Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви баландпояи "Вагнер" аз Норвегия паноҳандагӣ хост


Як марди рус, ки эҳтимол дар ҳайати гурӯҳи хусусии "Вагнер" мақоми баланди низомӣ дошт, дар Норвегия дархости паноҳандагӣ кардааст.

Намояндагони раёсати муҳоҷирати Норвегия дар суҳбат бо "Ассошиэйтед Пресс" аз ӯ Андрей Медведев ном бурданд.

Вакили мудофеи Медведев феълан барои суҳбат дастрас нест. Парвандаи ӯ дар салоҳияти Полиси муҳоҷирати Норвегия буда, худаш барои ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ҷавобгар аст. Ӯро ба шаҳри Осло бурдаанд.

Дар ҳоле ки полис аз шарҳи парванда худдорӣ мекунад, худи ӯ дар суҳбат бо созмони "Гулагу.нет" гуфт, омода аст, бо ниҳодҳои тафтишотии Норвегия ва кишварҳои дигари аврупоӣ ҳамкорӣ карда, дар бораи қонуншиканиҳое, ки гурӯҳи низомии Вагнер ба раҳбарии Евгений Пригожин содир кардааст, баёнот бидиҳад.

Пригожинро шахси наздик ба президенти Русия Владимир Путин номида, ӯ ва созмонашро ба ҷалби ғайриқонунии зиндониҳо барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ва ҳам азияту шиканҷа ва қатли мухолифони ҷанг муттаҳам мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG