Даҳ ҳамҷинсгаро дар Душанбе ба ҷиноят муттаҳам мешаванд

Ҳамҷинсгароён дар кишварҳои шӯравии собиқ пайваста аз озору азият шикоят мекунанд. Акс аз бойгонӣ

Дар пойтахти Тоҷикистон 10 ҳамҷинсгаро бо гумони паҳн кардани Бемории Норасоии Масунияти Бадан ё “ВИЧ/СПИД” боздошт шудаанд.

Дар ин бора Бароталӣ Ҳамидзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе 15-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон хабар дод.

Ҳамидзода гуфт, ин 10 ҳамҷинсгаро мард буда, ба олуда кардани 86 нафар ба бемории “ВИЧ/СПИД” муттаҳам мешаванд. Сардори идораи пулиси Душанбе дар ин бора маълумоти бештар надод.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, имсол ҳолатҳои зиёдро сабт карданд, ки ҳамҷинсгароён барои паҳн кардани бемории “ВИЧ/СПИД” мусоидат кардааст. Раҳимзода гуфт, ин афрод дигаронро дидаву дониста ба бемории норасоии масунияти бадан сироят карданд.

Ҳувийяти боздоштшудаҳо маълум нест ва рӯшан нест, ки онҳо дар бораи иттиҳоми алайҳашон эълоншуда чӣ назар доранд ва оё бо адвокат таъминанд ё на. Пештар ҳамҷинсгароён аз таъқибу озор диданашон аз сӯи мақомот ва аҳолӣ шикоят мекарданд. Бархе аз онҳо мегӯянд, шикояташон аз тарафи мақомот ҷиддӣ гирифта намешавад.

Вазири корҳои дохилӣ чӣ гуна ошкор шудани ин афродро нагуфт, вале роҳандозӣ шудани ҳар гуна рейди махсуси зидди ҳамҷинсгароёнро рад кард.

“Нисбати ҳамҷинсгароёне, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ гунаҳкор мешаванд, онҳоро дастгир карда истодаем. Албатта, ин масъала зери назорати ташкилотҳои байналмилалӣ аст. Мо рейд намегузаронем. Лекин ҳангоми содир кардани ҷиноятҳо ҳамавақт онҳо зери назорат ҳастанд,”-афзуд Рамазон Раҳимзода.

Масъалаи ҳамҷинсгароён дар ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос аст. Ақаллиятҳои ҷинсӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон "аз афроди осебпазир" ба шумор мераванд ва аз ин рӯ, аз ифшои ҳуввияти худ меҳаросанд ва танҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз рӯзгори худ мегӯянд. Теъдоди дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар як ҳолати камназир дар соли 2017 рӯйхати беш аз 300 намояндаи ақаллиятҳои ҷинсиро тартиб дода, гуфтанд, ин афрод ба "гурӯҳи хатар" шомил ҳастанд. Пас аз онки феҳрист мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, "феҳристро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб доданд".​

Мақомоти Тоҷикистон азият ва таъқиби ақаллиятҳои ҷинсиро рад карда, мегӯянд, қонунҳои кишвар ҳамаи шаҳрвандонро баробар зери ҳимоят қарор медиҳанд. Аз ҷумла, дар нишасти хабарии моҳи январи соли 2019 Зариф Ализода, он замон ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, гуфта буд, ҳамҷинсгароӣ “ба ахлоқи ҷомеаи мо мувофиқ нест. Вале ин ба маъное нест, ки мо онҳоро ҷазо диҳем ё таъқиб кунем.”

То ин дам баъзе аз намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ, ки дар Тоҷикистон зери фишору тарс зиндагӣ мекарданд, ба Аврупову Ғарб паноҳ бурдаанд. Айни замон, ин гурӯҳ иқрор мешаванд, ки дар ҷомеаҳои хориҷӣ ҳам маҷбур ҳастанд, ҳувийяти худро аз ҳамватанон пинҳон кунанд, чунки дар онҷо ҳам мавриди ҳамлаҳои лафзиву интернетӣ қарор мегиранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷавонеро, ки мегӯяд, ҳамҷинсгарост задаанд. Мақомоти Душанбе таҳқиқ доранд. ВИДЕОТоҷикистон "бо назардошти менталитет ҳамҷинсгароёнро ба артиш намебарад"Ҳамҷинсгароён дар феҳристи "гурӯҳҳои осебпазир"-и ТоҷикистонҲамҷинсгароён дар Тоҷикистон: Зиндагии дугуна ва пур аз озор