Китобҳои мамнуъ ё чопи аз меъёр зиёд?
Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, рӯзи 3-юми феврал гуфт, соли гузашта дар ҷараёни санҷиш "теъдоди зиёди қонуншиканиҳо, чопи ғайриқонунӣ ва овардани адабиёти динӣ аз хориҷ" ошкор шуд.
Ӯ афзуд: "Мақсад аз гузарондани ташхис муайян кардани он буд, ки мазмун ва муҳтавои адабиёт хусусияти экстремистӣ дорад ё не. Оё ин адабиёт хонандаро ба хулқи ҳамида ва ба некию некӯкорӣ даъват мекунад ё ба ифротгароӣ ва радикализми динӣ? Дар ҷараёни "рейд" теъдоди муайяни китобҳо мусодира карда шуданд," -- афзуд муовини раиси Кумитаи дин.
Видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот мушаххас нагуфтанд, ки аз нуқтаҳои китобфурӯшӣ кадом адабиёти мамнуъро ёфтанд. Бисёре аз китобҳое, ки дар назди Масҷиди марказӣ фурӯхта мешуданд, бо иҷозаи худи Кумитаи дин чоп мешуданд.
Дӯконҳои китобфурӯшӣ дар назди Масҷиди марказии Душанбе яке аз маконҳои асосии дастрас кардани адабиёти динӣ дар пойтахт аст. Моҳи августи соли 2022 дари ин дӯконҳоро бастанд. Мақомот он вақт қазияро шарҳ надоданд.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими анъана, рӯзи 3-юми феврал як сабаби бастани дӯконҳоро чопи аз меъёр зиёди адабиёти динӣ номид.
"Барои 5 ҳазор нусха иҷоза гирифтаанд. Дар асл аз меъёр зиёд аст. Ин мавридҳо, намедонам, ба хотири рӯйпӯш кардани андоз (молиёт) аст ё даромади иловагӣ," – гуфт Давлатзода.
"Харидорон меоянд, аммо ғамгин мераванд"
Тоҷирон ҳозир нашуданд, дар назди дурбин суҳбат кунанд.
Яке аз онҳо, ки ба хотири ҳассос будани мавзуъ нахост, номаш зикр шавад, гуфт: "Ваъда доданд, баъд аз ташхис ба фурӯши адабиёти динӣ иҷозат медиҳанд, аммо китобҳоро бурданд. Ҳоло иҷозат доданд, ки дӯконҳоро кушоем, вале фурӯши китобҳои динӣ маҳдуд аст. Ҳар рӯз муштариён барои харидани Қуръон ва дигар адабиёти динӣ меоянд, аммо ғамгин ва дасти холӣ бармегарданд."
Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси Кумитаи дин, мегӯяд, барои фурӯши адабиёти динӣ дар кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст.
Бори аввал нест, ки барои фурӯши адабиёти динӣ дар кишвар мушкилӣ пеш меояд. Соли гузашта мақомот иҷозат надоданд, ки як соҳибкор аз Афғонистон 13 тонна китоби Қуръон биорад. Гуфтанд, ӯ иҷозат нагирифта буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум ва монеъ шудан ба иҷрои расму оини мазҳабӣ танқид кардаанд. Мақомот ин танқидҳоро қабул надоранд.