Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Созмони Милал аз Тоҷикистон муолиҷаи як зиндонии "ақидатӣ"-ро талаб кард


Шамил Ҳакимов
Шамил Ҳакимов

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи саломатии Шамил Ҳакимов, узви зиндонии "Шоҳидони Яҳво", чораҳои бетаъхир андешад. Мақомот мегӯянд, вазъи саломатии Шамил Ҳакимов дар зиндон хуб аст.

"Шоҳидони Яҳво", як созмони масеҳии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, иддао дорад, ки вазъи саломатии Шамил Ҳакимови 70-сола дар зиндон бад шудааст ва ӯ ба муолиҷа зарурат дорад, вале намояндагони зиндоне дар Хуҷанд ба созмони "Forum 18" гуфтаанд, ҷое барои нигаронӣ нест.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал рӯзи 19-уми март аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, муваққатан шароити ҳабси Шамил Ҳакимовро тағйир дода, фавран дар бемористони вижа ҷойгир кунад. Нурӣ Туркел, нозири Кумисюни Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ (USCIRF), дар Твиттер навишт, "бисёр муҳим аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин дархости фаврӣ посух диҳад."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хабарҳо дар бораи бемории Шамил Ҳакимов дар зиндон нодуруст аст.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, саломатии Шамил Ҳакимов дар зиндон хуб аст.

Умаров афзуд, "вай касали зуком шуд, 70-сол аст, аз беморхона баромад ягон мушкилот надорад. Айни замон саломатиаш хуб аст ва ташвишовар ҳам нест."

Вакилони мудофеи Шамил Ҳакимов барои расидагӣ ба қазияи ин узви "Шоҳидони Яҳво", ки иддао доранд, танҳо барои ақидааш зиндонӣ шудааст, рӯзи 15-уми март ба Кумитаи ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд. Дар ин ниҳоди байнулмилалӣ гуфтаанд, дархости онҳо дастрас шуда, дар ҳоли баррасӣ аст.

Ҷаррод Лопес, сухангӯйи созмони "Шоҳидони Яҳво", рӯзи 23-юми март дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, Шамил Ҳакимов "солхӯрдаву бемор аст ва набояд дар зиндон бошад", аммо афзуд, "дар ҳоли ҳозир чизи аз ҳама муҳим расондани ёрии тиббии зарурӣ ба ӯст. Вай борҳо барои дарёфти кумак ба маъмурияти зиндон муроҷиат карда, аммо посухи рад гирифтааст."

Лопес мегӯяд, умед доранд, Тоҷикистон даъвати Кумитаи ҳуқуқи башарро дар мавриди Шамил Ҳакимов мепазирад. "Инчунин, бесаброна мунтазири хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар ҳастем, ки дар ниҳоят Шамил Ҳакимов аз зиндон озод шуда, ба назди хонаводааш баргардад."

Шамил Ҳакимовро додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи сентябри соли 2019 бо гуноҳи “барангехтани кинаву адовати диниву мазҳабӣ” ба 7 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Як далели муфаттишон ин будааст, ки ӯ тарҷумаи тоҷикии Инҷилро бо худ доштааст.

Хешовандонаш ба “Форум 18” гуфтаанд, Шамил Ҳакимов, ки бемор буд, қабл аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ кард ва аз фишори баланди хун ранҷ мекашад. Баъди ба зиндон андохтанаш, ба гуфтаи хешовандон, вазъи сиҳатиаш бисёр бад шудааст ва мояи нигаронии ҷиддист.

Ӯро моҳи январи соли 2021 аз шифохонаи зиндон ба утоқи оддӣ бозпас фиристодаанд ва ба навиштаи “Форум 18”, зиндониёни ҳамутоқаш ӯро барои “бӯйи бади пой”, ки “мисли бӯйи гӯшти гандида аст”, дашном додаанд.

Ба навиштаи “Форум 18”, мақомоти зиндони Хуҷанд ба ин созмон гуфтаанд, “Шамил Ҳакимов зукоми одӣ дошт, ки сиҳат шуд ва бақияи гапҳо дар бораи бемори ҷиддӣ будани ӯ дурӯғ аст”.

“Шоҳидони Яҳво” созмони масеҳиест, ки пайравонаш китоби Инҷилро бар асоси тарҷумаи худашон таълим медиҳанд. Эътиқоди онҳо аз ҷараёнҳои дигари насронӣ фарқ дорад. Фонӣ будани ҷаҳон яке аз асосҳои мазҳаби “Шоҳидони Яҳво” мебошад.

Давлати Тоҷикистон соли 2007 фаъолияти ин созмонро бо ҷурми риоят накардани чанде аз қонунҳои кишвар, аз ҷумла аз хидмати сарбозӣ боздоштани ҷавонон, манъ кард, вале масъулони созмон мегуфтанд, ба ҳеч кори хато ё қонуншикание роҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG