Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Айнӣ гуфт, аз маблағи муҳоҷирон “хабар надорад”


Сохтмони варзишгоҳ дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ
Сохтмони варзишгоҳ дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ

Ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар посух ба иддаои муҳоҷирон, ки гуфта буданд, аз Русия барои сохтмони варзишгоҳ 40 ҳазор доллар харҷ кардаанд, навиштааст, дар бораи маблағи муҳоҷирон “маълумот надорад”.

Аз ин пеш, як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд, ки барои бунёди варзишгоҳе дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз Русия беш аз 40 ҳазор доллар фиристоданд, аммо мақомоти маҳаллӣ вазифаҳои худро иҷро накарда, сохтмонро нотамом гузоштанд.

Бар асоси нақша, варзишгоҳро барои сокинони деҳаҳои Махшевад, Ҳайронбед, Дижик, Нарвад, Тӯда ва Саратоқи ҷамоати Фондарё дуруст мекунанд. Ҷое, ки дар умум беш аз 15 ҳазор кас умр ба сар мебаранд.

Сӯҳроб Раҳматзода, муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ дар посухи ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки сохтмони варзишгоҳ дар деҳаҳои Диҷик, Туда, Нарвад, Ҳайронбед ва Машхаведи ҷамоати Фондарёи ноҳия бо дарназардошти эълони "Соли ҷавонон" дар соли 2017 ва дар пайи номаи дастаҷамъонаи сокинони маҳаллӣ оғоз шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, аз буҷаи ҳукумати ноҳия барои сохтмони ин варзишгоҳ дар ду марҳила беш аз 570 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва аксари сохтмони он бо маблағи буҷа анҷом ёфтааст.

Ӯ гуфтааст, дар бораи “харҷи маблағи муҳоҷирон ва ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда” ҳукумати ноҳия хабар надорад ва сохтмон “танҳо дар доираи маблағҳои аз буҷаи маҳалли ҷудошуда роҳандозӣ ва амалӣ карда шудааст.”

Муҳоҷирон ин ҳарфи муовини раиси ноҳияро беасос медонанд. Тақрибан 25 муҳоҷир аз ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар Русия гуфта буданд, ки масъулияти онҳо аз фиристодани маблағу насби курсиҳо иборат буд, ки ба иҷро расонданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумат вазифадор будааст, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳи мошинҳо бисозад, вале ҳанӯз ин корҳо нотамоманд.

Хусрав Пирзода, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 15-уми ноябр гуфта буд, агар ҳукумат сохтмонро идома надиҳад, бар асари борону сармо майдон хароб шуда, курсиҳо низ аз байн хоҳанд рафт.

"Агар хато накунам, майдон то ҷашни 30-солагии истиқлол пурра омода мешуд. Мувофиқи нақша ҳавзи шиноварӣ, парки мошинҳо, толори варзишӣ ҳам сохта мешуд, вале то ҳол ягон ҷавоби дақиқ нест. Агар пештар ба номаҳои мо посух медоданд, ҳоло дигар ҳеч ҳарфе намезананд," -- мегӯяд ӯ.

Пирзода, ки чанд рӯз пеш ба хотири огоҳӣ аз сохтмон аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, "ҳоло дар саҳни майдон чанд нафар хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд".

Дар Тоҷикистон баъзе аз сокинон ва муҳоҷирон бо харҷи пасандозҳои шахсии худ корҳоеро ба мисли таъмири мактаб, тармиму асфалтпӯш кардани роҳ ва ё сохтмони пул ва кашидани хатти об иҷро мекунанд, ки аслан уҳдадории иҷтимоии давлат аст.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ низ дар гузашта аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф кардаанд. Мунтақидон мегӯянд, ин бештар масъулияти мақомот аст. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, ки кори хайр ихтиёрист.

XS
SM
MD
LG