"Раҳ ба раҳ мардум меафтанд. Мезанад, дасту пояш мешиканад" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сармо

Сармои сахти 3 рӯзи ахир нигаронии сокинонро аз вазъи нигаҳдории роҳҳову низоми гармидиҳии манзилҳояшон бештар кардааст. Агар рӯзи аввали бориши барф ҳаракати нақлиёт ба мушкил рӯ ба рӯ шуд, ҳоло ҳаракати сокинон дар роҳҳои яхбастаи пойтахт хатарзо шудааст.

Ҳамза Шарипов, сокини Душанбе, аз зумраи онҳоест, ки рӯзи 13-уми январ дар маҳаллаи 102-юми пойтахт бо эҳтиёт гаштугузор мекард, то наафтад. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин чанд рӯз чандин бор шоҳиди афтодани сокинон дар роҳҳои яхбаста шудааст: "Вазъ безеб, намак-памак напошидаанд, раҳ ба раҳ мардум тарап-тарап меафтанд. Албатта хатарнок аст, мезанад дасту пояш мешиканад, баъд ба духтур рафта зораву нола мекунӣ."

Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бархе хиёбонҳо, аз ҷумла роҳҳои мошингарди маркази Душанбе регу намак пошидаанд. Сокинон гуфтанд, бояд ин корро дар дигар ҷойҳо ҳам мекарданд, на фақат дар марказ. Дар ин рӯзҳои сард мушкили дигар шушаяхҳои азимест, ки аз бомҳои биноҳои баландошёна овезонанд. Дар бархе биноҳои истиқоматӣ, махсусан оби нӯшокӣ ях баста, сокинонаш беоб мондаанд.

Ба қавли Муҳаммад Сулаймонов, сокини Душанбе, мушкили дастрасӣ ба об бештар дар ҳавлиҳост: "Аз хунукии зиёд об ях карда буд, об беҳад ях буд. Азоб буд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳаракат дар кӯчаҳои яхбастаи Душанбе хатарзо шудааст

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин рӯзҳо ба майдони шикояти корбарон аз низомӣ гармидиҳии пойтахт табдил шудааст. Аксарият шиква доранд, дар ин рӯзҳо ҳарорати лулаҳои гармидиҳӣ ё батареяҳо ба таври кофӣ гарм нест ва онҳо маҷбуранд, ки барои гарм кардани манзилашон аз печҳои барқӣ истифода баранд.

Шервони Умриддин, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, аз онҳоест, ки дар сафҳаи фейсбукии худ навишт, "Дар ин сардиҳо дар маҳаллаи 102, кӯчаи Муҳаммадиев назди Донишкадаи забонҳо гармидиҳӣ суст кор мекунад. Умуман масъулият нест!!! Ба кӣ арзамонро гӯем???". Зери ин навишта чанд нафар аз корбарони "Фейсбук" шарҳ гузоштаанд, ки онҳо низ айни мушкилро доранд.

Худи Шервони Умриддин, рӯзи 13-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд рӯзи ахир бо сард шудани ҳаво кори батареяҳои гармидиҳияшон бадтар шудааст: "Соли гузашта мо ҳатто бе курпа мехобидем. Ҳоло бухориҳо ширгарм. Нисбати соли гузашта он қадар хуб нест. 3-4 рӯз шуд ҳамин аҳвол идома дорад."

Мақомоти Душанбе гуфтанд, барои покиза кардани роҳҳо аз барф ва таъмини бехатарӣ 200 техникаро сафарбар карда, севвуним ҳазор корманди бахши коммуналии пойтахт ва Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ҷалб шудаанд. Чизе, ки бархе сокинон гуфтаанд, на дар ҳама гӯшаҳои пойтахт ба назар мерасад.

Ҳавошиносони тоҷик ҳушдор доданд, дар 5 рӯзи оянда сармои қаҳратуне ҳукмфармо хоҳад шуд, ки дар 15 соли гузашта дида нашудааст. Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ бо нашри як огаҳӣ дар вебсайти расмиаш гуфт, ки аз рӯзи 14-ум то рӯзи 18-уми январ ҳаво дар баъзе аз ноҳияҳои куҳӣ то 27 дараҷа сард мешавад. Дар ин огаҳӣ омадааст, ҳарорат дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 22 ва рӯзона то 17 дараҷа сард мешавад.