Ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки барои корҳои мавсимӣ ба Бритониё рафтаанд, аз шароити кор дар онҷо хушҳоланд, вале на аз музди кор. Онҳо мегӯянд, ҳаққи заҳмат дар ним сол танҳо барои хароҷоти зиндагӣ мерасаду бас. Айни замон муҳоҷирон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ пуштибон ёфтаанд.
Аз кор хушҳоланд, вале маоши бештар мехоҳанд
Пас аз беруншавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ҳазорҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои кори мавсимӣ дар ин кишвар имкон ёфтанд. Соҳибони хоҷагиҳои кишоварзии Бритониё мегӯянд, агар имсол нерӯи корӣ аз хориҷ наоранд, ҳосили меваву сабзавоташон дар киштзору боғҳо нобуд хоҳад шуд.
Ҳукумати Бритониё тасмим дорад, имсол барои ҷамъоварии меваву сабзавот ба 40 ҳазор муҳоҷири корӣ раводид (виза) диҳад. Дар ин рӯйхат тоҷикон бо наздик ба як ҳазор иҷозати кори мавсимӣ баъд аз Украина, Русия, Булғористон ва Беларус дар ҷойи панҷум қарор доранд.
Як мардикори 25-солаи узбек дар минтақаи Милтон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Русия ба ҳисоби миёна моҳе баробари 500 доллари Амрико маош мегирифт. Дар Бритониё 1500 доллар мегирад. Ин ҷавон аз вилояти Марғелони Узбекистон афзуд, дар Русия хавф дошт, ки кордиҳанда пулашро намедиҳад, аммо дар Бритониё зери ҳимояи қонун аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Аммо муҳоҷири дигаре, ки нахост номаш ошкор шавад, варақаи маошашро ба Радиои Озодӣ нишон дода, таъкид кард, ки дар як ҳафтаи моҳи август ва пас аз пардохти бима (суғурат)-и миллӣ 380 доллар гирифтааст. Аз ин пул 72 долларашро барои ҷойи иқомат гирифтаанд. Он як хуҷраи хурде дар дохили вагоне аст, ки соҳибони хоҷагиҳои кишоварзӣ фароҳам меоранд.
Назари пажӯҳишгари англис
Пажуҳишгари англис Кристофер Аслан Александер солҳои зиёдеро дар Осиёи Марказӣ сипарӣ намуда, дар ин бора чанд китобе ҳам навиштааст. Ӯ ба ин гуфтаи муҳоҷири тоҷик мувофиқ аст:
“Кэмбриҷ шаҳри гарон нест. Дар муқобили якуним ҳазор фунт стерлинг метавонед, манзилеро бо се ҳуҷраи хоб ва ташноб ба иҷора гиреду шаш нафар он ҷо иқомат кунад. Аммо дӯстони мардикори ман тақрибан ҳамон маблағро пардохт намуда, шаш нафар дар вагон ба сар мебаранд. Ба фикри ман, чунин ҳол хуб нест. Ман аз қонунгузорон талаб мекунам, ки шояд қонунро иваз карда, шароити кори муҳоҷиронро беҳбуд бахшанд ва кордиҳандагон водор шаванд, манзили арзонтареро барои зисти муҳоҷирон фароҳам оранд.”
Александер аз вакили мардумии ин минтақа дархост намудааст, ки масъаларо дар миён гузорад. Аммо як гурӯҳи хурде аз мардикорон мунтазири ҳалли расмии масъала нашудаанд. Онҳо, зоҳиран, хилофи шартнома кор дар хоҷагиҳои кишоварзиро канор гузошта, ба умеди маошу шароити беҳтар ба шаҳрҳои бузург рафтаанд.
“Мизбонӣ” ва “меҳмонӣ”
Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ин амал муҳоҷиронро аз чорчӯби қонун хориҷ карда, ба кордиҳандагони нопок имкон медиҳад, аз онҳо суистифода намоянд. Ин донишманд доимо ба аёдати дӯстонаш аз Осиёи Марказӣ рафта, талош мекунад, меҳмоннавозии мардуми ин минтақаро ҷуброн кунад.
"Ман дарёфтам, ки ин ҷо ман "мизбон" ҳастаму онҳо "меҳмон". Кӯшиш мекунам, ҳатто дар корҳои майда-чуйда ба муҳоҷирон кумак расонам. Масалан, ба онҳо нишон медиҳам, ки чӣ гуна корти хариди ғизои арзонро дар фурӯшгоҳҳо ба даст оранд. Онҳоро бо маконҳои зебои шаҳрамон ошно мекунам. Онҳоро ба фурӯшгоҳҳои арзон мебарам. Хуллас, ҳоло ҳамин корҳоро анҷом медиҳам," – гуфт Кристофер Аслан Александер.
Барномаи даъват ба ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ дар Бритониё камаш то ду соли дигар идома хоҳад дошт ва сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикистониҳо, хоҳанд тавонист, ки барои кор ба он ҷо сафар кунанд. Вале шумори зиёде аз муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки дар давоми шаш моҳи кор дар Бритониё чизе бештар аз хароҷоташон ба даст хоҳанд овард ё не?
Гуфтугӯ