Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ сабаби роҳ надодани 13 тонна китоби "Қуръон"-ро аз Афғонистон ба Тоҷикистон шарҳ дод. Сулаймон Давлатзода рӯзи 25-уми июл дар Душанбе гуфт, “ин миқдор китоб пеш аз вуруд аз санҷиш нагузашта буд.”
“Тибқи муқаррароти қонун ҳамагуна адабиёти диниро пеш аз ворид кардан ба Тоҷикистон бояд аз ташхиси диншиносӣ гузаронанд. Тартибе, ки пеш аз ворид кардани 13 тонна китоби “Қуръон” риоя нашуд ва ба ин хотир идораи гумрук онҳоро бозпас фиристод,” – гуфт Давлатзода.
Мақомот нагуфтанд, ки дар умум нусхаи он китобҳоро санҷиданд ё не ва хулосаашон чӣ будааст, вале чанд дафъа такрор карданд, ки “барои ташхис муроҷиат нашуд”.
13 тонна “Қуръон”-ро дар аввали имсол як соҳибкор мехост, ба Тоҷикистон ворид кунад. Ному насаби ӯ ошкор намешавад ва маълум нест, пеш аз овардани ин миқдор китоб ба мақомот муроҷиат карда буд ё не.
Тибқи омори расмӣ, беш аз 90 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд. Хабари роҳ надодани китоби барои мусалмонон муқаддас ба Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳоеро ба миён овард. Рӯзи 25-уми июл хабарнигорон ҳамин нигарониҳоро аз раиси Кумитаи дин пурсиданд.
“Вақте адабиёти динӣ мегӯем, ҳамагуна адабиётро дар назар дорем. Қуръон аст, ҳадис аст ё китоби муқаддаси пайравони динҳо дигари аст, фарқ надорад. Тартиби ворид кардан ба Тоҷикистон чунин аст. Бояд пеш аз овардан бояд аз ташхис гузаронда шавад,” – гуфт Сулаймон Давлатзода.
Мақомоти Тоҷикистон соли 2009 ва пас аз қабули қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, воридот ва нашри адабиёти диниро зери назорати ҷиддӣ гирифтаанд. Аз он сол ба баъд бе иҷозаи мақомот ворид кардан ё чопи адабиёти динӣ манъ аст.
Мақомот ин корро барои пешгирӣ аз паҳн шудани адабиёти ифротӣ дуруст медонанд, аммо баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар онро танқид мекунанд.
Дар ин миён баъзе аз сокинони кишвар аз камбуди “Қуръон” дар дохили кишвар мегӯянд. Масъулони Кумитаи дин гуфтанд, чопи “Қуръон”-ро дар дохили кишвар ба роҳ монда, имсол 12 ҳазор нусхаи онро нашр карданд.
Дар шаш моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1350 адабиёти диниро санҷида, ба 152 адади он хулосаи манфӣ додаанд.