Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форум 18 мегӯяд, мақомот Ҳакимовро аз видоъ бо ягона писараш маҳрум карданд


Шамил Ҳакимовро бо гуноҳи барангехтани "кинаву адовати динӣ" зиндонӣ кардааанд. Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст.
Шамил Ҳакимовро бо гуноҳи барангехтани "кинаву адовати динӣ" зиндонӣ кардааанд. Худаш мегӯяд, ки бегуноҳ аст.

Як созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон иҷоза надодаанд, ки Шамил Ҳакимов, як зиндонии ақидатӣ дар маросими дафни ягона фарзандаш ширкат кунад.

Форум 18, ки аз ҳуқуқи аққалиятҳои мазҳабӣ ва ё эътиқодмандони зиндонӣ ҳимоят мекунад, рӯзи 8-уми октябр гуфт, ки мақомоти зиндони Хуҷанд ба Шамил Ҳакимов иҷоза надодаанд, ки дар маросими видоъ бо ягона фарзандаш, ки моҳи сентябр даргузашт, ширкат кунад. Ба гуфтаи созмон, писари Ҳакимов, ягона касе буд, ки ба дидори ӯ ба зиндон меомад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ва ё вазорати адлия, ки мудирияти зиндонҳо дар уҳдаи он аст, то кунун ин гузоришро шарҳ надодаанд.

Дар гузориши Форум 18 омадааст, ки Шамил Ҳакимов “ранҷи равонии зиёд мекашад.” Дар ин бора созмони Шоҳидони Яҳво, ки Ҳакимов аз пайравони он буд, ба Форум 18 хабар додааст. Ин созмон мегӯяд, ки мақомоти зиндони шаҳри Хуҷанд ба Форум 18 сабаби иҷоза надодан барои ширкат дар маросими видоъро шарҳ надодаанд.

Қазияи Шамил Ҳакимов яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст ва моҳи сентябр Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дигарбора аз Тоҷикистон хост, иҷоза бидиҳад, ки ин руҳонии бемор дар берун аз зиндон муолиҷа бигирад, чун дар дохили зиндон имкони табобати ӯ вуҷуд надорад.

Додгоҳи Хуҷанд Шамил Ҳакимовро, ки пайрави ҷараёни дини насронист, рӯзи 10-уми сентябри соли 2019 бо гуноҳи “барангехтани кинаву адовати динӣ” ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кард. Мақомот Шамил Ҳакимовро яке аз 3 раҳбари "Шоҳидони Яҳво" дар Тоҷикистон медонанд, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта ақидаи ин ҷараёни диниро пазируфтааст. Ӯ ду сол пеш аз Душанбе ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд омада, ақидаҳои ин ҷараёнро дар байни мардум паҳн мекард.

Дар муҳокимаҳои додгоҳӣ ташхисгарони адабиёт ва наворҳои "Шоҳидони Яҳво", ки аз ҷумла имомхатибон гуфтаанд китоби Шоҳидони Яҳво бо ҷомеаи мусалмонони ҳанафӣ мутобиқат намекунад" ва "тавзеи он боис ба тафриқа ва сабаби нофаҳмиҳо мешавад." Як далели муфаттишон ин будааст, ки ӯ тарҷумаи тоҷикии Инҷилро доштааст. Шамил Ҳакимов дар додгоҳ гуфтааст, ки “ман ҳеч гуноҳе надорам.”

“Шоҳидони Яҳво” созмони масеҳиест, ки пайравонаш китоби Инҷилро бар асоси тарҷумаи худашон таълим медиҳанд ва эътиқоди онҳо аз ҷараёнҳои дигари насронӣ фарқ дорад. Фонӣ будани ҷаҳон яке аз асосҳои мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” мебошад.

Давлати Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти ин созмонро манъ кард, чун ба гуфтаи мақомот пайравони он чанде аз қонунҳоро риоят накардаанд ва аз ҷумла ҷавононро аз хидмати сарбозӣ боздоштаанд. Масъулони созмон мегуфтанд, ба ҳеч кори хато ё қонуншикание роҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG