Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғуртаи зоирони Ҳаҷ ва воситаҳои нақлиёт дар дасти "Фароз"


"Суғуртаи аввалини миллӣ"- ширкати суғуртавии марбут ба "Фароз" ду арсаи пурдаромад дар бозори суғуртаи Тоҷикистонро ба даст овардааст: яке суғуртаи ҳаёт ва саломатии зоирони ҳаҷ ва дигар бимаи воситаҳои нақлиёт.

Беш аз шаш ҳазор нафар зоирон, ки имсол аз маконҳои муқаддас барои пайравони Ислом дар Арабистони Саъудӣ дидан карданд, аз сӯи ширкати "Суғуртаи аввалин миллӣ" суғурта шудаанд.

"Барои суғуртаи зоирон озмун гузаронида мешавад"

Ба назар мерасад ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта", ки солҳо аз ронандагон суғуртапулӣ гирифта, ба онҳо ҷуброни пулӣ намедод, рақобатро бо ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" мебозад.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумита оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳар сол қабл аз шурӯи мавсими ҳаҷ миёни ширкатҳои бима барои суғуртаи ҳаёт ва саломатии ҳоҷиён озмун эълон карда мешавад. Кадом ширкате дар озмун ғолиб омад, баранда мешавад".

Дар ширкати "Суғуртаи аввалин миллӣ", ки масъули суғуртаи саломатӣ ва ҳаёти ҳоҷиён дар соли ҷорӣ буд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар мавсими имсола чор нафар аз зоирон дар ҷараёни ҳаҷ дар Арабистони Саъдӣ фавтиданд.

"Мо ҳаёт ва саломатии ҳоҷиёнро, ки тавассути Кумитаи дин ба ҳаҷ рафтанд, суғурта кардаем. Ҳоло ба пайвандони яке аз ҳоҷиёни фавтида мо 8 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кардем. Ҳуҷҷатҳои 3 нафари дигар барои пардохт кардан дар ҳолати омодашавӣ ҳастанд ва пурра шудан мо ҷубронпулиро ба дасти пайвандонашон медиҳем",-гуфтанд дар ин ширкат.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аммо суғуртаи зоирони Каъба танҳо соҳае нест, ки ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" онро зери даст даровардааст. Ин ширкат ки ҳамагӣ ду соле қабл, моҳи апрели соли 2016 таъсис ёфтааст, дар як муддати кӯтоҳ қисматҳои муҳим ва пурдаромади бозори суғуртаро дар Тоҷикистон аз они худ кардааст, ки дар гузашта танҳо ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта" ба он дастрасӣ дошт.

Яке аз бахшҳои пурдаромад дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт буд ва танҳо аз сӯи "Тоҷиксуғурта" анҷом мешуд. Аммо айни замон ба ин бозор ба ҷуз аз "Тоҷиксуғурта", ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" роҳ ёфтаст.

Суғуртаи нақлиёт дар ихтиёри "Фароз"

Дар идораи марказии "Суғуртаи аввалини миллӣ" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, айни замон ин ширкат дар марказҳои ташхиси техникии мошинҳо дар кишвар, ки низ аксар ба "Фароз" тааллуқ доранд, 100 нуқтаи фурӯшро дар ихтиёр дорад.

"Нархи суғуртаи ҳатмии як воситаи нақлиёт дар мо 127 сомониву 50 дирам арзиш дорад. Суғуртаи ихтиёрӣ 50 сомонӣ аст ва дар сурати осеб дидани мошин, мо ба соҳиби он то 2 ҳазор сомонӣ зарари расидаро ҷуброн мекунем",-гуфтанд дар "Суғуртаи аввалини миллӣ".

Зимнан дар Тоҷикистон ба ҷуз аз "Тоҷиксуғурта" ва "Суғуртаи аввалини миллӣ", дигар ширкатҳо ҳаққи амалӣ кардани суғурати ҳатмиро надоранд.

Тавре ба мушоҳида мерасад, нозирони БДА ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагон низ вақтҳои охир ба санадҳои додаи ширкати "Суғурати аввалини миллӣ" бартарӣ медиҳанд. Бозоре, ки то ду соле қабл танҳо "Тоҷиксуғурта” ягона манфиатбардори он буд.

Дар ҳамин ҳол, аз даст рафтани бозорҳое мисли суғуртаи мошин, ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта"-ро дар шароити ногуворе қарор додааст.

Як ронанда: "Фароз" пуламонро дод"

Ронандагон ҳам мегӯянд, дар ҳолати рух додани садама" аз "Тоҷиксуғурта" дарёфт кардани ҷуброн пулӣ амри маҳол буд, дар ҳоле, ки ширкати "Суғурати аввалин миллӣ" ба даҳҳо нафар моликони мошине, ки дучори садама шудаанд, то кунун ҷубропулӣ пардохт кардааст.

Имрон Соҳибов, ронандаи тоҷик мегӯяд, 10 сол инҷониб нақлиёташро дар ширкати "Тоҷиксуғурта" бима мекард, аммо дар ҳолати пеш омадани ҳодисае дар мавриди ҷубронпулӣ фикр ҳам намекард, чунки гирифтани он ғайриимкон буд.

"Чанде пеш як рафиқам бо мошин дучори садама шуд. Ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" барои таъмири мошине, ки вай осеб расонда буд, ҷубронпулӣ дод. Ростӣ, ман ҳайрон шудам, то замоне, ки дӯстам пулро ба даст нагирифт, бовар надоштам".

Дар пасманзари чунин фаъолият, ба назар мерасад ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта", ки солҳо аз ронандагон суғуртапулӣ гирифта, ба онҳо ҷуброни пулӣ намедод, рақобатро бо ширкати "Суғурати аввалин миллӣ" мебозад.

Ширкатҳои суғурта дар бозори Тоҷикистон

Аммо таҳлилгарони масоили иқтисодӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд ширкати "Суғуртаи аввалини миллӣ" бо шеваҳои нав хизматрасонии хуберо барои муштариён пешниҳод мекунад, аммо ширкатҳои дигар хусусии суғурта имкони ворид шудан ба бозорро надоранд.

Бинобар иттилои навини Бонки миллӣ, ки масъули назорати бозори суғуртаро зери даст дорад, дар Тоҷикистон ҳоло 19 ширкати суғурта амал мекунанд, ки дуи онҳо давлатӣ ва боқӣ хусусӣ ҳастанд.

Дар раддаи доротарин ширкатҳои суғурта айни замон "Спитамен суғурта" бо беш аз 90 миллион сомонӣ дар ҷойи аввал ва "Суғуртаи аввалини миллӣ" бо 88 миллион сомонӣ дар мақоми дуввум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG