Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати қатораҳо миёни Қазоқистону Узбекистон дигарбора ба таъхир афтод


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Қазоқистону Узбекистон, ки қарор буд, 2-юми майи оғоз шавад, дубора ба таъхир афтод.

Ба иттилои ширкати роҳи оҳани Узбекистон, ҳаракати қатораҳо ба далели ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Қазоқистон ба таъхир гузошта шуд.

"Ин тасмим дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон қаблан эълом карда буд, ки аз 2-юми майи имсол дар масири "Алмато-2 - Тошканд - Алмато-2" қатораҳо дубора ба ҳаракат медароянд.

Ҳамчунин қарор буд, дар масири "Нукус (Узбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) - Нукус" низ қатораҳо ба ҳаракат дароянд.

XS
SM
MD
LG