Тибқи иттилоъи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони марзии шаҳри Исфара субҳи имрӯз байни тоҷикону қирғизтаборон ҷанҷолу даъво сар зада ва ҷонибҳо ба баррасии омилҳои он шурӯъ кардаанд.
Ҳодиса соати 11-и рӯзи 3-уми декабр дар маҳаллаи Сомониёни болои ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон ва ҳаммарз бо деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон рух додааст.
Дар натиҷа як сокини маҳаллаи Сомониён ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхонаи марказии ҷамоати Чоркуҳ интиқол дода шудааст. Аз нафари ҷабрдида Ҳизбаллоҳ Оқилзодаи 21-сола ном бурда мешавад.
Оқилҷон Тоҷиев, падари Ҳизбаллоҳ ҳодисаро тасдиқ кард ва мегӯяд: "Ман саҳарӣ аз маҳаллаи поён ба хона омада истода будам, ки аз тарафи хонаи қирғизтаборон ба сӯям чанд санг ҳавола шуд. Аҳамият надода ба хонаи худ даромадам. Вале баъди чанд дақиқа як қирғизтабор аз берун хонаи моро фарёд кард ва баъд писарам баромад. Вақте аз хона берун шуд ба сӯяш доду вой карда бо оҳан (арматур) ба як тарафи сар ва атрофи гӯшаш зарба задааст. Аз ин ҳодиса ҳамсояҳо бохабар шуда, зуд мақомотро ҷеғ заданд ва ҷанҷол бартараф шуд".
Бозорбой Тоҷиев, бобои Ҳизбаллоҳ Тоҷиев мегӯяд, ҳоло набераашро барои муоина ба беморхонаи марказии Ҷамоати Чоркӯҳ бурдаанд. Абдукарим Олимбоев, намояндаи президенти Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муноқишаи лафзӣ соати 12 ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва аз ҳарду тараф “мардум осеб дидааанд”.
Учқунбек Ҷурабоев, раиси ноҳияи Ботканд гуфтааст, ки дар натиҷаи занозанӣ Нурсултон Сайфуллоулу, як сокини ин ноҳия захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дигар сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳ мегӯянд, дар пайи ин ҳодиса каме шӯру мағал аз ду ҷониб давом кард. "Чанд садои тир аз ҷониби низомиёни Қирғизистон ба ҳаво сар дода шуд" гуфтанд бархе аз ҳамсӯҳбатони мо.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 3-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ дар ин муноқиша сокинони Тоҷикистонро гунаҳкор кард. Дар он гуфта мешавад: “Ҳангоми гузаштан ба деҳаи Дахма аз тариқи деҳаи Сомониён байни шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон М.Н ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоле ҷанҷол сар задааст, ки ӯро дашном додаанд. Баъди ин байни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон занозанӣ сар зада ба сангандозӣ печидааст. Барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани низоъ ва пароканда кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрванди Қирғизистон аз туфанги шикорӣ ба осмон се тир холӣ кардааст.“
Намояндагони ҷамоати Чоркуҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Мо ҳама дар маҳаллаи Сомониён қарор дорем ва ҳодисаро баррасӣ карда истодаем. Феълан вазъият дар ин маҳал ором аст". Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам гуфтааст, ки ду тараф барои роҳ надодан ба муноқиша суҳбат мекунанд.
Ин ҳодиса замоне сар зад, ки сокинони ин маҳал бояд ин шабу рӯз ба хонаҳои навбунёдшудаашон ворид шаванд ва баъди ду моҳи саргардониҳо бояд ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд. Аз ҷумла оилаҳои хонаводаи Тоҷиевҳо низ. Дар як ҳавлие, ки аз ду ҷонибаш қирғизтаборон зиндагӣ мекунанд, чаҳор оилаи хонаводаи Тоҷиевҳо зиндагонӣ мекунанд. Дар муноқишаҳои марзӣ хонаҳои онҳо зарар дидаанд. Дар танишҳои марзӣ ду маротиба хонаҳояшон куллан нобуд шудааст.
Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳануз дар бораи муноқиша дар марз чизе нагуфтаанд.
Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 664 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бақия ва бештар аз 300 километри дигар ҳануз бе аломату баҳсбарангез аст, аз ин рӯ байни сокинони ду тараф барои манобеи табиӣ ба мисли об, чарогоҳу замин ва роҳ муноқиша сар мезанад ва ба хунрезиҳои сахт ҳам печидааст.
Фақат дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар натиҷаи низоъ дар сарҳади ду кишвар дар вилояти Суғд ва Бодканд бештар аз 100 нафар кушта шуданд. Ҳарду кишвар якдигарро ба таҷовуз ба қаламрави ҳамдигар муттаҳам карданд. Қирғизистон гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 63 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расиданд.
Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо 41 ғайринизомӣ кушта ва тақрибан 200 нафари дигар захмӣ шуданд. Радиои Озодӣ ному насаби бештар аз 80 нафарро ҷамъ овард, ки дар муноқиша кушта шудаанд.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 26-уми ноябр гуфт, дар масъалаи таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон созиши пешакӣ ҳосил шудааст ва қарор аст, ба зудӣ мақомоти Душанбе барои гуфтугу дар ин бора ба Бишкек сафар кунанд.
Ӯ пештар изҳори умедворӣ кардааст, ки ду тараф то охири имсол ба баҳси печидаву тулонӣ нуқта гузоранд, то дигар муноқишаву хунрезӣ байни ду ҳамсоя такрор нашавад.