Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Азизаро ба додгоҳи як ноҳияи дурдаст фиристодаанд. Модараш норозӣ


Барно Ҳайдарова ва духтараш Азиза Ҳайдарова
Барно Ҳайдарова ва духтараш Азиза Ҳайдарова

Азиза Ҳайдарова, котибаи боздоштшудаи додраси собиқ Рустам Саидаҳмадзодаро дар додгоҳи як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон муҳокима хоҳанд кард.

Вай ба қаллобӣ ҳангоми харидани хона гумонбар аст, аммо модараш мегӯяд, хона ҳаққи ҳалоли онҳост ва бояд духтараш озод гардад.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, рӯзи 10-уми октябр хабар дод, ки парвандаи духтарашро барои баррасӣ ба Додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристодаанд.

Мақомот рӯзи 6-уми октябр ба ӯ гуфтаанд, ки мурофиа дар онҷо "бетарафона" хоҳад гузашт. Ҳайдарова ба шаффофу одилона гузаштани муҳокима дар як ноҳияи дурдаст, ки ба гуфтааш "роҳ дур асту хабарнигорон дастрасӣ надоранд", бовар надорад.

Азиза Ҳайдарова рӯзи 10-уми июни имсол ва баъди боздошти додраси маъруф ба "ҳукми сафед" Рустам Саидаҳмадзода ба гумони қаллобӣ дастгир шуд. Аввал ӯро аз Хуҷанд ба Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе бурданд, вале дубора ба маркази Суғд баргардонданд.

"Муфаттишон мегӯянд, ҳангоми харидани хонаи мо қаллобӣ шудааст ва бояд аз манзил даст кашем. Нодуруст аст. Маҷбур шудем, ба президент муроҷиат кунем. Намехоҳам, барои як туҳмат духтарам 12 сол дар зиндон монад," -- гуфт Барно Ҳайдарова рӯзи 10-уми октябр.

Сухан дар бораи манзиле дар шаҳри Хуҷанд меравад. Барно Ҳайдарова мегӯяд, онро ду сол пеш бо пули ба даст овардааш дар Русия харидааст, вале мақомот ҳосили қаллобии духтараш медонанд.

Хонум Ҳайдарова дар суҳбати пешина иддао карда буд, ки муфаттишон духтарашро ба зидди Рустам Саидаҳмадзода истифода карданӣ ҳастанд ва баҳси хона як баҳона аст. Азиза Ҳайдарова ба ҳайси котибаи додраси пешин кор мекард.

Саидаҳмадзода рӯзи 29-уми июн дастгир шуд. Вай соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард. Номаш соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG