Ҷасади як зани 23-соларо, ки дар ноҳияи Рашт худро ба дарё андохта буд, баъд аз тақрибан се ҳафта ёфтаанд. Маҳинаи Холаҳмад рӯзи 5-уми августи имсол, баъди муноқиша бо шавҳараш, худро ба дарё андохт. Ин лаҳза дар навори видеоӣ сабт шудааст.
Як сокини деҳаи Хоҷаалии ноҳияи Рашт рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "Эмомиддин Сафолов ва Саидмуҳиддин Бураков ҷасадро рӯзи сешанбе аз об берун оварданд."
"Маъмурони милиса рӯзи 23-юми август ҷасадро барои ташхис ба шаҳраки Ғарм бурда, сипас ба дасти наздиконаш додаанд," – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия дар робита ба ин қазия чизе нагуфтанд.
Як корманди минтақавии умури дохилӣ бе зикри ном гуфт, "дар ҳоли ҳозир тафтиш идома дорад ва ҳамсараш, Султони Абдувоҳид, дар боздоштгоҳ аст. Ӯ барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш гумонбар аст."
Наздикони Султони Абдувоҳид, шавҳари Маҳинаи Холаҳмад, ҳодисаро шарҳ надоданд.
Худро ба дарё партофтани занон дар минтақаҳои дигар низ сабт шудааст. Мақомот сабаби асосиро ба хушунат ва муносибати нохуби оилаи шавҳар бо арӯсони хонадон пайванд медиҳанд.
Гуфтугӯ