Сафорати Британиё дар Тоҷикистон бо нашри як эълон аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар додааст. Ба сафорат маълум шудааст, ки барои ҷалби коргарони мавсимии кишоварзӣ ба кор дар Бритониё пешниҳодҳои қалбакӣ зиёд шудааст.
Сафорат корҷӯёнро огоҳ кардааст, ки ба чунин даъватҳои қаллобон бовар накунанд. Дар эълон таъкид шудааст, ки сафорати Бритониё дар Душанбе чунин раводид намедиҳад ва хоҳишмандон бояд танҳо ба марказҳои машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари Хадамоти муҳоҷират ва барои пардохти пули расмии виза ба ширкати TLS муроҷиат кунанд.
Барои гирифтани раводид аз корҷӯён пешпардохт талаб намешудааст. Баъди берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ба даъвати муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба корҳои мавсимӣ дар киштзорҳои ин кишвар ҷалб шудаанд.
Тобистони соли гузашта мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, 126 нафарро барои кор ба ин кишвар фиристодаанд ва 200 нафари дигар интизори виза ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қирғизистон ба Бритониё 2 ҳазор муҳоҷири корӣ мефиристадФарқи кор дар Русия ва Бритониё. Муҳоҷирон аз чӣ розӣ ва аз чӣ норозиянд? ВИДЕОМуҳоҷирони тоҷик аз будан дар Бритониё хушҳоланд, аз музди корашон не