Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси “Қуръон” ва забон. Дар мадрасаҳои тобистона ба духтарон чӣ меомӯзанд? ВИДЕО


Мактабҳои тобистонаи динӣ дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Мактабҳои тобистонаи динӣ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон мактаб ё лагерҳои тобистонаи мазҳабӣ барои духтарон маъруфият касб мекунанд.

Дар ин дарсҳо ба духтарон сураҳои “Қуръон” ва қоидаҳои намозгузорӣ омӯхта мешавад. Мактаби тобистонаи мазҳабӣ барои Қирғизистон тамоюли нисбатан нав аст. Шумори дақиқи онҳо маълум нест, вале интернет пур аз эълон барои даъват ба мактабҳои тобистона аст. Ин муассисаҳо аз сӯйи давлат назорат намешаванд ва дар аксар маврид ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба як мактаби тобистонаи мазҳабии духтарона рафт.

Ба духтарон чӣ дарс медиҳанд?

Мактаби тобистонае, ки ягон писар надорад. 60 духтари аз 9 то 12 сола дар ин лагер таълими динӣ мегиранд. Онҳо аз оғози ҳафта то рӯзи ҷумъа дар мактаб дарс мехонанду ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд. Рӯзҳои таътил духтаронро ба хонаҳояшон мефиристанд. Муассисони мактаби тобистона мегӯянд, ҳадафи аслӣ омӯзиши қонунҳои исломи анъанавӣ барои кӯдакон аст.

Муҳаббат Сулаймонова, муаллимаи лагери мазҳабӣ мегӯяд, онҳо ба волидон дар тарбияи дурусти фарзанд кӯмак мерасонанд. “Мо ҷавононро ба некукорӣ даъват мекунем ва аз роҳи бад мегардонем. Ба кӯдакон бояд таълими динӣ дода шавад. Афроди зиёде ҳастанд, ки фарзандони худро ба волидонашон супурда, нигоҳубин намекунанд. Кӯдакон аксари вақт дар телефон ҳастанд. Волидони зиёде шикоят мекунанд, ки фарзандашон тамоми вақти худро дар телефон мегузаронанд ва дарс намехонанду ба ҳарфи волидон гуш намедиҳанд. Онҳо барои тарбияи кӯдакон кӯмак мехоҳанд. Ҳадафи мо тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи эҳтироми волидон аст.”,--гуфт ӯ.

Аз таҳорату намоз то омӯзиши забони хориҷӣ

Дар давоми 15 рӯзи таҳсилу зиндагӣ дар мактаби тобистона ба духтарон сураҳои “Қуръон” ва қоидаҳои таҳорату намозро меомӯзонанд.

Радия Тошбекова, муррабӣ-омӯзгори лагери динӣ, синфхонаи мактаби тобистонаи диниро ба хабарнигорон нишон медиҳад ва мегӯяд, дар ин бино шароити мусоид фароҳам аст. “Ин бинои сеошёна аст. Мо ҳоло дар ошёнаи дуюм қарор дорем, ки дар ин ҷо се синф мехонад. Ин синфи 1-и ”Б” аст, онҳо алифбои арабиро меомӯзанд. Барои хондани “Қуръон” омода мешаванд. Ана, ин гурӯҳро, мо гурӯҳи “якум бо омӯзиши ҷиддӣ” меномем. Онҳо пештар исломро наомӯхтаанд. Бинобарин мо аз сифр шурӯъ кардем.”,--гуфт ӯ.

Амина, яке аз хонандаҳои мактаби тобистонаи динӣ аст. Вай мегӯяд,"дар ин лагер мо тарзи дурусти хондани “Қуръон”-ро меомӯзем. Ҳамчунин сураву ҳадисҳоро мехонем. Мо 5 қоидаи асосии исломро омӯхтем. Ин ҷо боз имкон дорем аз се забони хориҷӣ, арабӣ, туркӣ ва ё англисӣ якеро интихоб карда, омӯзем.”

Ин муассисаро Комиссияи давлатӣ оид ба дин ҳамчун созмон сабти ном кардааст. Аммо барои фаъолияти он чун лагер ё мактаби тобистонаи динӣ иҷозатнома надорад. Муассисонаш мегӯянд, мактаб имсол бо хоҳиши зиёди волидон кушода шуд ва ба кӯдакон аз рӯйи китобҳои нашркардаи муфтиёт дарс дода мешавад.

“Дар давраи пандемия чунин мактабҳо ташкил нашуданд, бинобарин имсол муфтиёт ба қозиёт дастури шифоҳӣ дод, ки “агар касе имкони таъсиси лагер ё мактаби тобистона дорад, мо зид нестем. Ба раҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру оинномаҳо дода шудаанд, иҷозатномаи Комиссияи давлатӣ ва санадҳои лозимӣ ҳам ҳаст. Мо танҳо ба муассисаҳои таълимӣ чунин супориш додаем. Таълимот тибқи мазҳаби ҳанафӣ сурат мегирад. Ақидаву ҷарраёнҳои дигари ислом омӯхта намешаванд.”,-- гуфт, Саймиддин Атобоев, намояндаи қозиёт.

Тарс аз мадрасаҳои динӣ

Қонун дар Қирғизистон, дарси иловагии диниро барои кӯдакон пешбинӣ накардааст. Аммо дар интернет даҳҳо эълон дар бораи мактаб ё лагер ва боғчаҳои динӣ нашр шудааст. Гулшан Абдиллаева, сармуттахасиси Вазорати маорифи Қирғизистон, мегӯяд, чунин мактаб ё лагерҳои тобистонаи динӣ бояд ба талаботи беҳдоштӣ пурра ҷавобгӯ бошанд ва барномаи онро ҳам давлат назорат кунад. “Аз таъсиси лагер бояд ҳатман ҳукумати маҳаллӣ огоҳ карда шаванд. Ҳамчунин кори он бояд ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ бошад. Бояд маълумотномаи тиббии ҳар як кӯдакро дошта бошанд. Нохост кӯдак ягон бемории ҷиддӣ дошта бошад, онҳо ҷавобгар хоҳанд буд. Онҳо бояд барномаи таълимии худро ба Раёсати маориф пешниҳод кунанд. Зеро тибқи сарқонун таълим бояд дунявӣ бошад.”,--гуфт ин мақомдори қирғиз.

Бархе аз муаллимон аз фаъолияти мактабҳои тобистонаи динӣ хушнуд нестанд. “Як усули хоси кор бо кӯдакону наврасон вуҷуд дорад. Хонандагон ҳарфи омӯзгорро чун воқеият қабул мекунанд. Ин таҳдид ҳам вуҷуд дорад, ки агар муаллим исрор кунад, ки ҳатман бояд намоз хонду ҳиҷоб пӯшид, кӯдак инро ҳатмӣ қабул карда, аз рӯйи он амал хоҳад кард. Ман аз ҳамин метарсам.”,--гуфт Асилбек Давлаталиев, коршиноси масоили диннӣ.

Ҳоло дар Қирғизистон садҳо лагер ё мактабҳои мазҳабии тобистона фаъолият доранд. Имсол Вазорати маориф 750 лагер ё фароғатгоҳи наздимактабиро таъсис додааст, ки дар он 7 ҳазор кӯдак фаро гирифта шудаанд. Даҳҳо лагери дигар дар назди Иттифоқҳои касаба фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG