Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатмурод Тоҷимуродов 16 сол зиндонӣ шуд


Нуқус, моҳи июли соли 2022
Нуқус, моҳи июли соли 2022

Додгоҳи Қарақалпоқистон дар Узбекистон рӯзи 31-уми январ ҳукми 22 нафарро дар пайванд ба ҳодисаҳои Нуқус эълон кард.

Давлатмурод Тоҷимуродов, муттаҳами асосии қазия, 16 сол зиндонӣ гардид.

Ӯро ба "Тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ё барҳам задани сохти конститутсионии Узбекистон", "Ғорат", "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гунаҳкор кардаанд.

Пештар додситон барои ӯ 18 сол зиндон талаб карда буд. Иҷрои ҷазо аз 5-уми июли соли 2022 ҳисоб карда хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, Давлатмурод Тоҷимуродов ба пардохти ҷуброни зарари моддӣ ба маблағи бештар аз 20 ҳазор доллар вазифадор шудааст.

Чанд айбдоршавандаи дигар дар доираи парвандаи мазкур ҳукми маҳдудият аз озодӣ гирифтаанд.

Эътироз дар Қарақалпоқистон баъд аз он шуруъ шуд, ки тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2-юми июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG