Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз як сол кори худу аъзои ҳукуматаш натиҷагирӣ ва барномаи соли ояндаро эълон кард, аммо дар бораи ҳодисаҳои Бадахшону боздошту ҳукми хабарнигорон, поймоли ҳуқуқи одамону вазъи сарҳад бо Қирғизистон чизе нагуфт.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми декабр тақрибан дуним соат дар назди вакилон суҳбат кард. Бештар ба мавзуъҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маошу нафақаи мардум ва тағйири иқлим суҳбат кард. Намояндагони ҳукумат онро барои таъини хатти сиёсати давлат муҳим медонанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, аксари мавзуъҳо такрори солҳои гузаштаанд ва “чизи ҷиддӣ бораи таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ ё ислоҳоти иқтисодӣ набуд.”
Нигаронӣ аз таҳримҳо ва такрори мавқеи гузашта
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ғарб таҳрим кард. Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба Русия чӣ доданд ва чӣ гирифтанд?Эмомалӣ Раҳмон суҳбаташро бо вазъи бади иқтисоди ҷаҳон сар кард. Ӯ бе онки аз кишваре ном бибарад гуфт, “дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ... яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи “ҷанги сард” боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.”
Имсол Амрико ва ҳампаймонҳояш ба сабаби ҳамлаи таҷовузкоронаи Русия ба Украина алайҳи ин шарики стратегии Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ карданд. Номи Тоҷикистон дар қатори кишварҳое номбар шудааст, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳо ба Маскав мадад кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ин дам дар бораи ҷанги Русия дар Украина ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд. Президент ҳам дар паёмаш дар ин бора мушаххас чизе нагуфт, танҳо мавқеи доимияшро такрор кард, ки хоҳони ҳалли ҳама низоъ бо гуфтугӯ ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маош зиёд шуд, нархҳо бетағйир мемонанд?
Нуктае, ки дар паёми президент садо дод ва шояд аксарият дар Тоҷикистон интизораш буданд, афзоиши маошу нафақа аст. Ба гуфтаи президент Раҳмон, аз 1-уми марти соли оянда маоши кормандони ниҳодҳои қудратӣ аз 20 то 25 дарсад зиёд мешавад. Дастмузди омӯзгорон, пизишкону кормандони дигари идораҳои давлатӣ аз 1-уми июли соли оянда 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. “Нафақа низ 20 дарсад зиёд хоҳад шуд,” – гуфт ӯ.
Нархи болои маҳсулот ва маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, 25 дарсад боло рафтани маош таъсири чандоне ба зиндагии мардум нахоҳад дошт, чун баъди зиёд шудани маош нархи маҳсулот низ боло меравад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Пули муҳоҷирон кам мешавад, камбизоатӣ – бештар." Ояндаи Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд?Маоши миёна дар Тоҷикистон каме зиёдтар аз 1600 сомонӣ ё ҳудуди 160 доллар аст. Андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 600 сомонӣ ё камтар аз 60 доллар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама кам маошу нафақа мегиранд.
Раиси ҷумҳур ҳамзамон изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз роҳбарони ноҳияҳо аз ҳисоби нафси, ба гуфтаи ӯ, “бадашон" саривақт ба соҳибкорон мадад намекунанд. “Ба соҳибкорон даст нарасонед", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Чунин таъкиди президент дар бораи фароҳам овардани шароити муносиб барои соҳибкорон солҳои гузашта низ садо дода буд. Шикоятҳои соҳибкорон аз тафтишҳои зиёд, молиёт ё андози гарон ва мушкилиҳои дигар ҳамоно зиёд аст.
“Вонамуд кард, ки гуё мушкилот нест”
Фақат масъалаи ҷанги Русия ва Украина набуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он чизе нагуфт. Раиси ҷумҳур дар бораи чанд воқеаи муҳими сол, аз ҷумла эътирозҳо дар ВМКБ, боздошти рӯзноманигорон, муноқиша дар марз бо Қирғизистон ва интиқод дар мавриди маҳдуд шудан озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон тақрибан чизе нагуфт.
Моҳи майи имсол Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди эътирозҳои сокинон шуд, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ аз сӯи мақомот бераҳмона пахш карда шуд. Дар натиҷаи истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуданд.
Ба дунболи ин эътирозҳо, беш аз 200 нафар аз фаъолони ВМКБ боздошт ва бештарашон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ зидди эътирозгарон ва боздоштҳои саросарии фаъолон танқид карда, озодии онҳоро хостанд.
Боздошти 7 хабарнигору блогер баъди моҳи май аз мавзуъҳои дигаре буд, ки сабаби танқидҳои ҷаҳонӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон вокуниш намекунанд ва раиси ҷумҳур ҳам дар паёмаш чизе нагуфт. Эмомалӣ Раҳмон бидуни ишораи мушаххас ба ягон созмону ташкилот танҳо гуфт, “аз ҳеч чиз натарсед, мо ҳам аъзои созмонҳои байнулмилалӣ ҳастем, як овоз дорем.”
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки паёми президентро тамошо кардааст, мегӯяд, дар паёми Эмомалӣ Раҳмон тақрибан ҳарфи наве садо надод.
“Сатҳи иродаи сиёсӣ ҳамин қадар. Вонамуд кард, ки гуё муаммо нест, мушкилот вуҷуд надорад. Ин ҳамон гапҳои пешина, маълум, ягон чизҳои ҷиддӣ дар робита ба таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ ё ислоҳоти иқтисодӣ вуҷуд надорад. Як шакли ҳисоботдиҳии ҳукумат аст, тамом. Дар мавриди Украина ва Русия. Мавқеи Тоҷикистон беҳтар аст. Бетарафӣ,” – шарҳ дод ӯ.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад. Баъди ин паёми қариб як моҳи оянда телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузориш медиҳанду даҳҳо вохӯрӣ ташкил мешаванд. Баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.