Давлати Бӯринисо Бердиева. ВИДЕО

Акси Бӯринисо Бердиева аз бойгонии духтараш Сулҳинисо

Бӯринисо Бердиева, сардабири собиқадори нашрияи “Маориф ва маданият” агар зинда мебуд, 30 декабр 95-сола мешуд.

Яке аз маъруфтарин журналистони тоҷикро имрӯз ҳам чун муборизи ноадолатиҳои давр, ташаббускори эҳёи ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва пуштибони адибону рӯзноманигорони озодандеш меноманд.

Бӯринисо Бердиева дар давоми 23 соли кораш ба ҳайси сардабири нашрияи "Маориф ва маданият” ин нашрияи адабию фарҳангиро ба як минбари муаррифии исму асарҳои тоза табдил дод. Иброҳим Усмонов, таҳлилгари таърихи журналистикаи тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳарчанд Бердиева коммунисти матин буд, вале бо беадолатиҳои коммунистҳо муборизаи беамон мебурд”. Ба гуфтаи ӯ, ““Маориф ва маданият” ба гунаи давлате дар дохили давлати Тоҷикистон буд, ки бо маҷрои худ равон буд. Номи ин давлат “давлати Бӯринисо” буд. Ҳар эҷодкор ё журналисте, ки матлабҳояшонро дар ҳеҷ газета нашр намекарданд, ба ин “давлат” меомад ва ин “давлат” қабул мекард. Мисол, Бозор Собир. Вай нафаре буд, ки танҳо дар ҳамин ҷо кор карда метавонист. Зеро дар ин ҷо имкони сухан карданашро медоданд. Ё олимоне, ки зидди роҳбарони коммунисташон мехостанд ҳарфҳое бигӯянд, вале имконашон намедоданд, назди Бердиева меомаданд. Ин шароитро Бӯринисо Бердиева медоданд”.

Ба қавли Ҷовиди Муҳим, таърихнигор ва журналист, “беҳтарин адибону журналистони он давра дар ҳамин рӯзнома ба камол расидаанд ва матлабҳояшонро ба нашр мерасониданд. Аз Сотим Улуғзода сар карда, ки барои писарашон Азиз аз узвияти Иттифоқи нависандагон маҳрум шуда буданд то Бозор Собир ва Ҷумъа Одина, ки низ он солҳо мавриди фишор қарор доштанд ва танҳо ин рӯзнома матлабҳои онҳоро нашр мекард”.

Дар ҳоле, ки идеологияи ҳокими коммунистӣ дар кишвар барои дахолат дар сиёсати таҳририяи ҳама нашрияҳо ҳақ дошт, шароити кор дар идораи зери назари Бердиева фарқ мекард. Ба қавли корманди собиқадори Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарипова як сабабаш дар шахсияти Бердиева буд. Мегӯяд, “марҳум забони тез дошт” ва рӯирост ҳарфҳояшро бидуни ҳаросе матраҳ мекард. Дар бораи нашри матолиб ба ҳимоят аз таҷлили Иди Наврӯз дар саҳифаҳои “Маориф ва маданият” ӯ чунин ёдовар шуд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Давлати Бӯринисо Бердиева

“Таҷлили иди Наврӯзро дар назди Холмурод Шарипов, масъули вақти идеологияи кумитаи марказии ҳизб ва Шарифҷон Ҳусейнзода, омӯзгори университети давлатӣ матраҳ карда, чанд мақола нашр карданд. Боз чанд мақолаи танқидии дигаронро ҳам чоп кард. Баъд, худораҳматӣ Ҷаббор Расулов, котиби аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтанд, “хайр баровард, баровард, монед акнун”.

Журналисти собиқадор Аҳмадшоҳ Комилзода ҳам ҷасорату росткориҳои Бердиеваро як далели истодагарӣ кардани ӯ бо бархе мақомоту кормандони давлат медонад. “Шунида будам, ки дар яке аз ҷаласаҳои муҳим дар Академияи илмҳо нафаре аз мақомот муқобили вай бармехезад. Ва ӯ ҷасурона аз ҷой баланд шуда, аз галстуку гиребонаш гирифта, дар рӯи минбар ӯро кашола мекунад. Яъне, ин вокунишаш ба мухолифати ин шахси зидди суннату анъанаҳои тоҷикон буд. Шояд барои имрӯз чунин рафтор аҳамияте надошта бошад, вале он замон вай дар ин кор танҳо буд, касе ҷуръат надошт, ки чунин кореро анҷом диҳад.”

Академик Акбар Турсон дар хулосаи зиндагиномаи Бӯринисо Бердиева мегӯяд, ки вай тавонистааст исми худро дар таърих сабт кунад: “Номи Бӯринисо Бердиева на танҳо дар таърихи матбуот, балкӣ дар таърихи озодандешии тоҷикона нақш баст ва инро бояд ҳамеша дар ёд дошт.”

Бештаре аз соҳибназарон мегӯянд “Маориф ва маданият” дар шароити низоми он замон пойдори коммунистии шӯравӣ минбари озодандешиву бедории миллии тоҷикон гашта буд. Мақомот ҷуръати эътироз ба ӯро надоштанд ва ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, тӯли чор моҳи баъд аз гирифтани тасмими барканориаш аз вазифаи сардабирии рӯзномаи “Маориф ва маданият” касе намехост фармони сабукдуш шуданашро ба дасташ расонад.

Бӯринисо Бердиева ба унвони як мақоми ҳизбии шӯравӣ дар маркази Душанбе дар бинои баландошёна соҳиби манзиле буд. Аммо, ҳамеша мехост ба мисли мардуми оддӣ соҳиби ҳавлие бошаду ба замин наздик. Ба ин далел дар қитъаи замине дар маҳаллаи Лучоби пойтахти Тоҷикистон барои худ манзиле бунёд кард ва моҳи октябри соли 2003 дар 76-солагӣ дар ҳамон ҷо фавтид. Ӯро дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Вале, на дар оромгоҳи шахсиятҳои саршиноси тоҷик, балки дар қабристони маъмулӣ барои сокинони оддӣ. Ҳамон тавре, ки ҳамеша бо мардуми оддӣ ва дар фикри онҳо буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиеваро ба Гулнора Амиршоева доданд. ВИДЕОБа бонувони журналист ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева тақдим мешавад Зиёиёни тоҷик дар дуроҳаи тарс ва ҷасоратДар ҷустуҷӯи қаҳрамон аз миёни занонБӯринисо Бердиева - Қаҳрамони Наврӯз