Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳрасти наздики 370 ҳамҷинсгароҳо дар кишварро таҳия кардаанд, ки ба қавли онҳо, бино ба сабаби афроди шомили “гурӯҳи осебпазир” буданашон, ба қайди оперативӣ гузошта шудаанд.
Дар ин бора маҷаллаи «Қонуният”-и сохторҳои ҳифзи қонун хабар дода, гуфтааст, ки ин шумори ҳамҷинсгароҳо дар амалиёти ходимони ҳифзи ҳуқуқ бо номи шартии “Ахлоқ” ва “Тозакунӣ”, ошкор ва мушаххас шудаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистн воқеан ҳам ба бахши гурӯҳҳои осебпазир шомиланд ва дар ҳолатҳои зиёд на танҳо аъзои ҷомеа, балки ходимони полис ҳам ҳуқуқи онҳоро нақз мекунанд.
"Барои саломатӣ ва бехатарӣ"
Дар маҷаллаи Қонуният”, ки моҳи октябр нашр шуд, омадааст, ки соли 2016 “гурӯҳҳои корӣ оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои осебпазири гомосексуалистон, лесбиянкаҳо, бисексуалҳо ва трансексуалҳо созмон дода шуд, ки дар натиҷа 367 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба гурӯҳҳои осебпазир шомиланд, дастрас карда шудаанд, ки аз ин миқдор 319 нафар ба ҳамҷинсгароии мард бо мард ва 48 нафари дигараш бо ҷимои зан бо зан мебошанд.”
Дар ин матлаб, ки аз ҷониби масъулини Додситонии кул нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ин афрод пас аз мушаххас кардани шахсияташон “дар қайдҳои махсуси опперативӣ гузошта шудаанд”. Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи ин рӯйхати вижа худдорӣ мекунанд, вале як масъули огоҳ аз ин рӯйхат ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, феҳрасти афроди осебпазир “ба хотири огоҳонидани онҳо аз нигоҳи амниятӣ ва солимӣ”, таҳия мешавад.
Ӯ гуфт: "Ин нафарон аз нигоҳи саломатӣ ва бехатарӣ шомили гурӯҳи осебпазир шудаанд. Шомили як рӯйхат кардани онҳо танҳо бо ҳадафи фаҳмондадиҳӣ сурат гирифтааст. Маълум аст, ки дар ҷомеаи мо бархӯрд бо онҳо сахт аст. Аз ин рӯ, бояд онҳо ҳаракатҳое накунанд, ки барангезандаи хашми сокинон шавад. Чунин амал кардани онҳо боиси содир шудани ҷиноят мешавад. Аз тарафи дигар, аз нигоҳи саломатӣ низ огоҳии онҳо боло бурда мешавад, чун хатари сироят ёфтани онҳо ба бемориҳои сироятӣ хеле зиёд аст.
Ҳамҷинсгароён ва ҷомеаи суннатии Тоҷикистон
Манзури ин ходими вазорати умури дохила, набуди таҳаммулпазирии аъзои ҷомеа дар Тоҷикистони суннатӣ ва аксар мусалмоннишин нисбат ба ҳама намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ мебошад. Вай гуфт, ки ҳодисаҳои таҳқир, латукӯб, ангуштнамо кардани ин гурӯҳи афрод зиёд аст, аз ин хотир ин афрод ё дар доираи афроди барои онҳо маълум ва амн мечарханд ваё ҳуввияти ҷинсии худро пинҳон нигоҳ медоранд.
Маъмулан, дар Тоҷикистон бо ҳамҷинсгароён бештар созмонҳои ҷамъиятӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор мекунанд. Масъулони созмонҳои ҷамъиятие, ки бо ин гурӯҳҳо кор мекунанд, мегӯянд, воқеан, агар ин рӯйхат ба хотири ҳифзи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён таҳия шуда бошад, кори дуруст аст, чун воқеан онҳо аз ҳама нигоҳ як гурӯҳи осебпазир дар ҷомеа ҳастанд. Аммо созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсӣ мегӯянд, ҳуқуқи онҳо на танҳо аз ҷониби сокинони оддӣ, балки аз ҷониби бархе аз кормандони мақомоти интизомӣ низ нақз мешавад.
Созмони байналмилалии IPHR моҳи июл дар як гузориши худ гуфта буд, ки намояндагони мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон “онҳоро метарсонанд, таҳдид ва ё ҳатто таҷовуз мекунанд ва аз онҳо мехоҳанд, ки барояшон ба ҳайси “гумошта” бо ҷамъоварии иттилоъ, кӯмак расонанд”. Иддаое, ки мақомоти тоҷик онро тӯҳмат медонанд ва вуҷуди чунин як кореро рад мекунанд.
