Парвандаи Давлатмурод Тоҷимуродов
Тобистони соли 2022. Ҳукумати Узбекистон дар фикри тағйир додани мақоми минтақае шуд, ки 2 миллион аҳолӣ дорад. Дар Қароқалпоқистон намоишҳои эътирозии бесобиқае бархост. Норозиёнро саркӯб карданд ва аз кушта шудани камаш 21 нафар гузориш доданд.
Ҳукумат маҷбур шуд, муваққатан аз нияташ даст кашад, вале дар ташкили намоишҳои эътирозие, ки ба хушунат печид, “нерӯҳои хориҷӣ”-и номаълумро гунаҳкор кард.
Ба зидди ходимони ҳифзи ҳуқуқ, ки ба сӯи мардум оташ кушоданд ва онҳое, ки амри тирпарониро доданд, ҳеч иттиҳом эълон нашуд. Раиси хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Қароқалпоқистон раҳбари Маҷлиси ин ҷумҳурии мухтор ва як мақоми баландпоя шуд.
Додситонӣ Давлатмурод Тоҷимуродов, ҳуқуқшинос ва журналисти маҳаллиро ба ташкили тавтеа бо ҳадафи ғасби қудрат ва барҳам задани сохти конститутсионӣ гунаҳкор кард. Тоҷимуродов дар мурофиаи додгоҳӣ дар Бухоро ба 16 сол зиндон маҳкум шуд. 16 нафари дигар барои нақш доштан дар намоишҳои эътирозӣ 8,5-солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Аз миёни онҳо танҳо Тоҷимуродов худро дар додгоҳ пурра бегуноҳ донист ва бар илова низоми додгоҳии Узбекистонро зери раҳбарии президент Шавкат Мирзиёев, ки мегӯяд, “Узбекистони нав” хоҳад сохт, сахт танқид кард.
Ӯ иттиҳомҳои эълоншуда, аз ҷумла шустушӯ ва масрафи пулро рад карда, ходимони милисаро ба шиканҷа ва мақомдоронро ба доман задани низоъ гунаҳкор донист.
Виталий Пономарёв, ҳомии ҳуқуқ аз созмони “Мемориал”, гуфт, Тоҷимуродов дар додгоҳ “саволҳои муҳим, суолҳои хеле муҳими бунёдӣ дод, ки шояд ҳамин миқдор аз ҷониби айбдоркунанда ҳам садо дода бошад”.
Намояндагони “Мемориал” барои назорат аз мурофиаи додгоҳӣ ба Бухоро рафтаанд ва ният доранд, дар бораи ҳодисаҳои Қароқалпоқистон гузорише ба нашр расонанд. Ба гуфтаи Пономарёв, Давлатмурод Тоҷимуродов то ҳодисаҳои соли гузашта дар Қароқалпоқистон як шахси маъруф буд ва “медонист, ки ба муҳлати дароз пас панҷара мефиристанд. Барои бисёр қароқалпоқиҳо баромади ӯ дар додгоҳ як қаҳрамонӣ буд.”
“Тоҷимуродов тавонист, дар додгоҳ бо далел собит кунад, ки иттиҳоми тавтеа будани эътирозҳо бепояву асос аст. Ӯ дар баёноташ ба ҳар як ҳолати зиддунақизи ин иттиҳомҳо ишора кард,” -- афзуд Пономарёв.
Аз миёни муттаҳамон панҷ нафар, аз ҷумла як хабарнигор Лолагул Қаллихонова баъд аз ним сол ҳабс шартан озод шуданд ва баъзеҳо гиряи худро дошта натавонистанд. Аксар муттаҳамон дар баёноти худ дар додгоҳ ба Тоҷимуродов ишора мекарданд.
Вале Давлатмурод Тоҷимуродов дар баёноташ гуфт, ҷудоиталаб нест. Матни ҳарфҳои ӯро сомонаи хабарии Gazeta.uz аз қароқалпоқӣ ба русӣ тарҷима ва нашр кард. Ӯ гуфтааст: “Дар талоши даст ёфтан ба истиқлол набудам. Сабабаш ҳам ҳамин ки мо зиндагии хубе (дар Узбекистон) доштем. Орзуи истиқлол ҷиноят буда наметавонад. Ман аз орзу кардан даст намекашам ва то охирин нафас орзу хоҳам кард. Ин ҷиноят нест, ин амал нест. Маро ҳамин ҳоло озод кунед ва ман ҳеч қадаме ба сӯи мустақилӣ намебардорам, вале орзуи ман намемирад.”
Дар авҷи ҳодисаҳо
Ҳукумати Узбекистон муддатҳо боз аз мақоми вижаи Қароқалпоқистон нороҳат аст. Дар аҳди Шӯравии собиқ ин ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Русия буд. Дертар ба ҳайати Узбекистони Шӯравӣ шомил шуд.
