CPJ озодии фаврии Пирмуҳаммадзодаро хост

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, ҳукми рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро танқид кард ва озодии фаврии ӯро хост.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 26-уми декабр ӯро ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 28-уми декабр дар изҳороте гуфт, "мурофиаи додгоҳии Пирмуҳаммадзода ба мисли мурофиаи панҷ журналисти дигар бо пинҳонкорӣ ва адами далели комил ҷараён гирифт."

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кардааст, ки Пирмуҳаммадзода ва журналистони дигари зиндониро билофосила озод кунанд ва ба маъракаи бадномкунии матбуоти мустақил хотима диҳанд.

Пирмуҳаммадзода рӯзи 26-уми декабр дар мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтанд, додраси мурофиа ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони мамнуъ айбдор кард. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро беасос номиданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. ВИДЕОДалери Имомалӣ: "Бовар накунед, бо дашном аз модару зан сабт шуд"Фасод, хонаводаи ҳоким ва муносибати кишварҳо. "Хати сурх" дар Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш кадом аст?"Заданд, кӯфтанд, ба барқ мондаву ҷонамро ба лаб оварданд." Номаи Пирмуҳаммадзода аз Боздоштгоҳ. ВИДЕО