Дар чанд вазорату идораи давлатии Тоҷикистон, ба истилоҳи расмӣ, “таъиноти кадрӣ”, вале ба қавли намояндагони мухолифон, “ҷойивазкунии мансабдорони содиқ ба низоми ҳоким” сурат гирифт.
Рӯзи 5-уми январ, бар асоси фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Давлаталӣ Саид аз мансаби муовини нахуствазир озод ва иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.
Сомонаи президент навишт, ки фармонро барои тасдиқ ба порлумон фиристоданд.
Давлаталӣ Саид аз соли 2013 то ин дам муовини аввали сарвазир буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Кумитаи ҷавонон ва сафири Тоҷикистон дар Ҷопон кор кардааст. Номи ӯ дастикам ду дафъа- дар пайванд ба садамаи писараш ва рисоли илмии баҳсбарангез, расонаӣ шудааст.
Қурбон Ҳакимзода, раиси собиқи вилояти Хатлон, вазири кишоварзии Тоҷикистон шуд. Вай дар ин мақом Саъдӣ Каримзодаро иваз кард. Мақоми нави Каримзода маълум нест, ҳарчанд сабаби барканории ӯро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд.
Қурбон Ҳакимзода аз соли 2019 раҳбари калонтарин вилояти Тоҷикистон буд.
Бар асоси фармони дигари президент, Ширин Амонзода аз вазифаи вазири кору муҳоҷират барканор шуд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ба мансаби дигар гузашт, вале то ҳанӯз мақоми наваш маълум нест.
Гулнора Ҳасанзода, ки то ин дам дар вазифаи раиси Оҷонси омор кор мекард, вазири нави кору муҳоҷират шуд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон раиси Оҷонси омор шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз мансабаш барканор шуда, ба ҷойи Холмурод Раҳмон, мудири Оҷонси беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон таъин гашт.
Низом Мирзозодаро раиси нави Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гузоштанд. Раиси пешини Кумита Маҳмадсаид Зувайдзода охири соли гузашта даргузашт.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, мудири Оҷонси содироти назди ҳукумати Тоҷикистон шудааст. Шавкат Бобозода, мудири собиқи Оҷонсӣ моҳи сентябри соли гузашта ба гумони қаллобӣ дастгир шуд.
Дар тағйироти кадрии навбатӣ чеҳраи нав дида намешавад. Аксари мансабдорон, ки солҳо дар ҳукумат кор мекунанд, аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаштаанд.
Ғуломалӣ Сафаров, як корбари саҳифаи фейсбукии Радиои Озодӣ навиштааст, "ҳеч беҳбудие аз ҷойивазкунӣ" дида намешавад.
Ҳар сол дар моҳи январ дар пешорӯ ва рӯзҳои ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Мухолифон ҳамеша тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид карда, мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст. Мақомот ҳар дафъа таъкид мекунанд, ки шахсони ҷавону боистеъдодро ба вазифа таъин кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Давлаталӣ Саид раиси Хатлон шуд, Ҳакимзода ба Душанбе "кӯчид"Ширин Амонзода аз мансаб барканор шуд. Оғози тағйироти ҷиддӣ ё ҷойивазкунии дигар?