Баъд аз мустақил шудани Узбекистон мақоми Қароқалпоқистон монд. Ҳамчунин ҳаққи конститутсионӣ пайдо кард, ки референдуми ҷудо шуданро аз ҳайати Узбекистон ҳамроҳи тамоми нишонаҳои як кишвари соҳибистиқол ба даст овард. Моҳи июни соли 2022, вақте тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон дар Интернет нашр шуд, ҳамин банди қонун нопадид гардид. Дар дохили ин ҷумҳурӣ нигарониҳоро ба бор овард.
Давлатмурод Тоҷимуродов дар додгоҳ масъулияти ин мушкилро ба дӯши вакилони Маҷлиси Қароқалпоқистон гузошт. Ба гуфтаи ӯ, ин мавзуъ дар як ҷаласаи паси дарҳои бастаи Маҷлиси Қароқалпоқистон - ниҳоди болотарини ҳукумати ин ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст.
Баъди ин, масъала ба ихтиёри кумисюне, ки бо таҳияи матни Конститутсияи нави Узбекистон машғул буд, вогузор шуд. Ба қавли нозирон, ҳадафи асосии ислоҳот тамдиди муҳлати раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев мебошад.
Мирзиёев пас аз хунрезиҳо дар Қароқалпоқистон раиси ситодашро аз кор озод кард ва бархе чунин гуфтанд, ки эҳтимол мавзӯи тағйир додани мақоми ин ҷумҳурии мухтор аз забони гурӯҳҳои сиёсие дар Тошканд садо додааст. Вале Тоҷимуродов дар бораи раҳбари Узбекистон дар мурофиаҳои додгоҳӣ фақат бо лаҳни мусбат суҳбат кард.
Дар рӯзҳои пеш аз хушунатҳо дар Қароқалпоқистон Тоҷимуродов хеле фаъол буд. Ӯ гуфт, ки мулоқот доир карда ба мақомот муроҷиатнома мефиристод ва онҳоро дар бораи эҳтимоли фоҷеа огоҳ мекард. Дар ин бора инчунин ҳаводоронашро дар YouTube ва Telegram огоҳ карда, инчунин, корашро ба ҳайси сардабири нашрияи “Дар хидмати халқ” дома медод. Ба гуфтааш, ҳеч як талошаш барои ҳифзи сулҳ натиҷа надод.
Давлатмурод Тоҷимуродов гуфтааст, рӯзи 5-уми июл, дар ҳоле ки дар зинапояи масҷиди шаҳри Нуқус истода буд, ба сокинон хабар дод, ки аз мақомот иҷозаи ташкили раҳпаймоии сулҳомезро хостааст. Дафъаи дигар ӯро шоми ҳамон рӯз диданд, вақте ки ходимони милиса ӯро ҷавоб дода, хостанд, издиҳомро ором кунад. Дар вокуниш ба нопадид шудани ӯ ба кӯчаҳои Нуқус чандин ҳазор нафар баромада буданд.
Дар наворҳое, ки ин саҳнаро сабт кардаанд, дида мешавад, озод шудани ӯ мардумро хушҳол кардааст. Тоҷимуродов дар додгоҳ гуфт, ходимони милисае, ки ӯро боздошт карданд, гуфтанд, “барои як суҳбати профиалактикӣ” мебаранд.
“Суҳбатҳои профилактикӣ дар “Узбекистони нав”? Намедонам, агар ин ҳамон вақте бошад, ки ба рӯят ниқоб пӯшонда, ба дастат завлона мезананд, ба мошини зиндон андохта, бо электрошокер хала мезананд, латукӯб мекунанд. Вақте аз даҳонат хун меояд ва баъди ин аз суҳбати профилактикӣ ҷавоб медиҳанд?” - гуфт ӯ дар додгоҳ.
Мира Риттман, муҳаққиқи умури Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch (HRW), гуфт, “мояи нигаронӣ ин аст, ки ҳатто баъд аз баёноти муфассали Тоҷимуродов дар бораи латукӯб ва дигар ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқи инсон дар зиндон мақомот ба таҳқиқ майл нишон надоданд.”
Ӯ гуфт, “чунин хатар вуҷуд дорад, ки дар додгоҳ ҳама гуна баёноти зери шиканҷа ва дигар ҳолатҳои бадрафторӣ ҳамчун далел пазируфта мешавад.”
HRW дар гузорише моҳи ноябри соли 2022 гуфт, қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон дар беназмиҳои пурхушунат “бедалел” аз нерӯ истифода карданд ва ҳам аз силоҳҳои ҷангиву норинҷакҳои мадҳушкунанда кор бурданд.
“Робин Гуди маҳаллӣ”
Дар Қароқалпоқистон Тоҷимуродовро чун як ҳомии ашаддии арзишҳои қароқалпоқиҳо мешиносанд. Соли 2021, вақте Юлдуз Усмонова, овозхони маъруф бо изҳороти баҳсбарангезаш гуфт, қароқлапоқиҳо “мардуме ҳастанд, ки зери ҷомаи узбекҳо зиндагӣ мекунанд”, Тоҷимуродов ба зидди ӯ ба додгоҳ муроҷиат кард.
Оқилбек Муродбой, як фаъоли қароқалпоқиҳо, ки дар Қазоқистон зиндагӣ мекунад, гуфт, ин фақат як мисол аз фаъолияти Тоҷимуродов аст. Ба гуфтаи ӯ, “агар касе дар водии Фарғона ҳам дар бораи қароқалпоқиҳо чизе мисли ин гӯяд, он ҷо ҳам рафта аз болояш ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Ӯ ҳамеша бар асоси қонун амал кардааст,” -- афзуд Муродбой.
Ба гуфтаи Оқилбек Муродбой, дар Қароқалпоқистон Тоҷимуродов хадамоти ҳуқуқии тақрибан ройгон ва ё бо пули ночизе пешкаш мекард. “Мисли Робин Гуд буд,” -- мегӯяд ӯ.
Муродбой афзуд, Тоҷимуродов ҳарчанд нисбат ба ҳукумат ва мақомот дидгоҳи танқидӣ дошту аз изҳори назараш намеҳаросид, як хати сурхеро ҳам риоя мекард. “Масалан, ҳеч гоҳ Мирзиёев ва Мурод Камолов, собиқ раиси Маҷлисро танқид намекард. Баъзеҳо мегуфтанд, ӯ зери ҳимояти Камолов аст, чун ба журналистони дигар иҷоза набуд, ки мисли ӯ гап зананд,” – нақл кард Муродбой.
Тоҷимуродов дар додгоҳ аз Камолов ситоиш кард ва гуфт, ба ӯ имкон медод, ки ҳарфи дилашро бигӯяд. Вале айбдоркунанда дар додгоҳ гуфт, Тоҷимуродов дар фикри барканории Камолов буд, ки як моҳ баъд аз беназмиҳои Қароқалпоқистон аз вазифа сабукдӯш шуд.
Кумисюни таҳқиқи ҳодисаҳои Қароқалпоқистон дар моҳи сентябри 2022 таҳти раёсати Омбудсмени Узбекистон бо Тоҷимуродов дар зиндон мулоқот кард ва гуфт, ӯ ҳеч шикояте аз бадрафторӣ надорад. Дар аксе, ки баъд аз мулоқот нашр шуд, чеҳраи Тоҷимуродов дида намешуд. Ҳанӯз кумисюн хулосаҳои ҳукуматро дар бораи эътирозҳои Қароқалпоқистон нашр накардааст.
Ҳам кори кумисюн ва ҳам мурофиаи бози додгоҳӣ аз рӯи ин қазия аз ҳодисаҳое, ки дар давраи Ислом Каримов буд, фарқ мекунад. Соли 2005 баъд аз саркӯби бераҳмонаи эътирозгарон дар Андиҷон ва ҳам қатли садҳо нафар таҳқиқи ин ҳодисаҳо аслан барпо нашуд.
“Хатми шиканҷа”
Моҳи июли соли гузашта, вақте баъзеҳо саркӯби эътирозҳои Қароқалпоқистонро бо Андиҷон муқоиса мекарданд, вакили маҷлис ва узви кумисюн Бобур Бекмуродов дар Twitter навишт, ки “аз рӯи адолат” нест. Ӯ гуфт, баъд аз ҳодисаҳои Қароқалпоқистон журналистонро роҳ доданд, ки бо вазъи минтақа шинос шаванд ва агар раҳбар Каримов буд, ӯ бераҳмона амал мекард. Баъд Бекмуродов бо ишора ба Тоҷимуродов пойфишорӣ мекард, ки ҳеч як боздоштшуда аз шиканҷа шикоят накардааст.
Вале бархе ба ин фикранд, ки чанде аз озодшудаҳо дар толори додгоҳ метавонанд, мавриди истифодаи Тошканд алайҳи Тоҷимуродов қарор гиранд. Лолагул Қаллихонова, ки боздошташ 1-уми июл мавриди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардид, баъди баромадан ба озодӣ дар мусоҳиба бо Gazeta.uz аз кори додгоҳ ситоиш кард.
Қаллихонова гуфт, муфаттишоне, ки бо ӯ сӯҳбат карданд, “босаводу маданӣ” ва дар ҷараёни мурофиа хушмуомила буданд. Вай, ки аз зиндони воқеӣ раҳо шуда тавонист, гуфт, ӯ ва ҳамкори собиқаш Тоҷимуродов сазовори ҷазо барои беназмиҳо мебошанд. “Ҳама кори хубе, ки то замони ислоҳоти конститутсионӣ ҷой доштанд, давом хоҳанд кард. Ман аз раҳбари давлатамон сипосгузорам,” -- гуфт ӯ ва ин ишорааш ба Мирзиёев буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Раиси порлумони Қароқалпоқистон аз мақом барканор шудҲаракати қатораҳо миёни Қазоқистону Узбекистон дигарбора ба таъхир афтодСокинони Қарақалпоқистон дар эътироз ба надодани кумакпулӣ роҳро бастандДавлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шудДар Қарақалпоқистон 89 ҳазор хонаро бозҷӯӣ ва 132 касро боздошт кардандҶанҷолу хунрезӣ, интиқоли қудрат ва интихоботи бе рақобат. Як соли Осиёи Марказӣ