касбиро оғоз кардам, дар Тоҷикистон ин намуд варзишро манъ карданд. (Соли 2017 таълими чанд намуди варзиш азҷумла муҳорибаҳои омехта дар мактабҳои давлатии варзишӣ манъ шуд. Р.О). Ман он вақт гуфта будам, ки агар дар Тоҷикистон мусобиқа шавад ва шартномаи UFC бошад, ман дар Тоҷикистон баромад мекунам. Орзу доштам, ки дар хонаи худ, дар кишвари худ баромад кунам."

Радиои Озодӣ: Чаро аз ин навъи варзиш меҳаросанд?

Нурулло Алиев: "То ҳол намедонам. Дар дигар кишварҳо масалан ҳамин UFC бисёр ташкилоти бузург аст."

Радиои Озодӣ: Як нигаронӣ ҳаст, ки рушди муҳорибаҳои омехта боиси афзоиши занозанӣ ва муноқиша дар миёни ҷавонон мешавад.

Нурулло Алиев: "Дар кишварҳои дигар мегардем, бачаҳое, ки дар риштаи муҳорибаҳои омехта ҳастанд, ягон бор ҷангашонро дар кӯча надидем. Дар дигар давлатҳо толор медароем, қаҳрамони UFC аст, рафторе мекунад, ки фикр мекунед одам пасттарин аст. Боз намедонам."

Радиои Озодӣ: Худи Шумо баъди ба муҳорибаҳои омехта машғул шудан ягон бор дар кӯча ҷанг шудед?

Нурулло Алиев: "Вақте гӯштин машқ мекардам, дар кӯча ҷанг мешудам. Вале аз вақте ки ба ММА машғул шудам, дигар ҷанг накардам. Ман ҳамин хел тарбия ёфтам. Чӣ қуввае дорам, мехоҳам, дар мусобиқа истифода барам."

Радиои Озодӣ: Агар бо ибораи худи варзишгарон бигӯем, Шумо ҳоло дар миёни “гургҳои гурусна” афтидаед, ки ҳама мехоҳанд камарбанди қаҳрамонии UFC-ро соҳиб шаванд. Аз як тараф бисёри онҳо сарпараст доранд ва шароиташон ҳам аз Шумо беҳтар. Бо назардошти ин воқеиятҳо ояндаи худро чӣ гуна мебинед?

Нурулло Алиев: "Мумкин дар байни гургҳо, ман гурги калонтар шавам. Агар сиҳату саломат ва бе ҷароҳат тамринҳо идома ёбанд, ман қаҳрамон мешавам. То ҳол чунин нашудааст, ки чизе гуфта бошам, аммо онро амалӣ накунам. Як сол пеш гуфта будам, ки ман ба UFC меравам, бо ин ташкилот шартнома бастам. Якум қаҳрамони GFC (ҳоло EFC) будам. Бисёр одам бовар намекунад. Ду сол баъд Худо хоҳад ман барои камарбанди UFC рақобат мекунам."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG