"Биноияшро аз даст дод." Талаби озодии Шамил Ҳакимов аз зиндони Тоҷикистон

Шамил Ҳакимовро соли 2019 ба зиндон маҳкум карданд

Иёлоти Муттаҳида аз вазъи саломати Шамил Ҳакимов, узви зиндонии "Шоҳидони Яҳво", як шохаи дини насронӣ, дар Тоҷикистон ибрози ташвиш кард. Сафорати Амрико рӯзи 22-юми ноябр дар эъломияе гуфт, ин зиндонии солхӯрда аз беморӣ ранҷ мебарад, вале додгоҳҳо дархости паёпайи ӯро барои муолиҷа рад кардаанд.

Шамил Ҳакимов ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум шудааст. Наздиконаш пештар гуфта буданд, ӯ аз дарди пою фишори хун дорад. Вакили мудофеаш рӯзи 8-уми ноябри имсол гуфтааст, ӯ биноии як чашмашро аз даст дод.

"Ин ҳамла ба озодии мазҳаб аст"

Сафорати Амрико аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, бе мамониат дастрасии Шамил Ҳакимовро ба табобат замонат бидиҳанд. Аз он пеш, ду сенатори амрикоӣ низ аз ҳукумат хостанд, ӯро фавран озод кунад.

Сенатори ҷумҳурихоҳ аз Флорида Марко Рубио моҳи октябри имсол дар "Твиттер" Шамил Ҳакимовро шахсе донист, ки барои ақидааш дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда. "Ин ҳамла ба озодии мазҳаб аст. Вазъи саломати Шамил Ҳакимов бад шудааст ва ӯ бояд фавран озод карда шавад ва ба назди хонаводааш баргардад," – навишт ӯ.

Нурӣ Туркел, нозири Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои байнулмилалии динӣ (USCIRF), низ гуфтааст, "вазъи саломати Ҳакимов ҳамчунон вазнин мемонад, зеро мақомоти Тоҷикистон ноодилона ӯро дар боздошт нигаҳ медоранд ва аз муолиҷаи тиббие, ки ба он ниёз дорад, маҳрум мекунанд. Ӯ бояд фавран озод карда шавад, то битавонад муолиҷаҳои мавриди ниёзро бигирад."

Қаблан Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ба рӯҳонии бемор иҷоза диҳанд, ки дар берун аз зиндон муолиҷа гирад. Дархосте, ки бепосух монд.

"Шаҳодатнома гирифт, маъюби гурӯҳи 2"

Вакили мудофеи Шамил Ҳакимов, узви зиндонии "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон, низ дар муроҷиате ба раиси ҷумҳур, додситони кул, вазири адлия ва ваколатдори ҳуқуқи инсон хоҳони раҳоияш шудааст.

Муроҷиатнома рӯзи 8-уми ноябр аз номи вакил Юлдуз Қурбонова навишта шуда, Радиои Озодӣ нусхаи онро рӯзи 21-уми ноябр дид. Дар он гуфта шудааст, ки вазъи сиҳатии Шамил Ҳакимов дар зиндон ниҳоят вазнин аст ва ӯ биноияшро аз даст дод.

"Вазъи саломатии Шамил Ҳакимов, ки ягона писараш моҳи сентябри соли 2021 даргузашт, вазнин аст. Ӯ биноии чашми ростро тамоман аз даст дод ва бо чашми чап базӯр мебинад. Ду ҷарроҳии пойи чапро гузаронд. Фишори хун ва бемории дил дорад. 31-уми октябри соли 2022 шаҳодатнома гирифта ва расман маъюби гуруҳи дувум аст,” – омадааст дар муроҷиати Юлдуз Қурбонова.

Вакили мудофеъ аз президент ва мақомоти дигари Тоҷикистон хостааст, барои наҷоти ин маҳбуси 71-сола мусоидат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба нома ва дархостҳо ба раҳоии Шамил Ҳакимов вокуниш накардаанд. Вале як дафъа гуфта буданд, ки ӯро аз утоқи зиндон ба шифохона бурданд. Дертар сомонаи “Форум 18” навишт, Шамил Ҳакимов моҳи январи соли 2021 дубора ба утоқи зиндон бурда шуд, аммо ҳамроҳонаш ӯро барои “бӯйи бади пой”, ки “мисли бӯйи гӯшти гандида аст”, дашном доданд.

Парвандаи Шамил Ҳакимов яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Ӯро Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи сентябри соли 2019 ба гуноҳи “барангехтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ” ба 7 солу 6 моҳ зиндон маҳкум кард. Як далели муфаттишон ин буд, ки ӯ тарҷумаи тоҷикии Инҷилро бо худ дошт.

Давлати Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ кард, чун ба гуфтаи мақомот, пайравони он чанде аз қонунҳоро риоят накарда, аз ҷумла ҷавононро аз хидмати сарбозӣ боздоштаанд. Масъулони созмон мегуфтанд, ба ҳеч кори хато ё қонуншикание роҳ надодаанд.