Масъулони Кумитаи дин дар Тоҷикистон дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз сафари, ба гуфтаашон, "бебандубори" Ҳаҷҷи Умра гардондаанд. Онҳо аз зоирон мехоҳанд, танҳо ба воситаи ширкатҳои расмӣ ба Арабистони Саудӣ бираванд. Баъзе аз сокинон гуфтанд, хадамоти ин ширкатҳо гарон аст ва, бинобар ин, тавассути созмонҳои мустақили сайёҳӣ дар кишвар ва ё Узбекистону Русия мераванд.
"Аз фурудгоҳ гардонданд"
Донахон Бобоқулов, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, як моҳ пеш бо ёрии як ширкат ба Ҳаҷҷи Умра рафтанӣ шуд. Бо хешовандон хайрухуш кард, аммо ӯ ва 62 нафари дигарро аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе гардонданд.
"Намояндагони Кумитаи дин ба мо фаҳмонданд, ки пештар чанд нафар мустақилона ба роҳ баромад, сарсону саргардон шудаанд. Нисбатан арзон буд. Мо аз куҷо медонистем, ки чунин ҳолат пеш меояд," – гуфт Бобоқулов рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ.
Ин сокини шастсолаи ноҳияи Ёвон нагуфт, ки кадом ширкат ё шахсе мехост, онҳоро ба Ҳаҷҷи Умра бибарад, аммо афзуд, пули сафарро пас гирифту ҳоло тавассути Кумитаи дин ба зиёрат меравад.
Масъулони Кумитаи дин, ниҳоди нозир бар умури ҳаҷ, мегӯянд, танҳо дар як моҳи охир ҳудуди ҳазор нафарро аз роҳи Арабистон баргардонданд. Мегӯянд, далел доранд.
"Бо мусофирбар дар роҳи дарозу пурмашаққат"
Афшини Муқим, сухангӯи Кумита, рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "танҳо дар натиҷаи сафарҳои ғайрирасмӣ дар 1-2 моҳи гузашта ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон дар роҳ вафот карданд. Онҳоро то Дубай расонда, аз онҷо то Ҷидда тавассути мусофирбарҳо мефиристанд. Ин роҳи дарозу пурмашаққат аст. Боиси саргардонӣ ва озори зоирони тоҷик гардидааст."
Дар гузашта сокинон мустақилона ба Ҳаҷ мерафтанд, аммо чанд сол боз ин бахш зери назорати танҳо Кумитаи дин мондааст. Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, мақомот бояд сафари зоиронро ба маросими Ҳаҷҷи асосӣ, ки дар соле як бор ва ҳангоми Иди Қурбон фаро мерасад, назорату роҳнамоӣ кунанд.
Ҳаҷҷи Умра, ба гуфтаи онҳо, "мисли саёҳат аст ва ширкатҳои зиёде мардумро баранду биоранд ва нархи хадамот ҳам поин биояд. Набояд як идораи давлатӣ тамоми равандро инҳисор кунад."
Дар Тоҷикистон Кумитаи дин, ширкатҳои "Ормон" ва "Мунзал" ҳаққи фиристодани шаҳрвандонро ба Ҳаҷҷи Умра доранд. Нархи сафар аз Тоҷикистон ба Умра, ки ду ҳафтаро ташкил медиҳад, аз 21 то 25 ҳазор сомонӣ (2100-2500 доллар) аст. Сафари Ҳаҷҷи асосӣ 61 ҳазор сомонист, ки барои бештари сокинон дастнорас аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зиёрат ё сохтмони пулу мактаб?
Баъзе аз сокинон ин нархро гарон медонанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, тариқи Узбекистон ва ё Русия худро ба Арабистони Саудӣ бирасонанд. Намояндагони Кумитаи дин гуфтанд, аз шикоятҳо дар бораи нархи баланди Ҳаҷҷи Умра хабар доранд. Афшини Муқим мегӯяд, аз соли оянда барои сокинон чанд таърифаи сафарро ба Умра пешниҳод мекунанд, ки аз 17 то 24 ҳазор сомонӣ (1700-2400 доллар)-ро дар бар хоҳад гирифт.
Ба иттилои расмӣ, баъди бардошта шудани маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 теъдоди хоҳишмандони Ҳаҷҷи Умра якбора зиёд шуд. Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам нишон дод, ки талабот ба сафари Умра дар Тоҷикистон афзудааст.
Дар яке аз ширкатҳо, ки зоиронро ба Ҳаҷ мефиристад, гуфтанд, барои қариб як моҳи оянда ҷойи холӣ надоранд. Мақомот мегӯянд, зиёд будани талабот боиси суистифодаи "баъзе аз гуруҳҳо" шудааст, вале аз касеву ширкате ном набурданд.
Ҳаҷ яке аз панҷ рукни Ислом аст ва сокинони мусалмони Тоҷикистон ҳам мекӯшанд, бо даст додани имкон маросимро ба ҷо оранд, вале назарҳо дар ин маврид яксон нест.
Баъзе аз намояндагони мақомоту афроди наздик ба онҳо пайваста ташвиқ мекунанд, ки харҷи сафари Ҳаҷ бояд ба сохтмони мактабу пулу мумфарш кардани роҳҳо харҷ шавад. Коре, ки то кунун чанд нафар ошкору ниҳон кардаанд. Иддае дигар мегӯянд, ин ҳаққи фард аст, ки пулашро ба зиёрати Ҳаҷ сарф кунад ё саёҳату фароғат ва набояд мақомот масъулияти худро ба гардани мардум бор кунанд.