Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ рафтори Толибон бо занонро чун "ҷиноят алайҳи башарият" арзёбӣ кард


Эътирози занон дар Кобул. Акс аз 24-уми ноябр
Эътирози занон дар Кобул. Акс аз 24-уми ноябр

Гурӯҳе аз пажӯҳишгарони Созмони Милали Муттаҳид амалкарди Толибон алайҳи занону духтарон дар Афғонистон, аз ҷумла маҳрум кардани онҳо аз ҳаққи кору таҳсилро чун “ҷиноят алайҳи башарият” арзёбӣ кардаанд.

Дар гузориши тозаи СММ, ки рӯзи 25-уми ноябр нашр шуд, гуфта шудааст, бархурди Толибон бо занон бояд чун “таъқиби ҷинсӣ” таҳқиқ шавад.

Ричард Беннет, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умуми ҳуқуқи башар дар Афғонистон, бо таъкид ба маҳдудиятҳое, ки баъди омадани Толибон дар зиндагии занон ҷорӣ шудааст, гуфт ин амалкард ба "ҷиноят алайҳи башарият" баробар аст.

Гузоришгарони СММ зиндагии занони афғонро, ки аз кору таҳсил, рафтан ба боғу толорҳои варзишӣ маҳруманд, ба зиндон монанд кардаанд. Онҳо ҳамчунин аз он нигаронӣ намудаанд, ки ин вазъ метавонад ба сиҳатӣ ва равони занон осеб расонад.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузориш аз Толибон даъват кардааст, ки қонун ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи духтарон ба таҳсил ва корро эҳтирому иҷро ва дари мактабҳову ҷойҳои ҷамъиятиро барои духтарон боз кунанд.

25-уми ноябр дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҳайати СММ оид ба кӯмак ба Афғонистон (UNAMA) ҳам дар муроҷиатномае аз раҳбарони ин кишвар даъват кардааст, ки “барои хатми хушунат алайҳи занон ва дастрасии онҳо ба ҳуқуқҳои бунёдии худ фавран чораандешӣ кунанд”.

Бо расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон, занон аз ҳаққи кор дар бисёре аз муассисаҳо маҳрум шуданд. Духтарон фақат то синфи 6-ум иҷозаи таҳсил доранд. Толибон моҳи ноябр рафтани занонро ба боғу ҳамом ва толорҳои варзишӣ ҳам манъ карданд.

XS
SM
MD
LG