Заминеро дар маркази шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ширкати марбут ба наздикони президенти пешини он кишвар мехост, маркази тиҷорӣ бунёд кунад, ҳукумати Алмато баргардонида, мехоҳад, мактаб созад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар доманакӯҳ ва паси деворҳои баланд. Қасри "пешво" ва духтаронаш дар куҷост?Расонаҳои Қазоқистон соли 2021 навишта буданд, ки ширкати Динора Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мехост, дар маркази шаҳри Алмато Fresh Market бунёд кунад. Маркази тиҷории мазкур мебоист, дар майдони 6 га замин бунёд шавад.
Акнун ҳукумати шаҳри Алмато замини мазкурро баргардонида, дар майдони 3,6 га мактаб месозад. Дар ин бора Нурлан Қулболдинов, яке аз масъулони ҳукумати шаҳри Алмато рӯзи 22-юми декабр хабар дод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҷазира"-и иборат аз қасру кушк. Чӣ гуна замину биноҳои давлатӣ моли "пешво" шуд?