Рӯзи 8 сентябр, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба бонувони хабарнигор баргузор мешавад.
Муаллифи озмуни беҳтарин журналистони зан - Эътилофи бонувони журналист аст, ки ҷоизаи ба номи Бӯринисо Бердиева дар се бахш тақдим мекунад: ҷоизаҳо барои рушди журналистика, барои беҳтарин маводи чопӣ ё онлайнӣ, беҳтарин гузориши радиоӣ ё телевизионӣ тақдим хоҳанд шуд. Ҳар як барандаи озмун бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ мешавад ва имсол ин маблағ бо кӯмаки Сафорати ИМА ба журналистон тақдим хоҳад шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардори раёсати эътилоф Вера Кулакова-Браннеруд хабар дод.
Эътилофи бонувони журналист соли 2016 бо ҳадафи пуштибонӣ аз занони хабарнигор ва кормандони матбуот таъсис шудааст.