Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширин Амонзода аз мансаб барканор шуд. Оғози тағйироти ҷиддӣ ё ҷойивазкунии дигар?


Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 5-уми январ аз мақомаш барканор шудааст.

Дар ин бора як манбаъ дар Вазорати меҳнат ба Радиои Озодӣ хабар дод. Фармони барканории Ширин Амонзода то ҳанӯз расман нашр нашудааст.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, зуҳри 5-уми январ Гулнора Ҳасанзода ба ҳайси вазири нави меҳнат ва муҳоҷират муаррифӣ шуд.

Гулнора Ҳасанзода то ин дам раиси Оҷонсии омори назди Президент буд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси Бонки миллӣ ба ҷойи Ҳасанзода раиси Оҷонсии омор таин шудааст. Дар Оҷонсии омор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Нурмуҳаммадзодаро ба кормандон муаррифӣ карданд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар ҳукумати Тоҷикистон дигар тағйиротҳои кадрӣ ҳам анҷом шудаанд, ки то соати дигар исмашон эълон мешавад.

Ширин Амонзодаи 45-сола соли 2020 баъд аз интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба мансаби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таин шуд. Пеш аз ин ӯ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ буд. Ширин Амонзода аз чеҳраҳои нав дар ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешуд, ки бо чанд амали ғайримаъмулӣ барои вазирони тоҷик маъруф шуда буд. Аз ҷумла, ӯ ба бозори мардикорзанон дар вилояти Хатлон рафта, бо занони мардикор суҳбат кард. Дар соли ахири кораш Ширин Амонзода аз расонаҳо дурӣ меҷуст ва аз суҳбати ошкор бо онҳо худдорӣ мекард.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Қурбон Ҳакимзода аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод шуда, вазири кишоварзӣ таин шудааст. Як масъули Вазорати кишоварзӣ гуфт, Ҳакимзода ба ҳайси вазири нави кишоварзӣ ба кормандон муаррифӣ шуд.

Ҳамасола дар моҳи январ дар ҳукумати Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Мухолифон ҳамеша тағйироти кадриро дар идораҳои давлатии Тоҷикистон танқид карда мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд. Мақомот ҳар дафъа таъкид мекунанд, ки шахсони ҷавону боистеъдодро ба вазифа таъин кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG