Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯринисо Бердиева - Қаҳрамони Наврӯз


Бӯринисо Бердиева
Бӯринисо Бердиева

Онҳое, ки дар Шӯравӣ дар саргаҳи ҷунбишҳои бедории миллии мардуми тоҷик истода, дам аз Наврӯз мезаданд, ба боди фаромӯшӣ рафтаанд.

Барҷастатарин чеҳра дар ин ҷунбишҳо, бидуни шакк, Бӯринисо Бердиева буд, ки тайи 23 соли раҳбарӣ бар рӯзномаи "Маориф ва маданият" саркашона аз Наврӯз ва арзишҳои дигари миллии мардуми тоҷик пуштибонӣ мекард.

Шоири маъруфи мо Бозори Собир ҳатто шеъри ба Бердиева бахшидаашро "Қаҳрамони Наврӯз" унвон кардааст. Ба ин маъно, ки Наврӯзро ҳанӯз дар замони Шӯравӣ маҳз Бердиева ва ҳамсангарони ӯ ба минбар нишонданд.
Наврӯзро ба минбари расмӣ аслан ӯ нишонд. Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад. Дигар касе Бердиеваро намедонад, ки ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёни ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ ман боре номи ӯро нашунидам...


Бозори Собир:

“Зан буд, вале набуд чун зан,
Мӯҳтоҷ ба атру рангу равған.
Ранге ки ба дасту панҷааш буд,
Ранги тари рӯзномааш буд...

Чандин сари сол то ба имрӯз
Дар фикри касе набуд Наврӯз.
Наврӯз савори турна мерафт
Шабҳо, ки касе набинадаш рӯз.

Бо нашри дусад мақолаи ӯ,
Бо кашмакаши дусолаи ӯ,
Наврӯзи Аҷам фаромад охир
Аз шаҳпари турнаи муҳоҷир...”

НАВРӮЗ - ИДИ “ДИНӢ”

Имрӯз, ки Наврӯз дар Тоҷикистон иди расмӣ ва рӯзи таътил аст ва ҳатто дар сатҳи СММ ба ҳайси иди байналмилалӣ эътироф шудааст, таҷлил аз соли нави форсӣ як амри оддӣ ба назар меояд.

Аммо насли миёна ва кӯҳансол замони Шӯравиро ҳанӯз ёд дорад, ки мақомоти вақти коммунист Наврӯзро “боқимондаи хурофоти феодалӣ” ва ҳатто “як иди зараровари динӣ” мехонданд ва ҳеҷ навъ тантанаи расмиро ба муносибати Наврӯз иҷозат намедоданд.

Албатта, дар муҳити русто мардум ба сурати ғайриаланӣ ҳамчунон аз Наврӯз таҷлил мегирифт ва барои адибон ҳам равзанаи хурде боз карда буданд, ки на бо номи Наврӯз, балки бо як номи сохтаи “Сайри лола” аз расидани баҳор истиқбол кунанд.

Низорамоҳ Зарифова, котиби собиқи кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд: “Он вақт мегуфтанд, ки ин иди динист. Мусалмонон онро қайд мекунанду дар ҷои коммунистҳо набояд таҷлилаш кунанд. Бачаҳо чанд бор масъала бардоштанд. Холмурод Шарифов мақола навишт, баъд Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва дигар нависандагону зиёиён ҳамроҳ шуданд. Чанд бор дар Кумитаи марказӣ баррасӣ карданд ва дар ниҳоят Наврӯзро иҷозат доданд. Аммо аз тарафи боло иҷозат набуд. Лекин бо ин вуҷуд ҳар сол мегузаронданд Наврӯзро. Халқ дар колхозу совхозҳо Наврӯзро ҳар сол ид мекард. Дар сатҳи ҷумҳурӣ он қадар тантана намекарданд, вале дар маҳаллҳо бузкашиву доиразаниву сайри лолаву суманакандозиву ҳамаи маросимашро иҷро мекарданд.”

“ИДИ МЕҲНАТ” БА ҶОИ НАВРӮЗ

Дар соли 1965 мақомоти вақти Тоҷикистон ба равшанфикрон гузашти дигаре карданд ва иди наве сохтанд бо исми “Иди меҳнат”, ки бояд аз шурӯи мавсими киштукор дарак медод ва ҷойгузини Наврӯз мешуд. Раҳбари вақти ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов он замон гуфтааст, ки “Иди меҳнат” ҳадди аксарест, ки ӯ метавонад иҷозат бидиҳад, вале иҷозати Наврӯз танҳо дар дасти Маскав аст.



Аммо дар таърихи 21 марти соли 1966 шумораи вижаи “Маориф ва маданият”, нашрияи муштараки вазоратҳои фарҳангу маориф ва Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон, ба бозор даромад, ки саропо наврӯзӣ буд.

Дорои Дӯст, хабарнигори шинохта ва собиқадори “Маориф ва маданият”, таърихи нашри ин ва дигар шумораҳои пурсарусадои наврӯзиро чунин қисса мекунад: “Вақте мо тарҳи шумораро омода мекардем, аз кумитаи марказӣ мегуфтанд, ки макети шумораи бахшида ба Иди меҳнатро пеши мо биоред. Муҳаррир мебурд, онҳо медиданд ва қабул мекарданд. Аммо вақте ки тарҳ пас меомад, мо онро комилан дигар ва Иди меҳнатро бо Наврӯз иваз мекардем. Баъд онҳо ба кофтани Бердиева сар мекарданд, ки охир маслиҳати мо Иди меҳнат буд, ҳамаи шумора боз Наврӯз шудааст. Бердиева ҳамон рӯз гум мешуду мегуфт, агар маро пурсанд, гӯед, ки дар Кумитаи марказист. Онҳо вақте аз онҷо занг мезаданд ва мо чунин мегуфтем, қаҳрашон меомад, ки охир мо аз кумитаи марказӣ ӯро мекобем, инҷо нест. Ҳар сол аҳвол ҳамин буд.”

НАВРӮЗРО БЕРДИЕВА БА МИНБАР НИШОНД

Ин шумораи наврӯзӣ нахустин бозтоби ин иди бостонӣ дар матбуоти тоҷики замони Шӯравӣ буд, ки дар як они воҳид номи сардабири “Маориф ва маданият” Бӯринисо Бердиеваро вирди забонҳо кард. Ва то ҳол дар маҳофил ӯ ба унвони як мудофеи сарсахт ва оштинопазири Наврӯз муаррифӣ мешавад.

Бозори Собир, ки низ ҳамроҳ бо Бердиева дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” кор кардааст, мегӯяд, дар атрофи ӯ як гурӯҳи бузурги ҳамфикрон ҷамъ шуда буд, вале дар ғайри ҷасорати шахсии Бердиева баъид буд, ки ин ҳама муборизаҳо самар диҳад ва ончи ки дар бораи Наврӯз менавиштанд, дар он шароит рӯи чоп биояд: “Наврӯзро ба минбари расмӣ аслан ӯ нишонд. Имрӯз қаҳрамони Наврӯз пуропур аст, ҳар кас дағдағаи Наврӯз мекунад ва аз Наврӯз лоф мезанад. Дигар касе Бердиеваро намедонад, ки ин корҳоро ӯ карда буд. Бердиева ҳатто фаромӯш шудааст. Дар миёни ин ҳама дағдағаҳои наврӯзӣ ман боре номи ӯро нашунидам."

МИСЛИ ГУРГ САХТҶОН

Бӯринисо Бердиева 3-юми декабри соли 1927 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Азбаски фарзандони қаблии волидонаш бармаҳал вафот мекарданд, ӯро Бӯринисо ном карданд, ки мисли гург сахтҷон бошад.

Ҳарду маълумоти олии Бердиева аз мактабҳои ҳизби ҳокими вақти коммунист буд. Ба як парчамбардори ангуштнамои ҷунбиши бедории миллӣ табдил ёфтани зане, ки дар қӯраи ҳизби коммунист пухтааст, албатта, ҳайратовар аст, вале Саидаҳмади Қаландар, аз дигар ҳамкорони Бердиева дар “Маориф ва маданият”, мегӯяд, дар тарбияи эҳсоси ҳақталабии ӯ нақши модараш зиёд будааст: “Модараш корманди умури дохила буд. Як зани аспсавори гарданшахе буд, ки мисли худи ӯ дар замонаш бо мардум хушмуомила ва бо ҳукуматҳо дастбагиребон.”

Бӯринисо Бердиева дар овони таҳсил дар мактаби ҳизбӣ ба ҳамсабақаш аз Дарвоз Ҷавҳаршоҳ Раҳматуллоев издивоҷ кард. Беш аз як даҳсола собиқаи кори ҳизбии ӯ дар Шӯрободу Кӯлоб гузашта, Бердиева дар ин ҷо то мақоми котиби дуввуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист “сабзид” ва дар миёнаи солҳои панҷоҳ ба Душанбе, ба кумитаи марказии ҳизби коммунист гузашт.

Соли 1958, баъди хатми бахши журналистикаи мактаби олии КПСС дар Маскав, вақте маҷаллаи “Тоҷикистон”-и Абдусалом Деҳотиро барҳам доданд ва ба ҷояш маҷаллаи “Васияти Ленин” рӯи кор омад, раҳбариашро ба Бердиева доданд.Дар соли 1960 ӯ ба симати сардабири “Маориф ва маданият” нишаст ва дар тӯли 23 соли баъдӣ аз ин нашрия рӯзномае сохт, ки бо зери 70 000 нусхаи нашр дар дили низоми ҳокими коммунист даҳшат андохта, сутунҳои ин низоми зоҳиран муҳкамро ларзонд.

“ЛОНАИ ОППОЗИТСИЯ”

Дар он даврон мақомоти коммунистӣ “Маориф ва маданият”-ро ҳатто “лонаи оппозитсия” ва “маркази диссидентҳо” ном мебурданд.

Саидаҳмади Қаландар
Саидаҳмади Қаландар аз ин хидматҳои Бердиева чунин қисса кард: “Ӯ ба Сотим Улуғзода замоне минбар дод ва “Суруди Ҳофиз” ва “Аллома Адҳам”-и ӯро чоп кард ки баъд аз фирори писараш Азиз касе дар борааш ҳатто сӯҳбат намекард ва ӯ монда буд. Пурсарусадотарин шеърҳои Лоиқу Бозори Собирро чоп мекард. Бозори Собирро вақте барои андешаҳояш аз Иттиҳодияи адибон берун карданд, Бердиева натарсида, ӯро ҳам овард. Ҷумъаи Одинаро замоне ба “Маориф ва маданият” овард, ки романи “Гузашти айём”-и ӯро бо амри кумитаи марказии ҳизби коммунист аз дӯконҳо барчида, сӯзонданд.”

Бозори Собир, аз дигарандешоне, ки Бердиева дар он лаҳазоти мушкил дар канори худ гирифт, мегӯяд, ҷавви ҳоким бар “Маориф ва маданият”-и он солҳо озодихоҳӣ буд, ки дар ҳеҷ рӯзномаи дигари он даврон дида намешуд ва ин рӯзнома дар аҳди Бӯринисо Бердиева ба як маркази асосии бедории миллии он айём табдил ёфт: “Оппозитсия набуд, лекин одамони камубеш норозӣ, ранҷида ва рондашуда дар онҷо гирд меомаданд. Масалан, Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим ва мисли онҳо як дастаи гулҳои сари сабади ҳамин ҷамъомадҳо буданд."

ЧАРО БЕРДИЕВА 23 СОЛ ДАР МАҚОМ МОНД?

Бозори Собир мегӯяд, ҳар шумораи наврӯзии “Маориф ва маданият” дучори ҳамлаи мақомоти вақти Тоҷикистон мешуд, вале андешаи сардамдорони вақт аз Бердиева ва ҷасорату бараҳнагӯияш буд, ки 23 сол дар раҳбарии ин нашрия пойдор монд: “Ҷанҷол мекарданд ҳар бор. Ҳам аз вазоратҳои маорифу маданият ва ҳам аз иттифоқи нависандаҳо эътироз баён мекарданд, ки чаро Наврӯзро таблиғ мекунад. Ҳатто мегуфтанд, ки шумо мардумро аз роҳ мезанед. Фаъолияти Бердиев аз ҳеҷ ҷонибе дастгирӣ намеёфт. Ҳама норозӣ буд. Вале ӯ як авторитет буд. Бердиеваро нағз намедиданд, албатта, ба ягон маъракаи расмӣ даъваташ ҳам намекарданд, аммо аз ӯ метарсиданд, чунки камбудиҳои мақомотро фошофош дар рӯяшон мегуфт. Агар вазири маориф ё вазири маданият Меҳрубон Назаров, барои мисол, ягон кори нодуруст мекард, Бердиева ё тавассути рӯзнома ё дар маҷлисҳои расмӣ беибо танқидашон мекард.”

Ба бовари ҳамсафонаш, дар он шароити низоми сахти коммунистӣ ин қадар сол пойдор мондани “Маориф ва маданият” ба ҳайси як минбари бедории миллӣ қабл аз ҳама ба шахси Бердиева бармегашт, ки аз аҳволи ҳокимони давр иттилоъи комил дошт ва ба ҳамин далел, касе аз мақомотдар ин 23 соли сардабирии ӯ ҷуръат накард, ин “лонаи дигарандешӣ”-ро комилан вайрон кунад.

Ҳамсари Бӯринисо Бердиева бародари шавҳари Низорамоҳ Зарифова буд. Хонум Зарифова, ки он солҳо котиби кумитаи марказии ҳизби коммунист ва баъдан муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд , эътироф мекунад, ки ҳатто аз раҳбарони аввали ҷумҳурӣ кам касе ҷуръат дошт, ки бо Бердиева сарбасар шавад: “Ба Кумитаи марказӣ фарёдаш мекардем, насиҳаташ мекардем. Мирзо Турсунзода зиёд насиҳаташ мекард, ки тунд нарав. Лекин агар ӯро касе аз кор мегирифт, дунё қиёмат мешуд. Сахтдаҳон буд. Рӯирост ҳақоратат мекард, андеша намекард. Дар рӯят мезад ҳарфашро. Лекин коргари хуб буд ва корашро низ хуб медонист. Ӯ мегуфт, ки ман аз касе наметарсам, чизе ки дар дилам ҳаст, ҳамонро менависам.”

ДОСТОНИ “ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ”

Соли 1983 вақте муаллифи китоби “Алифбо” Ҳилол Каримов аз телевизиони Маскав иддао кард, ки то Инқилоби Октябр ва таҳияи ин китоби ӯ тоҷикон аслан хату савод ва мактабу мадраса надоштанд, посухи 17 тан аз равшанфикрони тоҷик, бо шумули Нозирҷон Арабзода, Раҳими Мусулмониён ва дигаронро маҳз Бердиева чоп кард. Нашри ин мақола таҳти унвони “Таърих гувоҳ аст” охирин қатрае шуд, ки косаи сабри ҳокимони вақтро лабрез кард ва онҳо ба барканории ӯ аз симати сардабирии “Маориф ва маданият” бо далели “бознишаста шуданаш” иқдом карданд.

Аммо Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ҳайбати Бердиева ҳатто баъди барканориаш чунон буд, ки 4 моҳи дигар, ҳеҷ касе аз мақомоти кумитаи марказии ҳизби коммунист ҷуръат накард, бо фармони барканории ӯ пой ба идораи "Маориф ва маданият" гузорад: “Хархаша аз феврали соли 1983 шурӯъ шуд ва то моҳи июн давом кард. Чанд нафарро ба ҷои ӯ таъйин карданд, вале ӯ гуфт, агар каси мақбули ман набошад, намепазирам. Он замон мехостанд тамоми ҳайъати “Маориф ва маданият”-ро пароканда кунанд. Вале Бердиева 3 моҳ истодагарӣ кард, ки касеро аз кор наронанд. Ва билохира Бобо Насриддиновро оварданд, ки нисбатан ба дидгоҳи Бердиева мувофиқ буд. Ӯ танҳо баъди ин қабул кард ва умурро ба дасти Насриддинов супурд. Қазия бо ҳамин ба хайр анҷом шуд.Ва бо ҳамин ба фаромӯшӣ рафт. Дигар на касе аз ҳукумат ёдаш кард, агарчӣ хидмати бисёре карда буд.”

Дорои Дӯст мегӯяд, онҳо, ки дар қӯраи сонсури Главлиту кумитаи марказӣ пухта шуда буданд, “Таърих гувоҳ аст”-ро мутобиқ ба хости замона бо иқтибосҳои фаровон аз Марксу Ленин ҳам “зиннат” доданд, вале ин дафъа ҳатто чунин “замонасозӣ” натавонист табари саркӯбии ногузирро аз сари “Маориф ва маданият” ва Бердиева дур кунад: “Баъд вақте муаллифонро бурда, истинтоқ карданд, бархеаш аз имзои худ даст кашид, ки гӯё номи онҳоро нопурсида дар зери ин мақола гузошта бошем. Фақат Нозирҷон Арабзода мардона то охир истод. Шунида будам, ки он вақт Радиои Озодӣ ҳам “Инқилоби зиёиёни тоҷик” гуфта, дар ин бора гузориш дода буд. Баъд Қаландаров – мудири шӯъбаи таблиғи кумитаи марказӣ омад. Рӯзи аз рухсатӣ баргаштани Бердиева буд. Бобо Насриддиновро, ки корманди кумитаи марказӣ буд, дар вазифа монд ва ба тарафи ман гашта гуфт, ки агар соли 37 мебуд, ҳамаи шуморо мепаррондам.”

Бердиева се фарзанд дошт. Як писар ва шавҳараш ҳанӯз дар зиндагии ӯ тарки дунё карданд ва писари дуввумаш баъди марги ӯ. Духтараш Сулҳинисо Раҳматуллоева, ки номзади илм аст, дар Амрико ба сар мебарад ва китобаш пиромуни санъати меъмории Шарқ дар қуруни вусто ба тозагӣ дар Ҳолланд чоп шудааст.

МАРГЕ ДАР ХОРИВУ ЗОРӢ

Ҳам ҳамсафон ва ҳам пайвандони Бердиева эътироф мекунанд, ки ӯ дар солҳои поёни умраш азоби зиёд дид. Аз як сӯ дарди саратон ва фақру нодорӣ, аз сӯи дигар, дар гирдбоди ҷанги бародаркуш хоку туроб шудани ормонҳои миллие, ки ӯ ҳама умр барояш мубориза мекард, қомати Бердиеваро хам ва пажмурдааш кард.

Низорамоҳ Зарифова мегӯяд, Бердиева ҳатто ба бемории қаттоли саратон, ки ба дарахти умраш теша мезад, гардан намедод ва ҳамчунон сарсахтона барои зиндагӣ мубориза мебурд: “Ба саратон печиду ҷарроҳиаш карданд. Ин маризиаш дурудароз давом кард. Худаш медонист, ки саратон дорад. Лекин мегуфт, ки медонам ки мемирам, вале бигзор, ҳар куҷо хоҳам, меравам, ҳарчиро ки дилам кашид, мехӯрам. Бо вуҷуди маризӣ аз ягон намоиши нави театрӣ ё филми нав ақиб намемонд. Ҳамаҷо мерафт. Гардан намедод ба касалиаш, вале хеле хароб шуд ҳақиқатан.”

Саидаҳмади Қаландар аммо мегӯяд, чизе ки Бӯринисо Бердиева ҳеҷ гоҳ аз даст надод, ғурури баландаш буд: “Як докаи сафед дар сар, мерафт, касонеро, ки дӯст медошт ва медонист, ки дурӯяву мунофиқ нестанд, бо ҳамонҳо сӯҳбат мекард. Ҳаром карда буд барои худ сӯҳбат ё ҳатто салом кардан бо онҳоеро, ки дирӯз коммунист буданду баъд демократ шуданд ва боз ба як паҳлуи дигар гаштанд. Назди онҳо мерафт. На вазорати фарҳанг, на маориф, на дигар бахшҳое, ки ӯ дар вақташ хидмат карда буд барои рушди ин соҳот, касе аз онҳо боре ҳам аз ӯ суроғ накарданд.”

НИШОНЕ БА ҶУЗ “ВИГОВОР” НАДОШТ Ӯ...

Ҳамсафонаш мегӯянд, Бердиева, ки дар як ҳоли хору зор аз дунё гузашт, ҳатто баъди маргаш ҳам арҷгузорӣ нашуд.Бо кӯшиши Фотеҳи Абдуллоҳ, ки низ аз ҳамон "Маориф ва маданият" бархостааст, китоби хотирот дар бораи Бӯринисо Бердиева гирдоварӣ шудааст, валеӯ то ҳол барои нашри ин китоб маблағ намеёбад.

Дорои Дӯст, нафаре, ки 18 сол дар “Маориф ва маданият” бо Бердиева кор кардааст, мегӯяд, дар чунин ҳоли пуразобу тангдастӣ дидани ин машъали бедории фикрӣ барои онҳо пуралам буд: “Ӯ дар умраш ягон нишони давлатӣ надошт. Ғайри як села “виговор” мукофоте надошт дигар. Дар замони ҷанг, дар рӯзҳои сахтӣ, гоҳ-гоҳ ба хонаи мо ҳам меомад, сӯҳбат мекардем. Дасти ҳамаи мо он замон кӯтоҳ буд. Ӯро медидам, ки сахт мариз аст, пуле надорад, ки доруяшро харад. Як хонаи сард. Дар фақру бенавоӣ мурд ин зан. Дар як хориву зорӣ аз дунё рафт.”

Бӯринисо Бердиева моҳи октябри соли 2003 дар синни 76 аз дунё гузашт. Кадом расми вижае барои видоъ бо Қаҳрамони аслии Наврӯзи мо доир нашуд ва танҳо ҷамъи андаке аз пайвандону наздикон ва ҳамсафони собиқаш ҷанозаи Бердиеваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.

Рӯҳи саркаш ва аз ҳар навъ эътирофи замона бениёзи ин зани мубориз, ки ба таъбири ҳамсафаш Дорои Дӯст, аз ҳама нишонҳои давлатӣ фақат танбеҳу “виговор” дошт ва то дами марг ба касе сари таслим хам накард, дар ҳамин оромгоҳ барои абад ором гирифт. Вале унвони Қаҳрамони Наврӯз аст, ки бидуни ҳеҷ фармони расмие барои абад дар сари синаи Бӯринисо Бердиева насб шудааст ва ин зани мубориз бо ҳамин унвон дар таърих хоҳад монд.

АЗ ГУШНАГӢ МУРД ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ

“Баъд он зани беҳтарин куҷо шуд?
Он пайкари нозанин куҷо шуд?
Он сангари шоирони ёғӣ,
Он маъмани олимони осӣ?

Ду панҷаи сар сафед чун барф,
Як ҷуфт калӯши кӯҳна дар пой,
Аз хона ба хона гушна мегашт
Дар барфи баланди кӯчаю лой.

Охир, ба ҳамин қарибӣ гуфтанд,
Дар гӯшаи ошёнааш мурд
Аз гушнагӣ Қаҳрамони Наврӯз...”

(Бозори Собир)
XS
SM
MD
LG