Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлаталӣ Саид раиси Хатлон шуд, Ҳакимзода ба Душанбе "кӯчид"


Қурбон Ҳакимзода ва Давлаталӣ Саид
Қурбон Ҳакимзода ва Давлаталӣ Саид

Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон таъин шудааст.

Қарори барканории ӯ аз мақоми муовини аввали сарвазир ва раиси вилояти Хатлон таъин шуданаш расман нашр нашудааст, вале дар ҳукумати ин вилоят хабарро тасдиқ карданд.

Хатлон аз бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст ва беш аз се миллион аҳолии кишвар дар ҳудуди ин вилоят зиндагӣ мекунанд.

Ӯ ба ҷои Қурбон Ҳакимзода раиси вилоят шудааст. Ҳакимзода, ки аз соли 2019 раиси вилояти Хатлон буд, вазири кишоварзии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Давлаталӣ Саид аз соли 2013 то кунун муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд. Ӯ замоне ба ин мақом расида буд, ки салоҳиятҳои сарвазирро коҳиш доданд ва аксари вазифаҳояшро муовини аввал иҷро мекард. Давлаталӣ Саидро аз хешони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, медонанд.

Соли 2018 пойгоҳи интернетии "Диссернет" Давлаталӣ Саидро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд. Ба навиштаи ин пойгоҳ, Давлаталӣ Саид нисфи кори илмиашро аз олимони рус рӯбардор кардааст. Ӯ худаш ҳеч гоҳ ин мавзуро шарҳ надодааст.

Коршиносон тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистонро бештар "ҷойивазкунӣ" меноманд, ки дар натиҷааш чизе тағйир намекунад.

Шарҳи ҳол:
Давлаталӣ Саид 30-юми марти соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси иқтисоди миллӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2005-2007 аввал дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипас раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2007-2009 ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония фаъолият намудааст.
Аз моҳи октябри соли 2009 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 19-уми ноябри соли 2013 то 5-уми январи соли 2023 муовини якуми Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG