Толибон ба падаре туфанг додаанд, то аз "қотил"-и писараш қасос бигирад

Акс аз бойгонист.

Толибон дар Афғонистон 27 нафарро, ки дар байнашон занон ҳам буданд, дар пеши чашми садҳо нафар шаллоқ заданд.

Убайдулло Аминзода, раиси вилояти Парвон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод бо гуноҳи “фасоди ахлоқӣ”, дуздӣ ва фирор аз хона ҷазо гирифтаанд. Муҳокима дар мазҳари ом рӯзи 8-уми декабр дар майдони варзишии шаҳри Чорикор, маркази вилояти Парвон сурат гирифтааст.

Додгоҳи Толибон гуфт, ки дар ҷараёни муҳокима ва татбиқи ҷазо мақомоти расмии Толибон ва мардуми маҳал ҳузур доштаанд. Хабарнигоронро ба онҷо роҳ надодаанд. Абдулраҳим Рашид, як мақоми додгоҳии Толибон гуфт, ки онҳое, ки ҷазо гирифтанд, дар се додгоҳ муҳокима шудаанд ва ҳар яке аз онҳоро аз 25 то 39 шаллоқ задаанд.

Баъзе аз онҳо ба гуфтаи Абдулраҳим Рашид, ҳамчунин ду солро дар зиндон паси сар мекунанд. Ӯ афзудааст: “Парвандаҳо гуногун буд, ҷазоҳо низ гуногун буд, ки бо амри додгоҳ дар ҳузури мардуми маҳал ва мақомот иҷро шуд.” Шаллоқ задан дар мазҳари як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки дар Афғонистон ва баъди омадани Толибон ба қудрат дар моҳи август нахустин бор ҳукми қатл ва ё “қасос” дар пеши чашми мардум иҷро шуд.

Рӯзи 7-уми декабр дар вилояти Фароҳ падари қурбонии як ҷиноят, мардеро, ки ба қатли писараш гунаҳкор дониста шудааст, бо тири туфанг ва дар пеши чашми садҳо нафар куштааст. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон хабар дода гуфт, ки замони иҷрои “қасос” мақомоти баландпояи ҳукумати Толибон ҳузур доштаанд. Баъзеашон аз шаҳри Кобул ба тамошои иҷрои ҳукм ба вилояти Фароҳ омадаанд.

Бино ба гузоришҳо, марде, ки дар пеши чашми мардум кушта шуд, иқрор кардааст, ки 5 сол пеш, як ҷавонро теғ зада кушта ва мотосикл ва телефонашро гирифтааст. Додгоҳи Толибон дар як баёнияи дигаре гуфт, ки аввали ҳамин ҳафта се мардро барои дуздӣ дар пеши чашми мардум шаллоқ задаанд.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз ин амалкардҳои Толибон ва қатл дар мазҳари омм дар Афғонистон ва ҷойҳои дигар ибрози нигаронии амиқ кард. Стефани Трембли сухангӯи ӯ гуфт: “Мавзеъгирии мо ҳеч гоҳ тағйир наёфтааст. Созмони Милал мухолифи ҳукми қатл аст.” Ӯ афзуд, ки Созмони Милал мехоҳад, мораторий барои ҳукми қатлро ба Афғонистон баргардонанд.

Дар аҳди аввали Толибон, ки аз соли 1996 то соли 2001 дар ҳукумат буданд, ҳукми қатл дар мазҳари ом ва ё сангсор дар ҳузури издиҳоми бузург пайваста иҷро мешуд. Баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли гузашта ва тарки Афғонистон кардани неруҳои Амрико ва НАТО, Толибон қавл доданд, ки ба ҳуқуқи занон ва аққалиятҳо эҳтиром мегузоранд.

Аммо бо гузашти муддати кутоҳе занону духтаронро аз ҳаққи зиёди кору таҳсил маҳрум карданд ва шеваҳоеро пеш гирифтаанд, ки дар солҳои 90 доштанд.