Вазорати молияи Амрико нисбат ба ширкати хусусии низомии "Вагнер" дар Русия таҳримҳои бештар ҷорӣ кард. Ин ширкат барои пеш бурдани ҷанг алайҳи Украина мадад мекунад.
Ҷон Кирби, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, дар нишасти хабарии 20-уми январ гуфт, дар рӯзҳои наздик ба гурӯҳи "Вагнер" унвони "созмони ҷиноии фаромиллӣ" ҳам дода хоҳад шуд.
Вай афзуд: "Ба ҳисоби мо, Вагнер тахминан 50 ҳазор нафар, аз ҷумла 10 ҳазорро шартномавӣ ва 40 ҳазор нафарро зиндонҳо дар Украина ҷой додааст. "
Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, ба иттилои онҳо, Кореяи Шимолӣ гурӯҳи "Вагнер"-ро бо силоҳ таъмин мекунад. Ӯ афзуд, ҳарчанд силоҳҳо вазъи ҷангро чандон тағйир надоданд, Амрико амали Кореяи Шимолиро маҳкум кард ва аз Пхенян хост, ба "Вагнер" силоҳ надиҳад.
Кирби гуфт, таҳримҳои иловагии ҷоришуда нисбат ба "Вагнер" имкониятҳои фаъолияти ин гурӯҳро бо шарикони байнулмилалиаш маҳдуд хоҳад кард.
Гурӯҳи "Вагнер"-ро, ки ба Евгений Пригожин, соҳибкор ва як дӯсти наздики президенти Русия Владимир Путин, вобаста медонанд, дар ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина на танҳо аз низомиёни кироя, балки инчунин аз нерӯи зиндониҳо истифода мекунад.
Наздикони чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ходимони "Вагнер" бо ваъдаи сабукӣ ва ҳатто афв онҳоро ба ҷанг мебаранд. Ҳолатҳои маҷбуран ба ҷанг бурдани зиндониҳо, аз ҷумла тоҷикистониҳо, вуҷуд дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Узви баландпояи "Вагнер" аз Норвегия паноҳандагӣ хостПригожин гуфт, “бист зиндонӣ бахшида шуд”, вале..."Дар Русия зиндонӣ буд, дар Украина кушта шуд." Дафни ду муҳоҷири тоҷик. ВИДЕО"Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?Нашри видеои қатли як зархариди ЧВК Вагнер, ки таслим шуда будВаъдаи маошу паноҳгоҳ. Русия нерӯҳои омӯзишдидаи ҳамсояи Тоҷикистонро ба куҷо мебарад?