Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далери Имомалӣ: "Бовар накунед, бо дашном аз модару зан сабт шуд"


Далери Имомалӣ ва нусхаи номааш. Коллаж аз "Азия-Плюс"
Далери Имомалӣ ва нусхаи номааш. Коллаж аз "Азия-Плюс"

Рӯзноманигори зиндонӣ, Далери Имомалӣ (Далер Бобоиев), дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Нома дастӣ ва 18-уми ноябр навишта шудааст. Нусхаи онро хабаргузории "Азия-Плюс" 23-юми ноябр нашр кард.

Далери Имомалӣ моҳи октябри имсол бо қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, расондани хабари дурӯғ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд.

Ӯ дар нома гуфтааст, ҳеч вақт узви "Гурӯҳи 24" набуд. "Далели Суд барои узви гуруҳи мамнӯи "24" будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест. Танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ)-ҷумлаӣ. Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам," – афзудааст хабарнигор.

Далери Имомалӣ, инчунин, ба он эътироз карда, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даромади ӯро аз барномаҳояш дар Ютуб 900 000 сомонӣ ҳисоб кардааст. Худаш мегӯяд, ин рақам бештар аз 8600 доллар (тақрибан 90 ҳазор сомонӣ) нест.

"Агар ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам? Ба куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват - чизе надорам!" – нигоштааст ӯ.

Дар айни замон иттиҳоми расондани хабари дурӯғро сохта номидааст: "Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт? Чаро қариб 3 моҳ нагузоштанд, наздиконро бубинем? Чаро далелҳои пешовардаи мо ба инобат гирифта нашуд? Магар ману дигар ҳамкасбонам аз узви ДОИШ, Парвиз Саидраҳмонов, хавфноктарем, ки муҳокимаи ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ? Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!"

Далери Имомалӣ дар охири нома хостааст, ба ҳар гуна навор бо иштироки ӯ ва ҳамкоронаш Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бовар накунанд. "Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) сабт шуд," – навиштааст ӯ.

Дар охири нома аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ ва ҳамкасбони дигараш бетаваҷҷуҳ набошад. Пештар ҳамсараш низ аз Эмомалӣ Раҳмон мадад хоста буд, вале то ин дам посухе нагирифтааст.

Дар ним сол дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафар аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот ҳукмҳоро шарҳ намедиҳанд. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукмҳоро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии хабарнигорон шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG