Дар Хуҷанд роҳи нави маҳви зулму ситам ба занро таҷриба мекунанд. ВИДЕО

Дар шаҳри Хуҷанд марказе таъсис ёфт, ки нафарони зӯровар ба ҷойи ҳабсу ҷарима аз давраи омӯзиш мегузаранд ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд.

Масъулони кор бо оила ва коршиносони соҳа мегӯянд, хушунати зиёд дар хонаводаҳо сабаби барои ташкили чунин марказ гардид. Бо онҳое, ки масалан ба ҳамсарашонзулму ситам кардаанд, равоншиносу ҳуқуқшинос кумак мекунад ва роҳҳои бурунрафт аз ин буҳрони равониро шарҳ хоҳанд дод.

Муҳаррама Раҳимова, равоншинос: “Ин таҷрибаи кишварҳои пешқадам аст. Дар вақти зӯроварии оила шудан асосан давлат даъво мекунад ва онҳо шартҳои худро барои интихоб мегузоранд. Ё ҳабс мешавед, ё ҷарима супоред ва ё ҳамин барномаро гузаред. Бо гузаштан аз ин барнома бештари одамоне, ки хашмашонро нигоҳ дошта наметавонистанд, рафторашонро идора карда наметавонанд, ба онҳо омӯзонида мешавад, то ки солим ба оилаҳои худ баргарданд”.

Видеоро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Хуҷанд роҳи нави маҳви зӯроварӣ ба занро таҷриба мекунанд

Нафароне, ки ҳамарӯза бо зӯроварон кор мекунанд аз давраҳои махсуси омӯзишӣ гузаштаанд ва бо корманди пулис якҷоя амал хоҳанд кард.

Садриддин Саидов, ҳуқуқшинос: “Таҷрибаи чандинсолаи кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ маълум кард, нафақат бо онҳо кор кардан лозим аст. Тибқи барномаи нави мо бевосита бо худи зӯроварон кор мекунем ва ба онҳо мафҳуми ин зуҳуроти номатлубро мефаҳмонем. Худи зӯроварӣ чист ва чӣ паёмадҳо дорад? Дар кадом ҳолатҳо ҳамин зӯроварӣ ба миён меояд? Ва дар рафти машғулиятҳо кӯшиш мекунем, ки онҳо аз чунин ҳолат барорем.”

Марказ бо кумаки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дар ҳамкории бо ҳукумат таъсис ёфтааст. Мақомот мегӯянд, таъсиси чунин марказ саривақтӣ аст, зеро пештар зӯроварон аз ҷониби идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷарима ва ё ҷазо мегирифтанд, баъдан интиқоми онҳо бештар мешуд ва хушунатро зиёд мегардонд.

Муҳаррама Раҳимова, равоншинос: “Алалхусус зӯроварӣ дар байни ҷавонон зиёд ба назар мерасад. То синни 30-солагӣ зиёд аст. Соҳиби як ё ду фарзанд ҳастанд. Бештар занҳое дучори зӯроварӣ мегарданд, ки маълумоту дониши кофӣ надоранд.”

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар занон ба хушунати оилавӣ ва озори равонӣ дучор мешаванд. Дар шаҳри Хуҷанд чандин сол қабл маркази кор бо хушунатдидагон низ таъсис ёфта буд ва ҳам як паноҳгоҳи худро бо номи "Гулрухсор" фаъол сохт.

Масъулони марказ мегӯянд, вақте ба занон ҷабру зулм мешавад ва ё ҳатто аз хона ронда мешаванд, созмони "Гулрухсор" ба онҳо барои ду ҳафта ҷойи зист медиҳад. Барои табобат, дилбардорӣ ва ҳимояти онҳо созмон равоншиносон, табибон ва ҳуқуқшиносонро ҷалб мекунад. Ёриҳои созмон ройгон ва махфӣ сурат мегирад ва ному насаби занон бе ризоияти онҳо ошкор намешавад.

Назаре дар миёни мардон садо медиҳад, ки чунин созмонҳо бо кӯмак ба занҳо онҳоро бештар зидди ҳамсаронашон мешӯронанд. Ҳамакнун мушовирони утоқи кор бо зӯроварон умед доранд, ки ҳангоми гузаштани омӯзишҳои онин ақида дар байни мардони зӯргу камтар хоҳад шуд.