Пайвандони як котибаи собиқи додгоҳ дар Суғд, ки боздошт шудааст, иддао доранд, ки дороиҳои ӯ аз хонааш гум шудааст.
Азиза Ҳайдарова, котибаи раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаш моҳи пеш ҳамроҳ бо раиси додгоҳи ин ноҳия, Рустам Сайидаҳмадзода, ки бо содир кардани “ҳукми сафед” маъруф буд, боздошт шуданд.
Хонаи ӯро мақомоти додситонӣ пас аз боздошт муҳр заданд ва гуфтанд, ки дар хариди ин хона ҳолати қаллобӣ ошкор шудааст.
Ҳоло Барно Ҳайдарова, модари Азиза мегӯяд, касе вориди хона шуда, ҳама ашёи хонаро бурдааст.
“Судя дар рӯзи мурофиа гуфт, ки ҳоло ҳамаи иштирокчиён ҳамроҳ ба хонаи Азиза Ҳайдарова меравем. Касе оё онҷо зиндагӣ карда истодааст ё не? Омадем дар кушода аст, муҳр нест. Муҳрро барои чӣ зада буданд? Барои онки дар дохили хона ҳар чизе бошад, ҳифз гардад ва ягон кас кушода надарояд. Тибқи қонун печатро вайрон кардан мумкин нест,”—гуфт модари Азиза.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба дари ин хона рӯзи 13-уми июни имсол муҳр зада буданд. Азиза Ҳайдароваи 22-сола пештар ба қаллобӣ муттаҳам буд, ҳоло ба “исрофкорӣ” ва “сохтакории далелҳо” низ гумонбар аст. Модараш ӯро бегуноҳ медонад. Мақомот мегӯянд, хулосаи ниҳоиро додгоҳ хоҳад гуфт. Як моҳ пештар мурофиаи додгоҳӣ низ оғоз шудааст.
Барно Ҳайдарова, модари ӯ гуфт, аҳволи духтараш хуб нест ва дар боздоштгоҳ либоси гарм надорад. “Хона омадем, ки либоси гармашро гирем, на як жемпири гармаш мондааст ва на ягон палтоаш ҳаст. Дар умум, ҳамаи либосҳои духтарам, тилловориҳо, косаву табақу ҷиҳози хона ва дигар чизҳои гумшуда тибқи санад 200 ҳазор сомонӣ ҳисоб шуд. Ҳоло мо ариза кардем ва аризаи моро суд қонеъ кард,”—гуфт ӯ.
Мақомот тафсилоти парвандаи Азиза Ҳайдароваро нагуфтанд. Бар асоси иттиҳоми эълоншуда ба котибаи собиқ бештар аз 20 сол зиндон ё ҷаримаи калон таҳдид мекунад. Сухан дар бораи манзиле дар шаҳри Хуҷанд меравад. Мақомот онро ҳосили қаллобии Азиза Ҳайдарова медонанд, вале модараш мегӯяд, онро ду сол пеш бо пули ба даст овардааш дар Русия харид.
Азиза Ҳайдарова рӯзи 10-уми июни имсол ва баъди боздошти додраси маъруф ба "ҳукми сафед", Рустам Саидаҳмадзода, ба гумони қаллобӣ дастгир шуд. Барно Ҳайдарова дар суҳбати пешинааш иддао карда буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз исроф то сохтакорӣ. Ба парвандаи котибаи собиқ ду айби дигар зам кардаандПарвандаи Азизаро ба додгоҳи як ноҳияи дурдаст фиристодаанд. Модараш норозӣШоҳиён парвандаи додраси машҳур бо "ҳукми сафед"-ро шарҳ додМурофиаи додрасе, ки “ҳукми сафед” содир карда буд, оғоз шуд