Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо далели "сардӣ ва ҳифзи саломатии наврасон" таътили зимистона дар мактабу боғчаҳои кӯдаконаро то 16-уми январ тамдид кард.
Имрӯз, 10-уми январ, рӯзи охири таътили зимистона барои наврасон буд ва аз фардо бояд дарҳои мактабҳо боз мешуд.
Вазорат дар хабарномае рӯзи 10-уми январ гуфтааст, хонандагон ба ҷои истироҳат дар зимистон дар таътили баҳорӣ ва тобистонӣ ба дарс ҷалб хоҳанд шуд.
Пеш аз ин, корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостанд, то дар ҳавои сард хонандагонро ба таҳсил ҷалб накунанд ва таътили зимистонаро тамдид намоянд.
Бархе ҳам навиштанд, ки ба ҷои эълони таътил беҳтар аст, мактабҳоро гарм кунанд.
Аз ин пештар Оҷонсии обуҳавошиносӣ гуфта буд, ки аз 10 то 14-уми январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаво сардтар мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод, эҳтимол ҳаво дар кишвар то 18 дараҷа сард шавад, ки барои Тоҷикистон камсобиқа аст.
Гуфтугӯ