"Маро барои рақси нодуруст лату куб карданд"
Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон мегӯянд, воқеан ҳам аз нигоҳи амниятӣ гурӯҳи осебпазир ҳастанд, чун дар маҷмӯъ ҷомеа таҳаммули онҳоро онҳоро надорад. Шӯҳрат, як ҷавони 26-сола, ки худро ҳамҷинсгаро меномад, рӯзи 16-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нофаҳмӣ ва бетаҳаммулӣ аз хонавода шурӯъ мешавад. Вай аз зиндагии худ гуфт, ки вақте падараш дар бораи ҳуввияти ҷинсии ӯ хабар ёфт, маҷбур шуд, тарки хона кунад. Ӯ мегӯяд, тарки хонаву даъво бо падар осеби сахти рӯҳӣ буд. Падар ва дигар пайвандонаш ба Шӯҳрат гуфтаанд, ки обрӯи онҳоро бурдааст.
Шӯҳрат аз хона рафту ҳоло дар шаҳри дигари Тоҷикистон ба сар мебарад. То чанде пеш дар як тарабхона кор мекард, вале пас аз як моҷаро, аз ин ҷо ҳам ронда шуд: “Дар тарабхона рақсу бозӣ буд. Маро як духтар ба рақс баровард. Вақте рақсидам, чанд ҷавони маст ба ман ҳамла карданд. Онҳо гуфтанд, ки ту мисли занҳо рақс кардӣ ва ин боиси нороҳатиашон шудааст”,- гуфт ӯ. Пас аз ин моҷаро Шӯҳрат ба пулис муроҷиат кардааст. Шӯҳрат мегӯяд, вақте навбатдорон сабаби моҷароро фаҳмиданд, дигар ӯро гӯш накарданд ва раҳбари тарабхона низ ӯро аз кор озод кардааст.
Талоши ҳама барои табобати "дард" равона шудааст
Акбар Ҳомидов, корманди як созмони ҷамъиятӣ, ки таҷрибаи зиёди кор бо гурӯҳҳои ҳамҷинсгароро дорад, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ ин аст, ки то ҳол дар Тоҷикистон ҳамҷинсгароиро “як беморӣ медонанд” ва фикр мекунанд, ки ин гурӯҳ барқасд ҳамҷинсгаро шудааст. Аз ин рӯ, бештари талоши ҳам мақомот ва ҳам сокинон бо рафторҳои хушунатомез ба табобати ин “дард” равона шудааст. Дар асл, ба гуфтаи Ҳомидов, ҳамҷинсгароӣ беморӣ нест.
Ҳомидов мегӯяд, чанд сол боз созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ миёни ин гурӯҳҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд. “Инҳо воқеан гурӯҳи осебпазир ҳастанд. Ҳамеша бо нигоҳи паст ба онҳо нигоҳ мекунанд. Ҳама талош мекунад, бо саркӯб карданашон онҳоро ислоҳ кунад. 80 дарсади ҳамҷинсгароён ҳаёти номуайян ва пинҳонӣ доранд. Аз ин, ки онҳо ҳаёти пинҳонӣ доранд, дигаро сӯистифода мекунанд. Гурӯҳҳое ҳастанд, ки онҳоро мегӯянд, ки агар пул пардохт накунӣ, туро беобрӯ мекунем”.
Ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон
Борҳо наворҳои латукӯби ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар як соли ахир чаҳор навори латукӯби ҳамҷинсгароён нашр шудааст, вале то ҳанӯз мақомот омилони латукӯби ҳамҷинсгароёнро, ки чеҳраҳояшон шинохта мешаванд, коре анҷом надодаанд.
Моҳи сентбяри соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи чанд узви гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро анҷом дод. Раҳбари ин гурӯҳро дар баробари чанд амали тахрибкорон, инчунин дар қатли як ҳамҷингаро дар Тоҷикистон низ муттаҳам дониста, барои як умр равонаи зиндон карданд.
Бори аввал аст, ки Вазорати корҳои дохилӣ наздики 400 нафарро ҳамчун ҳамҷинсгаро вориди рӯйхати вижа мекунанд. Вале шумораи дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест, ҳарчанд чанд соле пеш муаллифони як таҳқиқоти тиббӣ гуфтанд, ки эҳтимолан дар саросари Тоҷикистон то 20 ҳазор нафар марду зани ҳамҷинсгаро ва афроди хуносо (дуҷинса), вуҷуд дошта бошанд.